Дар бораи вожаҳои “зан”, “бону” ва “дӯшиза”

Фаридуни Ҷунайдӣ

 فریدون جنیدی

Вожаи “зан”-и забони порсӣ дар забони паҳлавӣ, ки забони ҳангоми Ашкониён ва Сосониён будааст, ба гунаи “кан” хонда мешуд, ки он худ аз “каинӣ”-и забони авестоӣ, куҳантарин забони ориёиёни ҷаҳон, ҳамчун забони сонскрит, баргирифта шудааст.

Ин вожа низ аз решаи “кан”-и авестоӣ, ки “хона” буда, баромада ва баробар аст бо “дорандаи хона” (соҳибхона). Решаи “кан”-и авестоӣ як баробари дигар низ дорад, ки “дӯст доштан” бошад! Ва чунон ки аз решаи нахустини он бармеояд, вожаи чандҳазорсолаи эронӣ, реша дар ҳангоми дарози оҳанги модарсолорӣ дар Эрон (ва ҷаҳон) дорад ва зеботарин достонро аз кӯшишҳои модарон барои расидан аз он ҳангом, ки мардумон ҳамчун дигар ҷонварон дар рамаҳои бузург мезистанд ва нарм нарм барои гурез аз сармо хонасозиро оғоз карданд, бозмегӯяд.

Ин пайдост, ки нахустин хона бар дасти модарон дар дили кӯҳҳову теппаҳо дар оғоз бо панҷаҳои онон ва пасон ба ёрии санг канда шуд ва ҳамин вожа ва куниш низ худ нишон медиҳад, ки “кан” ё “хона” дар оғоз дар кӯҳу замин канда шудааст ва шояд будани хонаҳои нахустин, бас хурд, барои пинҳон кардани кӯдак ё навзоди бараҳна аз сӯзи сармо сохта мешуда ва рӯзбарӯз ба гунҷоиши он афзудаанд, то дигар фарзандон ва модаронро дар худ ҷой диҳад.

“Кан” бо пасванди ”т” ба гунаи “кант” даромад, ки дар забони паҳлавӣ баробар бо шаҳр аст ва бо дигаргунии “т” ба “д” ба гунаҳои “канд” ва “канду” ба хонаи занбур, бо фурӯ уфтодани миёнванди “н” ба гунаи “кад”, “када”, “ката”, “кадивар”, “деҳкада” ва … даромад.

Дар он ҳангоми бас дурудароз мардону писарон ба дунболи нахчиру хӯрдани меваҳои дарахтон дар кӯҳу дашту ҷангал пароканда буданд ва гурӯҳи модарону духтарон ва писарони хурдсол ҳамвора бо модару модарбузургон бо ҳам ба сар мебурданд ва аз он ҷо ки ин гурӯҳи баҳампайвастаро ёрои кӯчҳои бузург набуд, хонасозӣ ва пешрафти онро нерӯ мебахшид ва якҷонишинӣ ва сохтани деҳкадаҳо оғоз гардид.

Пас бингарем, ки гурӯҳи мардону писаронро гоҳгоҳ орзӯи дидори занону хоҳарон ва духтарон бармехост ва ононро ба сӯи хона ва “кан”-у деҳкада мекашонд ва аз он ҷо ки оромише, ки дар хонаҳо равон буд, барояшон сахт дӯстдоштанӣ менамуд, решаи дувуми “кан”, ки дӯст доштан бошад, падидор гардид ва вожаи паҳлавии “канечак” (кан-е-чак) аз ҳамин реша аст, ки дар форсӣ ба “канизак” дигаргун гардид, баробар бо дӯст доштании кӯчак.

Ин буд достони куҳантарин решаёбӣ дар бораи зан, ки сухан аз як замони дарози чанддаҳҳазор сол мегӯяд ва ин вижагии забонҳои эронӣ аст, ки бо дастёбӣ ба решаҳои куҳан моро дар шинохти вожаҳо ба жарфтарин ва дуртарин замонҳо раҳнамун мешавад.

Аммо бо гузари рӯзгор ва бо густариши кори ҷаҳон дар замонҳои пасин ва бо гузар аз ҳангоми бошукӯҳи модарсолорӣ ба падарсолорӣ (ки ба хости худи модарон дар яке аз сахттарин рӯйдодҳои зиндагии Эрон рух намуд) нармак-нармак ва ба поси бузургдошти поягузорони фарҳанги мардумӣ, ки занону модарон буданд, аз сӯи мардон пожномҳои (лақабҳои) дигар барои занон падидор гардид.

Нахустини ин номҳои “ноӣрӣко” аст дар забони авестоӣ, баробар бо “зани паҳлавон”, решаи ин ном вожаи “нар” дар Авасто, ки паҳлавону зӯровар буда бошад ва гунаи наринаи он дар номи яке аз бузургтарин паҳлавонони Эрон Наримон, ниёи Рустами ҷаҳонпаҳлавон ва аз он ҷо ки дар забонҳои куҳани ориёӣ вожаҳо ду гунаи нарина ва модина ва як гунаи миёна будаанд, вожаи “нар”-и нарина ба гунаи “наӣрӣ” ва модина “ноӣрӣко” хонда мешуд.

Ин вожа дар забони паҳлавӣ ба гунаи “ноӣрӣк” даромад, ки пожноми бонувон буд ва ҳанӯз дар забони арманӣ низ “нойрик” хонда мешавад. Дар забони форсӣ ин вожа аз миён рафт, магар он ки ҳамагон борҳову борҳо дар бораи занони барҷаставу баландманиш пожноми “шерзан”-ро шунидаем, ки ёдовари номи ноӣрикои авестоӣ аст.

Пожноми дигари зан дар забони форсӣ “бону” аст, ки дар забони паҳлавӣ “бонук” хонда мешуд ва дар забони куҳани авестоӣ худро ба гунаи форсӣ менамоёнад “бону”. Решаи ин вожаи “бон”-и авестоӣ аст, баробар бо фурӯғу рӯшноӣ ва аз он ҷо ки “н” дар вожаҳо ба “м” дигаргун мешавад, “бон”-и авестоӣ низ ба “бом” гардид, ки дар вожаи омехтаи “бомдод” (=ҳангоми рӯшноӣ) ё диҳандаи рӯшноӣ ва фурӯғи сапедадам хешро нигоҳ доштааст ва бар ин бунёд “кадбону” рӯшноии хона аст ва агарчи имрӯз камтар корбурд дорад, дар навиштаҳои то садаи ҳаштуму нуҳум ҳама ҷо ба ҳамин гуна омадааст ва чун “кад” низ ба “кай” баргаштааст, дар чанд гӯиши имрӯзи Эрон гунаи “кайвону” бар забон меравад.

Ва боз агарчи имрӯз аз “бон” ва “бону” фурӯғ ва рӯшанӣ дарнамеёбем, аммо ҳама медонем, ки дар фарҳанги эронӣ занро чароғи хона меноманд, ки ҳамон бароянди “бону” ва “бонук”-ро бо худ ба ҳамроҳ дорад.

Вожаи дигаре, ки эрониён барои духтарон бар забон меоваранд, “дӯшиза” аст, ки дар забони паҳлавӣ “душечак” хонда мешудааст, ки худ аз решаи “зӯш”- и авестоӣ ба маънии дӯст доштан баромада ва бар рӯи ҳам “дӯстдоштании кучулу” аст, ҳамон ки дар вожаи канизак ҳам нуҳуфтааст.

Аз ин вожа “дӯшорам”-и паҳлавӣ баробар бо маъшуқ баромада ва зебост, ки ин вожа ва пожном барои духтарону занон корбурд доштааст, на барои мардон!

Вожаҳо сухан мегӯянд ва пойгоҳи баланди занони эрониро нишон медиҳанд. Акнун ҷой дорад, ки ба номи зан дар чанд забони урупоӣ бингарем.

Пайдост, ки мард дар забони инглисӣ “man” хонда мешавад ва зан дар он забон “woman” аст ва ин вожа ошкор мегӯяд, ки зан дар он фарҳанг вобаста ба мард аст ва ҷинси дувум ба шумор меравад.

Дар забони фаронсавӣ низ мард “homme” (ҳ дар ин вожа ба забон намеояд: “ум”) ва зан “femme” хонда мешавад, ки пайвастагии ошкори зан дар пешванди “fe” (ҳамонанди “wo”-и инглисӣ) дида мешавад.

Ҳамсар дар забони англисӣ “wife” хонда мешавад, ки аз решаи “вип” ва “вад”-и авестоӣ аст, ки баробар аст бо пайванд ва “випак”-и паҳлавӣ ва “бева”-и форсӣ, яъне зани марддида, ва ҳамин реша аст, ки дар забони англисӣ ба гунаи “fuck” ва дар забони олмонӣ “fichen” ва дар забонҳои дигари урупоӣ камубеш наздик ба ин равон аст ва бар ин бунёд “wo”-и пешванди “woman”-и инглисӣ ва “fe”-и пешванди “femme”-и фаронсавӣ ва “we”-и пешванди “weib”-и олмонӣ ҳама аз “вад”-и бостонӣ баромада, нишон аз он медиҳад, ки номи зан ва пойгоҳи зан бо ҷуфт шудан ва наздикӣ ба мард баромадааст ва зан дар он фарҳангҳо номе вижа ба худ надорад!

Фарҳанги Вебстер (Webster New World Dictionary 1998) дар бораи номи зан чунин мегӯяд, ки номи “woman” (ки дар инглисии куҳан Vifman будааст), аз решаи “Weip”-и ҳинду-урупоӣ (?), баробар бо “печида” гирифта шудааст, аз он ҷо ки гӯё занон печида ва бо пӯшиш будаанд! Доварӣ аз ин кӯдаконатар дар ҷаҳон дида намешвад, ки ин бар ойини урупоиёни бостон будааст, пайкараи бараҳнаи мард ва зани онон, бар ҳама ошкор аст, аммо агар чунин ҳам буда бошад, вожаи “Vifman” марди печида ва пӯшида хоҳад буд, на зани печида!

Вожаҳо сухан мегӯянд, ва чунин аст доварии вожаҳои урупоӣ барои зан, ки номи хонаводагии вай низ ҳамвора пайваста ба мард аст, дар оғоз номи падар, ва чун ҳамсар баргузид, ҳамвора номи он мардро бо худ дорад ва агар бо ситаму зӯру тирарӯзӣ, рӯзе аз он мард ҷудо шавад, номи он мард бар рӯи ӯ хоҳад монд ва чунончи бори дигар ҳамсар пазирад, номи марди тоза, ҳамчунин занҷирвор! Аммо агар занеро тавону парвои пазириши ҳамсари дигар набошад, ночор аст, ки то поёни зиндагӣ номеро, ки аз он меранҷад, бар худ дошта бошад!

Зани эронӣ дар замони бостон дар ҳама чиз бо мард баробар буд, бозмондаи падару модар миёни бародарону хоҳарон яксон бахш мешуд, дар ҳамсаргузинӣ нахуст аз духтар пурсиш мешуд: “Аз шумо мепурсам, Сусанаг духти Ардашер, оё Баҳром пури Мовандодро ба ҳамсарӣ ва ҳамтанӣ ва ҳамравонӣ мепазиред?”

Ва чун духтар посухи “оре” медод, ҳамин пурсишро аз писар дар бораи духт мекарданд.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

 

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*