Боргирии ‘Доиратулмаъорифи форсӣ’-и Мусоҳиб

MINOLTA DIGITAL CAMERAМусоҳиб, Ғуломҳусейн ва … (1381); Доиратулмаъорифи форсӣ; Китобҳои ҷайбӣ.

Пӯишгар (исканкунанда): Бошгоҳи адабиёт

“Доиратулмаъорифи форсӣ” варном (=унвон)-и донишномаест, ки аз сӯи Муассисаи Фронклин ба сарпарастии Ғуломҳусейни Мусоҳиб ва бо ҳамкории гурӯҳе аз нивисандагон ва виросторон ба забони порсӣ дар Эрон нивишта шудааст.

Пешина

Дар соли 1335-и хуршедӣ Муассисаи Фронклин ба раҳбарии зиндаёд Ҳумоюни Санъатизода бар он шуд, то баргардоне порсӣ аз “Доиратулмаъорифи якдафтарии Куламбиё Войкинг” (чопи Ню-Юрк)-ро чоп кунад. Сарпарастии ин кор ба Ғуломҳусейни Мусоҳиб супурда шуд, аммо Мусоҳиб пас аз баррасии Доиратулмаъорифи омрикоӣ баргардони ҳамаи онро посухгӯи ниёзҳои эрониён ва порсизабонон надонист ва тарҳе нав дарандохт, ки бар пояи он, беш аз 10 ҳазор ҷустор (=мақола)-и тоза дар бораи ҷанбаҳои гуногуни торих ва фарҳанги Эрон ва ислом нивишта шуд ва дар шиносномаи дафтари нахуст онро кори муштараки Теҳрон ва Ню-Юрк донист.

Чопи донишнома

Дафтари нахусти “Доиратулмаъорифи форсӣ” (аз вот (=ҳарф)-и алиф то поёни син) дар соли 1345-и хуршедӣ мунташир шуд. Дар соли 1350, ҳангоме ки бахши бузурге аз ҷусторҳои дафтари дувум то воти айн вотнигорӣ (ҳуруфчинӣ) шуда ва омодаи чоп буд, Мусоҳиб аз кори сарпарастии Доиратулмаъориф канорагирӣ кард. Аз он замон сарпарастии Доиратулмаъориф ба Ризо Ақсо дода шуд ва бахши нахуст аз дафтари дувум (аз ҳарфи шин то поёни ҳарфи лом) дар соли 1356-и хуршедӣ мунташир шуд. Бахши дувуми дафтари дувум (аз мим то поёни ё) бо вироиши дубора ва порае дигаргуниҳо дар соли 1374-и хуршедӣ интишор ёфт.

Сохтор

Дар “Доиратулмаъорифи форсӣ” аз оғози кор дастурҳои рӯшане барои гузиниши дарояҳо ва андозаи онҳо, нивиштани ҷусторҳо, баробарниҳодҳо, шеваи нивиштан ва овонигории номҳои вижа ва тармҳо (истилоҳот), кӯтаҳнивиштҳо (алоими ихтисорӣ), сарчашмаҳо ва шеваи порсинигорӣ анҷом шуд, ки дар саросари Доиратулмаъориф дида мешавад. Ин гуна равишмандӣ дар донишномаҳои форсӣ бепешина буд, ки пас аз он улгӯи донишноманивисӣ дар забони порсӣ шуд.

Донишнома дарбардорандаи пешгуфторест, ки шева ва равиши кор ва чигунагии баҳра бурдан аз донишнома дар он гуфта шудааст. Ин донишнома 43 ҳазор дароя дорад, ки 11 ҳазор дарояи он дар бораи Эрон ва ислом аст, ки нивиштаи нивисандагони донишнома аст.

Падидоварандагон

Сарпарастҳои пруже дар оғоз Ғуломҳусейни Мусоҳиб ва сипас Ризо Ақсо буданд.

Дуктур Мусоҳиб ба ҳамроҳи касоне чун Аҳмади Ором, Мустафои Муқаррибӣ, Маҳмуди Мусоҳиб, Фаридуни Бадраӣ ва Иброҳими Мукалло падидоварандагони аслии донишномаанд.

Номҳои нивисандагон ва баргардонкунандагони “Доиратулмаъорифи форсӣ” дар дебоча чунин омадааст:

Ҳайъати таҳририя: Аҳмади Ором, Фаридуни Бадраӣ, Аҳмади Батҳоӣ, Маҳмуди Мусоҳиб, Мустафо Муқаррибӣ ва Иброҳими Мукалло.

Нивисандагон: Меҳдии Озар, Сафии Асфиё, Эраҷи Афшор, Аҳмади Афшори Шерозӣ, Ризо Ақсо, Маҷиди Амириброҳимӣ, Манучеҳри Анвар, Эраҷи Айман, Бадрулмулуки Бомдод, Алиқулии Баёнӣ, Меҳдии Баёнӣ, Меҳдии Ҳоирӣ, Овонси Ҳақназариён, Хусрави Хусравӣ, Аббоси Давочӣ, Ҳушанги Давлатободӣ, Муҳаммадтақии Раёҳӣ, Аббоси Зарёби Хӯйӣ, Абдулҳусейни Зарринкӯб, Инду Шикҳар, Фохира Сабо, Ғуломҳусейни Садиқӣ, Аҳмадҳусейни Адл, Мустафо Фотеҳ, Муҳаммади Ковусиён, Ҳусейни Гулгулоб, Меҳдии Муҳаққиқ, Тақии Муртазавӣ, Шамсулмулуки Мусоҳиб, Муҳаммадтақии Мустафавӣ, Муҳаммади Муъин ва Эҳсони Ёршотир.

Баргардонкунандагон: Суҳейли Озарӣ, Аббоси Икромӣ, Муҳаммади Парвини Гунободӣ, Сулаймон Ҳайим, Абдулҳусейни Донишпур, Парвизи Раҳбар, Муҳаммадҳодии Шафиъиҳо, Ҳасани Шайдо, Меҳдии Фурӯғ, Муҳаммадҷаъфари Маҳҷуб ва Муҳаммади Муқаддам.

Нивисандагоне, ки пасинтар ба ин гурӯҳ афзуда шуданд: Сиёвуши Огоҳ, Абдулҳусейни Раҳимии Лориҷонӣ, Муҳаммадризо Шафиъии Кадканӣ, Гилёрди Ирфон ва Шоҳини Фарҳат.

Сарчашма: Википедиёи порсӣ.

Додаҳои бештар:

Ғуломҳусейни Мусоҳиб (Википедиёи порсӣ)

Пешгуфтори Мусоҳиб бар “Доиратулмаъорифи форсӣ”

Шӯрбахтона, на танҳо ин пешгуфтор, балки дарояҳои бисёре дар чопҳои пас аз инқилоби “Доиратулмаъорифи форсӣ” бардошта ё дасткорӣ шудааст.

“Доиратулмаъорифи форсӣ”-ро аз роҳи пайвандҳои зер боргирӣ фармоед:

Дафтари якум, пешгуфтор ва…
Дафтари дувум, дарояи алиф
Дафтари севум, дарояи бе
Дафтари чаҳорум, дарояи пе
Дафтари панҷум, дарояи те
Дафтари шашум, дарояи се, ҷим ва чим
Дафтари ҳафтум, дарояи ҳе ва хе
Дафтари ҳаштум, дарояи дол ва зол
Дафтари нуҳум, дарояи ре, зе ва же
Дафтари даҳум, дарояи син
Дафтари ёздаҳум, дарояи шин
Дафтари дувоздаҳум, дарояи сод, зод, те ва зе
Дафтари сездаҳум, дарояи айн ва ғайн
Дафтари чаҳордаҳум, дарояи фе
Дафтари понздаҳум, дарояи қоф
Дафтари шонздаҳум, дарояи коф
Дафтари ҳафдаҳум, дарояи гоф
Дафтари ҳиждаҳум, дарояи лом
Дафтари нуздаҳум, дарояи мим
Дафтари бистум, дарояи нун
Дафтари бисту якум, дарояи вов
Дафтари бисту дувум, дарояи ҳе-и ҳавваз ва ё
Дафтари бисту севум, фарҳанги вожаҳо ва тармҳо


Дигар наскҳои Порсӣ Анҷуман

 Порсии Сара

… (1390); Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (ду мегобойт)

Партав, Абулқосим (1377); Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).

Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо” (5 мегобойт).

Фарҳанг

Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).

Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347); Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон: Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (16 мегобойт).

Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт)

Ҳусайни Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пижӯҳиш ва веростории Муҳаммади Муҳаммадлуи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ. Боргирии пӯшинаи нахуст аз “инҷо” (дар 821 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) ва пӯшинаи дувум аз “инҷо” (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт).

Торихи забон ва дабираи порсӣ

Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум; Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ

… (1391) Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Фарҳангистони забони порсӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (4 мегобойт).

Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт)

Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи Порсӣ Анҷуман бингаред.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*