Хатти мо: дабираи порсӣ ё алифбои арабӣ

Дуктур Ойдини Пурмуслимӣ

Бисёре хатту алифбои забони порсиро арабӣ медонанд ва муътақиданд пас аз суқути шоҳаншоҳии Сосонӣ ва чирагии аъроб бар Эрон ин хат аз аъроб ва расмулхатти “Қуръон” аз сӯйи эрониён ба орият гирифта ва ҷойгузини алифбову хатти паҳлавӣ шудааст. Ин бовар то он ҳад расмӣ ва ривоҷёфта аст, ки на танҳо бисёре аз мо эрониён низ онро пазируфта ва алифбову хатти мактуби худро арабӣ медонем, балки ин назария дар бисёре торнамоҳои марҷаъ ва ҳатто донишномаи маҷозии Википедиё ба ҳамин сурат сабт шуда ва кофист шаклгирии хатти арабиву форсиро дар ин донишнома ва ё донишномаҳое мушобеҳ мавриди мутолеъа қарор диҳем, то бозтакрори ин иддаъоро, ки хатти форсӣ решае арабӣ дорад, бавузӯҳ бибинем.

Бисёре барои дифоъ аз ҳувияти эронии ин хат ба чанд тафовут, чун чаҳор ҳарфиپ، ژ، گ، چ ва ё саркаши ҳарфи ک дар форсӣ, ки дар арабӣ несту шакли нигориши ه ва ی-и порсӣ ишора кардаанд ва мегӯянд: “Эрониён бо завқу салиқаи худ ва бо нимнигоҳе ба хатти паҳлавии авестоӣ нақши муҳиммеро дар такомули хатти навиштории “Қуръон” ва дарвоқеъ хатти арабӣ, бозӣ карданд.”

Онон мепазиранд, ки ин хат арабӣ аст, вале эрониён бо таваҷҷуҳ ба забони худ онро бумӣ сохтаанд. Гурӯҳе низ ба ин раванди торихӣ ишора мекунанд, ки усулан “Қуръон” тавассути ҳофизони муҳоҷир ва ансор, ки маъруфтарини онон Алӣ бинни Абитолиб, Талҳа, Зубайр, Абумӯсои Ашъарӣ, Амру бинни Ос ва Зайд бинни Собит, Саъд бинни Убайд ва Анас бинни Молик ва ҳамин тур Оиша ва Умми Салама, аз занони паёмбари ислом, будаанд, азбар мешудааст ва ҳудуди бист сол пас аз даргузашти паёмбари ислом тавассути Усмон, халифаи севум ва шӯрои чаҳорнафараи Зайд бинни Собит ва Абдуллоҳ бинни Зубайр ва Саъид бинни Ос ва Абдурраҳмон бинни Ҳорис ба шакли мактуб дармеояд, ки ин торих ба замоне пас аз фатҳи Эрон тавассути Умар бозмегардад ва метавонад шоҳиде бар набуди расмулхат дар миёни аъроб бошад, ки албатта, ин назарияи дувум мухолифоне дорад, ки нигориши “Қуръон”-ро дар се марҳила медонанд, ки аз замони паёмбари ислом оғоз ва дар замони Абубакру Усмон комил мешавад ва муътақиданд, ки “Қуръон”-и мактуб аз солҳои нахустини садри Ислом вуҷуд доштааст.

Аз лиҳози ёфтаҳои бостоншиносӣ тақрибан шакке дар ин вуҷуд надорад, ки аъроби минтақаи Ҳиҷоз навиштан намедонистаанд, зеро ҳеч намунаи хаттӣ, ҳатто як маврид аз ин минтақа ёфт нашудааст ва ҳеч нишонае то имрӯз аз вуҷуди хатту савод аз аъроби Ҳиҷоз ба даст наёмадааст.

Дар ин навиштор ман бар он нестам, ки пойгоҳи истидлол ва баҳсро ин ду назария қарор диҳам ва бештар бар онам, ки бо фарзи пазириши назари онон, ки муътақиданд ин расмулхат дар Арабистон аз пеш вуҷуд доштааст, пурсиши бисёр муҳимме матраҳ созам ва он ин аст, ки решаи ин хатти арабӣ, ки мафрӯзи пеш аз ислом аст, дар худи Арабистон чист? Ва агар муътақидед аъроб ин хатро пеш аз ислом доштаанд, ба ин посух диҳед, ки аъроб ин расмулхатро аз куҷо овардаанд?

Аз лиҳози ёфтаҳои бостоншиносӣ тақрибан шакке дар ин вуҷуд надорад, ки аъроби минтақаи Ҳиҷоз навиштан намедонистанд, зеро ҳеч намунаи хаттӣ, ҳатто як маврид аз ин минтақа ёфт нашудааст ва ҳеч нишонае то имрӯз аз вуҷуди хатту савод аз аъроби Ҳиҷоз ба даст наёмадааст. Вале аз аъроби шимоли Арабистон, ки дар муҷовирати тамаддунҳои Миёнрӯдон будаанд, ду навишта бо қидмати 2000-сола ёфт шудааст. Ин ду санад дар шимоли шибҳиҷазираи Арабистон ва дар наздики тамаддуни Миёнрӯдон танҳо санади вуҷуди хат пеш аз ислом назди аъроби шимоли шибҳиҷазира аст. Агарчи назире барои ин ду намуна хат аз марказ ва ҷануби шибҳиҷазира ба даст наёмадааст. Тарафдорони решаи арабии расмулхатте, ки мо имрӯз ба кор мебарем, олитарин истидлоли худро бар такомули ин хат аз алифбо ва хатти набатӣ дар тамаддуни ҳамсояи Миёнрӯдон медонанд, ки ин хатти набатӣ худ ба иддаъои онон решаи оромии бостонӣ дорад.

Вожаи “набатӣ” ишора ба қавми “набат” дорад, ки аз ҳудуди 150 сол пеш аз милод дар Набатия мезистаанд ва арабнажод будаанд ва оромиҳо низ қавме аз аъроби шимоли Арабистон будаанд, ки ба Ховари Миёна муҳоҷират кардаанд ва дар Миёнрӯдон сокин шудаанд. Онон дар ҳазораи нахусти пеш аз милод барои худ ҳукумате барпо карданд, вале хеле зуд хароҷгузори Ошур шуданд. Забони онон оромӣ буд ва назарияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки хатти онон, яъне хатти оромӣ, ки онро модари хатти арабӣ ва хатте, ки мо имрӯза ба он хат менигорем, медонанд, худ аз алифбои финиқӣ гирифта шудааст.

Албатта ин достон муддаъиёни дигаре ҳам дорад, ки мекӯшанд ба ин хат решаи яҳудӣ диҳанд. Онон мегӯянд, ки оромиҳо фарзандони Ором, фарзанди Сом буданд ва калдониён аз онон ин хатро омӯхтанд ва сипас хатти ибриро аз он муштақ сохтанд ва дар ниҳоят, иддаъо ин аст, ки ин хат низ мероси қавми яҳуд аст.

Дар ин ҷустор, ҳамон гуна ки пештар таъкид кардаам, ин пешфарзро пазируфтаам, ки ин хат пеш аз ислом вуҷуд доштааст ва як пурсиш матраҳ сохтаам, ки маншаи ин хат пеш аз ислом худ аз куҷо омадааст? Посухи он мутобиқи он чи ёд шуд ва бар асоси назарияе, ки ҳатто дар донишномаҳо мунъакис шудааст, тамаддуни Миёнрӯдон, қавми набат, ва дар ниҳоят, тамаддуни оромӣ аст, ки ононро арабтабор медонанд ва ҳамчунин гурӯҳе низ решаи нахустинро финиқиҳову яҳудиён медонанд. Мебинем, ки ҳатто дар ин истидлол низ маншаи ин хат ба шимоли Арабистон ва хориҷ аз Ҳиҷоз ва ба тамаддуни Миёнрӯдон ирҷоъ дода мешавад ва мустақиман иртиботе ба аъроби шибҳиҷазира надорад. Умдатарин ва маҳбубтарин назар ин аст, ки оромиён, ки худ хароҷгузори Ошӯр будаанд, эҳтимолан ин хатро аз финиқиҳо омӯхтаанд ва тағйир додаанд.

Усулан, бо қатъият оромӣ номидани ин хат каме аҷиб ва эҷодкунандаи шубҳаи таҳрифи маънодори торих барои ҳувиятсозии гурӯҳӣ ва ҳувиятзудоӣ аз ворисони эҳтимолии аслӣ аст ва шигифт ин аст, ки бидуни андеша ин бовар дар манобеъи мо густариш ёфтааст ва бидуни тарҳи пурсиш аз он ба сарфи тарҳи он аз сӯйи чанд пажӯҳишгар дар окодемиҳои Ғарб қатъӣ таллақӣ шудааст.

Шакке нест, мо эрониён аз дигар милал бисёр омӯхтаем ва ин рӯҳияи ёдгирӣ дар тамоми торихи мо тадовум доштааст. Понсад сол пеш аз милоди Масеҳ Ҳерудут сарбозони Порсро артише тарсим мекунад, ки агарчи либоси шинохташудае доранд, вале ҳар қитъаи онро аз як миллат илҳом гирифтаанд, ки худ нишон аз надоштани таъассуби беҷо, пазироӣ ва ёдгирандагӣ ва дар айни ҳол қудрати таркиб ва навзоӣ ва бурунгароии як тамаддун аст ва қарнҳо баъд Шордан дар сафарномаи худ менависад, ки эрониён агарчи дар ихтироъ дар рӯзгори кунунӣ пешгом нестанд (ки далоили торихии бисёр дорад), вале хеле зуд ҳама чизро ёд мегиранд ва ба кор мебаранд. Бадеҳист, ки мақолаи ҳозир аз ҷойгоҳи қатъият ва донистагит ҳатмии илмӣ нигошта нашудааст ва муҳимтарин ҳадафи он гузоштани пурсише муҳим пеши рӯйи мароҷеъ, китобҳои дарсӣ ва донишномаҳое аст, ки бо қатъият ин хатро арабӣ медонанд. Мабнои ин ҷустор на қатъият аст ва на ангорасозии дусӯяи “ҳунар назди эрониён асту бас” ва на арабситезӣ аст, балки ҳадафи аслӣ тарҳи истидлолест, ки шояд арзиши баррасӣ ва таҳқиқи бештарро дошта бошад.

Имрӯза медонем, ки иддаъо мешавад нахустин хатти шинохташудаи эрониён гунае ислоҳшуда аз хатти мехӣ будааст, ки ба дастури Дориюши Бузург эҷод шуд. Нахустин нусхаи ин хат дар замони Дориюш ва охирини он дар замони Ардашери Севум ёфт шудааст, ки нишон медиҳад ин хатти мехии ислоҳшуда бо 36 ҳарф дар навъи худ содатарин хатти мехӣ дар муқоиса бо дигар вироишҳои хатти мехӣ дар тамаддунҳои ҳамсоя буд, агарчи замоне тӯлонӣ давом наёвард. Ҳамчунин, инро низ медонем, ки Ҳахоманишиён мактуботи худро дар ирсол ба ҳар миллат бо забон ва хатти он қавм менигоштанд, ки ин ҳатто дар “Таврот” низ ёд шудааст, ки дар бахши “Эстер”, ҷое ки аз Хашоёршо сухан ба миён меояд, таъкид мешавад, ки вай мактуботи худро ба ҳар кишвар бо хатти он кишвар менигоштааст.

Дар ин миён, алвоҳи ёфтшуда ба забони оромӣ, ки мактубшуда ба хатте ҳастанд, ки имрӯза онро хатти оромӣ ва модари алифбои арабӣ мехонанд, ба далели густардагии васеъи ҷуғрофиёии ақвоме, ки ба ин забон дар шоҳаншоҳии Эрон такаллум мекарданд, ҷойгоҳе басазо доштааст. Вале ду пурсиш ин ҷо матраҳ аст, нахуст он ки бар пояи кадомин санад ин хат “оромӣ” хонда мешавад? Сирфан ба ин далел, ки навиштаҳое ба забони оромӣ ба ин хат мактуб шудааст? Пас чи кунем бо дигар катибаҳое, ки ба ин хат, вале ба забонҳои хӯзӣ, аншонӣ, порсӣ, ҳиндӣ ва қибтӣ ва ҳатто юнонӣ ба даст омадааст? Ва пурсиши дувум ин ки оё дар торихе пеш аз ин ва дар асри зуҳури Зартушт ва пас аз он оё хатте дар миёни ақвоми эронӣ вуҷуд доштааст?

Барои посух ба ин пурсиш нигоҳе ба банди 20-и катибаи Бесутун дошта бошем, ки санаде бисёр боарзиш аз лиҳози торихӣ аст. Дориюши Бузург дар катибаи Бағистон ё ҳамон Бесутун фармон додааст, то нигошта шавад: “Дориюш шоҳ гӯяд: ба хости Аҳуромаздо ин хатти ман аст, ки ман кардам. Ба ҷуз ин, ба забону хатти ориёӣ ҳам рӯи лавҳ ва ҳам рӯи чарм навишта шуда. Ҷуз он пайкари худро ҳам бисохтам ва ҷуз он таборномаи худро навиштам. Дар пеши ман ин навишта хонда шуд. Пас аз он, ман ин навиштаҳоро ҳама ҷо дар миёни кишварҳо фиристодам.

King Darius says: By the grace of Ahuramazda this is the inscription which I have made. Besides, it was in Aryan script, and it was composed on clay tablets and on parchment. Besides, a sculptured figure of myself I made. Besides, I made my lineage. And it was inscribed and was read off before me. Afterwards this inscription I sent off everywhere among the provinces. The people unitedly worked upon it

 

Илова бар ин мактуби торихӣ ва арзишманд, ки бад-он ишора шуд, санади дувуми дигаре низ дар даст аст, ки роҳро бар иддаъои ҷаълӣ будан ва ё муъосир будани ин санад (ин рӯзҳо баъзе аз ин ҳила барои таҳоҷум ба торихи Эрон ва ҳувиятзудоӣ аз эрониён баҳра мегиранд) ва ҳар гуна инкор ва мағлатаи дигаре мебанданд. Ин санади дувум рӯнавиште аз катибаи Бесутун аст, ки дар Ҷазираталфили Миср ёфт шудааст, ки асолати торихии сангнавиштаи нахустро амалан мавриди таъйид қарор медиҳад.

Ин катиба ва рӯнавишти он аз ин рӯ метавонад арзишманд бошад, ки дар он шоҳ Дориюш басароҳат хаттеро, ки ба таври роиҷ ва шояд омидона “оромӣ” номида шудааст, ориёӣ мехонад ва худ бар ин таъкид меварзад, ки ба дастури ӯ алвоҳ ба ин хат дар мамолики муттаҳиди шоҳаншоҳии Порс густариш ёфт ва ин метавонад оғози ба чолиш кашидани ин назарияи аз лиҳози илмӣ номустадил, вале ривоҷёфта бошад, ки Ҳахоманишиён ин хатро аз оромиён ба орият гирифта ва хатти расмии худ сохтаанд.

Аъроб то онҷо ки торих гувоҳ аст, хат надоштанд ва хатте, ки аз Ҳимяру Анбор ба Арабистон рафта ва дар замони пайдоии ислом нашр ёфтааст, арабӣ нест, балки забони арабӣ ба ин хат навишта мешудааст ва чун осори мактуб дар қуруни нахустини исломӣ ва пас аз он ба забони арабӣ навишта мешуд, хатте, ки бо он забони арабӣ сабт мешуд, ба номи “хатти арабӣ” машҳур шуд ва ба ҳамин роҳатӣ ҳувият ва решаи хат дигаргун шуд ва сипас, дар солҳои ахир талош шуд барои як назарияи ғалати торихӣ бунёни илмӣ на кашф, балки ихтироъ шавад. Вале ин ки ҳатто худи мо эрониён ин хатро бидуни пурсиш ва таҳқиқ арабӣ биномем, бисёр дарднок аст.

Агар бихоҳем дар мавриди ин хат бештар гуфтугӯ кунем, бояд ишора кунем, ки моҷаро ба имкони вуҷуди хатте бармегардад, ки ҳатто пеш аз шоҳаншоҳии Порс ва зоиши Куруши Бузург дар миёни ориёиён, ва ба сурати мушаххас, қавми мод, ки яке аз ду қавми модари эрониён аст, ривоҷ доштааст. Ин хат метавонад пас аз тасаллути модҳо бар қавми вайронгари “ошур”, ки тамаддуни ғолиби Миёнрӯдон будааст, тавассути онон дар ин минтақа ривоҷ ёфта бошад.

Даёуку, ки ӯро нахустин подшоҳи Эрон медонанд, дар ҳудуди 750 сол пеш аз милод ба унвони хирадмандтарин марди қавми мод аз сӯйи шӯрое аз қабоили мод ба подшоҳӣ расид. Ӯ давлате қудратмандро поягузорӣ кард, ки ба бузургтарин подшоҳии он замон бадал шуд. Фарзанди ӯ Фарвартиш дар 670-и пеш аз милод тавонист имперотурии Ошурро шикаст диҳад ва ҳам ӯ буд, ки пас аз иттиҳод бо сакоҳо ва порсҳо, ки дигар ақвоми ориёии Иттиҳодияи Эрон буданд, подшоҳии Порсро ба Камбуҷия, падари Куруш, супурд.

Бархе мумкин аст ин нақдро дошта бошанд, ки пеш аз он ки модҳо муваффақ ба шикасти Ошӯр шаванд, барои муддате худ хароҷгузори Ошур буданд ва чи басо ки дар ин муддат ин хатро худ аз ошуриён омӯхта бошанд. Нуктаи бисёр хубест, вале посухи он ин аст, ки дар он замон хатти ошуриён мехии ошурӣ будааст ва дақиқан нукта ин ҷост, ки катибаҳои мавсум ба хатти оромии марбут ба ин аср дар Ошур вуҷуд надорад ва дарвоқеъ замоне ки Ошур ва Соргуни Дувум бар Мод дар 713-и пеш аз милод чира шуд, хатти ошуриён мехӣ буд ва ҳеч катибае аз ин хатти оромӣ аз Ошур дар ин торих суроғ надорем ва ҷолиб инҷост, ки пайдоиши ин намунаҳои хат ҳамагӣ ба даврони пас аз ғалабаи модҳо бозмегардад, ки фарзи иртибот миёни ин чирагӣ ва нуфузи фарҳанги эронӣ дар ин минтақаро дар солҳои баъд, бавижа пас аз фатҳи Бобил аз сӯйи Куруши Бузург тақвият мекунад.

Гурӯҳе мумкин аст ба шабоҳати зиёди теъдоде аз ҳуруфи алифбо дар финиқиву оромӣ барои исботи маншаъ гирифтани хатти оромӣ аз алифбои финиқӣ ишора кунанд, ки ин шабоҳат комилан ҳақиқат дорад ва шабоҳати ин ду хат танҳо ба далели абҷад будан нест,балки танҳо нигоҳе ба ҳуруфи онҳо шабоҳати онҳоро ошкор месозад.

Ёфтаҳои бостоншиносон корбурди нахустини хатти финиқиро ҳудуди 1050 сол пеш аз милод баровард кардаанд, вале нукта инҷост, ки ҳамон тур ки ишора шуд, яҳудиён низ хатти худро – албатта хатти “полеу-ҳибру” ё ибрии куҳан – модари хатти мавсум ба оромӣ медонанд ва барои ин ки аз финиқиҳо ақаб набошанд, қидмати онро беш аз ҳазор сол пеш аз милод унвон мекунанд. Вале ончи на ба иддаъо, балки ба лиҳози санади торихӣ муҳарраз (қатъӣ) аст, истифодаи яҳудиён аз хатти мушобеҳи оромӣ дар ҳудуди 700-и пеш аз милод аст, ки дар тоифае маҳдуд аз онон ба номи сомириюн ҳанӯз низ истифода мешавад.

Ман дар ин бахш моилам дар баробари иддаъои решаи финиқӣ ва яҳудии ин хат, ки ҳарду дар бадви амр бисёр қонеъкунанда ба назар мерасанд, чанд пурсиши муҳим матраҳ кунам, ки метавонад аз лиҳози торихӣ пурсишҳое қобили мутолеъа бошанд.

Нахуст ба иддаъои яҳудиён мепардозам, ки ин хатро мероси худ ва фарзандони Сом медонанд. Нахуст он ки иддаъои қидмати беш аз се ҳазор сол то имрӯзи ин хат назди яҳудиён исбот нашудааст ва дар робита бо намунаи нахустин хатти ёфтшуда аз онон дар 700-и пеш аз милод низ лозим аст ба нуктае зариф таваҷҷуҳ шавад ва он ин ки ҳамон гуна ки ишора шуд, ин хат ҳанӯз дар миёни сомриюн, ки ақаллияте бисёр куҳан ва пойбанд аз яҳудиён ҳастанд, мутадовил аст.

Вале пурсиш инҷост, ки ин сомирюн кистанд, ки ононро дар истифода аз хатте, ки онро “полеуҳибру” ё ибрии куҳан ва маншаъи нахустини хатти оромӣ мехонанд, мутамойиз сохтааст? Вақте ба ҷустуҷӯи решаҳои торихии сомриюн меравем, ба нуктаи бисёр ҷолибе мерасем ва он ин аст, ки бино бар занни ғолиб, ин тоифа аз яҳудиён ҳамон гурӯҳи маҳдуд аз яҳудиёне ҳастанд, ки Соргуни 2, фармонравои Ошӯр, ононро ба мавтинашон (ватанашон) бозгардонд ва вуҷуди ин хат дар миёни онон дуруст аз лиҳози торихӣ бо асре ҳамзамон аст, ки Ошӯр барои нахустин бор бар Мод ғалаба ёфт ва дар натиҷа бо онон ошно шуд. Ин нуктаест, ки метавонад кунҷковии торихии ҳар муҳаққиқеро дар бораи ин ҳамзамонӣ таҳрик кунад.

Дар робита бо решаи торихии финиқии ин хат ва дар тавзеҳи интиқоли алифбои финиқӣ ба Миёнрӯдон ағлаб дар манобеъ гуфта мешавад дарёнавардони финиқӣ ин хатро пахш кардаанд, чун кори аслии ин мардум тиҷорат будааст. Вале шояд бо таваҷҷуҳ ба тамоми ин достон битавонем аз худ бипурсем, тоҷирони содиркунандаи хат оё мумкин аст дар асл воридкунандаи хат буда бошанд? Ва усулан аз куҷо метавон мутмаин буд, ки финиқиҳо, ки мардумоне аҳли сафар буданд, худ ин хатро аз ҷое дигар ба сарзамини худ наёвардаанд? Дар ин бахш ин баҳсро нодида мегирем, ки бархе пажӯҳишгарон ҳатто бар ин боваранд, ки финиқиҳо худ гурӯҳе аз эрониён буданд, ки аз савоҳили халиҷи Порс ба минтақаи Лубнони имрӯзӣ кӯч кардаанд.

Нуктаи калидӣ инҷост, ки дар ин ҷустор бар хилофи зоҳири бисёр мантиқии истидлоли маншаи финиқӣ ва яҳудӣ, вақте дар ҷустуҷӯи манбаъи нахустини пайдоиши хат бармеоед, пурсиш бепосух мемонад, вале ба шакли маънодоре торихҳо тамоман бо бархӯрдҳои эрониён ва ақвоми сомӣ дар иртибот аст, ки худ метавонад фарзияи севумеро эътибор бахшад, ки то имрӯз ба шакли маънодоре нодида ангошта шудааст.

Ин имкон вуҷуд дорад, ки бо суқути давлати Ошӯр тавассути модҳо, хатти ориёӣ дар ин сарзамин ва Миёнрӯдон ривоҷ ёфта бошад ва мактубот ба забони оромӣ ба ин хат нигошта шуда бошад ва усулан иддаъои ин ки ин хат оромист, чун забони оромӣ ба василаи ин хат мактуб шудааст, ҳамон андоза номарбут аст, ки бигӯем чун эрониён порсӣ сухан мегӯянд, пас хатти онон ҳам порсӣ аст.

Мавзӯъи хат ва забон ду мақулаи муҷаззо ҳастанд ва вуҷуди нигориш ба як забон далели номидани хат ба он забон нест. Ҳамон тур ки мо агарчи забони фаронсавӣ ва испониюлӣ дорем, вале хатте ба номи хатти испониюл ва ё фаронса вуҷуди хориҷӣ надорад. Бино бар ин, вуҷуди лавҳҳое ба забони оромӣ, ки забоне бисёр роиҷ дар он аср будааст, далели муҳкаме барои оромӣ хондани хатти истифодашуда дар он лавҳҳо наметавонад бошад.

Ҷолиб ин ҷост, ки ин хат на фақат дар миёни бахшҳои оромӣ, балки ҳамон тур ки ишора шуд, дар тамомии қаламрави Эрони бостон ёфт шудааст ва ин дигар далелест, ки ин пурсишро пеш меоварад, ки чиро баростӣ ин хатро бо исрор оромӣ мехонанд? Ба ин хат катибаҳое ба забонҳои хӯзӣ, аншонӣ, порсӣ, ҳиндӣ ва қибтӣ ба даст омадааст ва ҳатто ба забони юнонӣ ҳам катиба дар даст аст. Вале мусалламан ин хат ҳиндӣ ё қибтӣ ва ё аншонӣ нест, ҳамон тур ки оромӣ ҳам нест. Ва усулан бо қатъият оромӣ номидани ин хат каме аҷиб ва эҷодкунандаи шубҳаи таҳрифи маънодори торих барои ҳувиятсозии гурӯҳӣ ва ҳувиятзудоӣ аз ворисони эҳтимолии аслӣ аст. Ва шигифт ин аст ки бидуни андеша ин бовар дар манобеъи мо густариш ёфтааст ва бидуни тарҳи пурсиш аз он ба сирфи тарҳи он аз сӯйи чанд пажӯҳишгар дар окодемиҳои Ғарб қатъӣ таллақӣ шудааст.

Шигифт нест, ки возеъони ин назария мекӯшанд ҳатто ин гуна вонамуд кунанд, ки Ҳахоманишиён хатро аз оромиён омӯхтанд ва ба далели мазоёи он, ин хатро ба хатти байналмилалии худ бадал сохтанд, на ин ки ин хат ба худи эрониён таъаллуқ доштааст! Вале хушбахтона, ҳанӯз он ду санади арзишманд дар даст аст, ки метавонад бунёни қатъияти ин назарияи номустадалли торихиро бо чолише ҷиддӣ мувоҷеҳ созад.

Тағйири шакли алифбои эронӣ ба сурати кунунӣ пас аз ислом рӯй дод ва он чунин буд, ки шуъубияи эронӣ барои тасҳил дар фарогирии алифбо кӯшиданд ва ҳуруфи ҳамсонро аз назари сурат ва радифи савтӣ дар канори ҳам қарор доданд, то барои навомӯзон фарогирии он осон бошад ва номашро “алифбои пиромӯз” гузоштанд.

Аъроб то он ҷо ки торих гувоҳ аст, хат надоштаанд ва хатте, ки аз Ҳимяру Анбор ба Арабистон рафта ва дар замони пайдоии ислом нашр ёфтааст, арабӣ нест, балки забони арабӣ ба ин хат навишта мешудааст.

Ва чун осори мактуб дар қуруни нахустини исломӣ ва пас аз он ба забони арабӣ навишта мешуд, хатте, ки бо он забони арабӣ сабт мешуд, ба номи “хатти арабӣ” машҳур шуд ва ба ҳамин роҳатӣ ҳувият ва решаи хат дигаргун шуд ва сипас дар солҳои ахир талош шуд барои як назарияи ғалати торихӣ, бунёни илмӣ на кашф, балки ихтироъ шавад. Вале ин ки ҳатто худи мо эрониён ин хатро бидуни пурсишу таҳқиқ арабӣ биномем, дарднок аст.

Таъассуб ва қавмгароӣ бешак мардуд аст, вале иҷоза надиҳем мутаъассибону қавмгароёни араб ва яҳуд ҳувият ва торихи сарзаминамонро дигаргун кунанд ва бахше аз маркази илмии Ғарб дар таътилии ағлаби курсиҳои эроншиносӣ ва таъассуб бар пружеҳои грикуруман (юнониву румӣ) ба далоили сиёсӣ ба ин иддаъоҳо бо назари мусбат бингаранд ва онҳоро таъйид кунанд ва донишномаҳо бо ин таҳриф навишта шаванд, ҳамон гуна ки андак-андак бо номи халиҷи Порс ба далоили сиёсӣ чунин мешавад. Нагзорем бо қатъият хатту алифбои моро арабӣ бихонанд, зеро дар ҳоле ки дар хушбинонатарин ҳолат, ин назария қатъӣ нест ва бояд ки назарияи дувум низ муроҷеъи расмӣ мустанад шавад.

Кофист торихи пайдоиши алифбои форсӣ ва алифбои арабиро дар фазои маҷозӣ ҷустуҷӯ кунед, то бибинед чи ҳаҷми азиме аз ин таҳриф ва қалби торих аз сӯйи онон ва ҳатто худи мо бозтакрор мешавад, то он ҷо ки худи мо низ ин таҳрифро ба торихи расмии худ бадал сохтаем.

Дар поён чанд тасвир аз хатти набатии мавриди иддаъои назарияпардозони алифбои арабӣ ва ҳамчунин намунаҳое аз хатти авестоиро ба намоиш мегузорам, то худ қазоват кунед кадом ба расмулхатти кунунӣ наздиктар аст ва оё ҳатто ҳамин иддаъои матраҳшуда дар бораи иншиъоби хатти арабӣ аз набатӣ қобили пазириш аст ё хайр! Ҷолиб ин аст, ки ҳатто хатте, ки онро куфӣ меноманд ва пас аз фатҳи Бесутун ёфтаанд, саросар паҳлавӣ ва авестоӣ аст, ки тасвири муқоисаи онро ҳам дар зер қарор медиҳам ва дар ниҳоят қазовати ниҳоӣ ва тасмим дар густариши ин матлаб бо шумост.

نبطی
Хатти набатӣ, ки иддаъо мешавад модари алифбо ва хатти мост!

 

 

پهلوی
Намунаи хатти паҳлавии авестоӣ, ки иддаъо мекунанд хатти порсӣ иртиботе ба он надорад!

 

 

کوفی و اوستایی
Ва ин ҳам муқоисаи алифбои куфӣ ва паҳлавии авестоӣ!

 

پارسی و پهلوی

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*