Номи забони аҳли Фарорӯд дар манобеъи куҳан

“Бидон, ки бештари шаҳрҳои аъоҷим (ъаҷамиҳо) ба номи афроде, ки онро поярезӣ кардаанд, номгузорӣ шудааст, дар маҳалли худаш иншоаллоҳ ҳар якеро тавзеҳ хоҳем дод. Ва забони ин иқлимҳои ҳаштгона ъаҷамӣ аст, магар бархеро дарӣ хонанд ва бархеро печида, аммо ҳамаи онҳо як ном дорад, ки “форсӣ” номида мешавад…”

Нидои ниёкон: Порсиро пос бидоред!

Вақте ки осори шоъирон ва донишмандони тоҷикро, ки дар Варазруд (Тоҷикистону Узбакистони имрӯзӣ) дар авоили қуруни вусто зистаанд, мутолеъа мекунед, ба як чизи ҷолиб мутаваҷҷеҳ мешавед. Он чиз масъалаи таърифи ҳувият ва худшиносии онҳост. Ҳувияти онҳо аз се ъунсури аслӣ иборат аст, ки ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳамаи онҳо забони худро ПОРСӢ, сарзамини худро ЭРОН ва табори худро ПОРСӢ (муродифи тоҷик, эронӣ ё ъаҷамӣ) медонанд.

Бо дабираи порсӣ…

Дар макони ҷон бувад кавну макони порсӣ,
Сад ҷаҳон гунҷидааст андар ҷаҳони порсӣ.
Эй, ки дар маҳдудаи чашмат нишастӣ, о бурун,
То бубинӣ аз карон то бекарони порсӣ!
То силоҳи мо камони Эраҷу Ораш бувад,
Мезанад бар синаи душман камони порсӣ.

Асосномаи забони порсӣ (замимаи номаи фарҳехтагон)

Дар оғози асри 20 Садриддин Айнӣ ин вазъиятро дарк карда, барои “ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА” (иборае, ки ӯ бисёр истифода мебурд) кору фаъолият мекард. Саид Нафисӣ ва Парвиз Нотили Хонларӣ забони содаи порсиро дар Тоҷикистон писандида, аммо дар ҳеч сурат онро забони бегона дарнаёфта буданд.

Номаи саргушодаи фарҳехтагон: Мо тоҷикем ва забонамон порсӣ аст!

Тамоми бузургоне, ки ба ин забон нивиштаанд, чи Рӯдакию Фирдавсӣ ва чи Пури Синову Берунӣ, чи Хайёму Мавлавӣ ва чи Ҳофизу Саъдӣ, худро порсизабон медонистанд ва дар саросари ҷаҳон “порсизабон” ба шумор меоянд. Порсӣ забонест, ки имрӯз ҳам бо офаридаҳои тозаи худ мояи ифтихори мост.

Боргирии ‘Шоҳнома’-и Фирдавсӣ – чопҳои Мокон, Вулерс, Мул, Маскав ва Холиқӣ

“Шоҳнома” корномаи сипанди эрониёни бостон, гаронсангтарин ва пурарҷтарин нивиштаи порсӣ ва яке аз волотарину бузургтарин нивиштаҳои адабии ҷаҳон аст. Ҷуз инҳо, шоҳномахонӣ ва шоҳномапажӯҳӣ роҳе бас ширин аст барои ҳар он кас, ки хостори ошноии жарфпоя бо ториху фарҳанги Эронзамин ва низ порсинивисии баҳанҷору ойинманд аст.

‘Забон ва қавмият’ дар Эрон дар гуфтугӯ бо пруфесур Горник Осотуриён

Забони форсӣ забони ҳеч як аз ақвому хурдафарҳангҳои эронӣ нест, балки як забони фароқавмӣ ё миёнҷӣ аст. Фақат мутаъаллиқ ба қавме ба номи “форс” нест ва забони муштарак ва мероси фарҳангиву тамаддунии ҳамаи мардумони Эронзамин ба шумор меояд ва онҳоро ба якдигар пайванд медиҳад.

“Дар бораи Эрон ва забони порсӣ” аз Содиқи Ҳидоят

Дар соли 1327 Сайид Ҳасани Тақизода суханоне дар бораи забони порсӣ ва торихи Эрони Бостон дар Донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон ронд, ки на танҳо пуштвонае донишӣ надошт, ки сахт ёва ва эронситезона ҳам буд. Суханоне ҳамчун набуди донишу фарҳанг ва адаб дар Эрони Бостон(!) ва…

Боргирии “Фармонҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ”-и Шорп

“Фармонҳои шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ” ганҷинае гаронсанг аз вожаҳои забони ориёӣ ё порсии бостон аст. Забоне, ки порсии имрӯз дунболаи он ба шумор меояд. Ин нибег (китоб) нивиштаи Ралф Норман Шорп, устодёри пешини забонҳои ориёӣ ва порсӣг (паҳлавӣ)-и Донишгоҳи Шероз аст, ки дар соли 1346 нивишта шуда.

Боргирии “Фарҳанги беҳдинон”-и Ҷамшеди Сурушиён

Гӯишҳои эронӣ пуштвонае сутург барои забони порсиянд ва агар рӯзе фарҳанге ҳамасӯя барои забони порсӣ нивишта шавад, он фарҳанг бояд бар бунёди фарҳангҳои гӯишҳои гуногуни эронӣ низ бошад. Яке аз ин гӯишҳо гӯиши беҳдинони Язду Кирмон аст, ки худи ишон онро гӯиши “дарӣ” хонанд.

1 16 17 18 19 20 43