Порсигӯёни бостон забони хешро чи меномиданд?

Бузургмеҳри Луқмон: Имрӯза, бештар, забони порсии рӯзгори Ҳахоманишиёнро “порсии бостон” ва рӯзгори пас аз он то фурӯ уфтодани Сосониёнро “паҳлавӣ” номанд, лек порсигӯёни бостон, худ забони хешро чунин намехондаанд. Гӯишварони забони порсии бостон забони хешро порса (pārsa) “порсӣ” ва аиря (airya) “ориёӣ” мегуфтанд.

Пайванди ҷашнҳои миллӣ бо гоҳномаи миллӣ

Акнун чандин сол аст, ки ҳам аҳли фарҳанг, ҳам ҳукуматдорон дар Тоҷикистон зӯр мезананд, ки мақоми пешинаи Наврӯзро барқарор кунанд. Аммо чӣ тавр як кас ҳамзамон ба ду асп савор шавад? Яъне ҷашнҳои миллии пешин ҳамон вақт пурра барқарор хоҳад шуд, ки давлат тақвими миллиро эҳё ва ҷорӣ кунад.

Манофзода: Ба ҳар қимате бояд ба хатти худамон баргардем

Мо бояд ба хатти хеш баргардем. Ба ҳар қимате, ки бошад. Ин ъузри бадтар аз гуноҳи моро бибинед, ки ҳатто аз забони шоъирони мо, аз забони рӯшанфикрони мо чунин суханоне бармеояд, ки бозгашт ба хатти порсӣ ҳазина дорад! Оқо, яъне шумо ҳозир нестед, ки барои бозгашт ба асли худ, барои пойдории ҷойгоҳи торихии худ ва билохира барои пешрафти фарзандони худ моя гузоред?

Сухане бо ҳамзабонон

Ман ва ҳамзабононам ҷое дар торихи Афғонистон гум шудем. Ман аз қиссаи пурғуссаи порсии дарӣ бо шумо сухан мегӯям. Аз марсияҳое, ки чашмро гирён мекунад ва дилро бирён. Ин сӯзи ҷигарро магар метавон дар пайкари вожаҳо рехт? Вожаҳо медаранду пора мешаванд ва пероҳан бар тани худ хок мекунанд. Вожаҳо лабу даҳонамро месӯзонанд ва гӯё тиккаҳои гудохтаи оташанд дар миёни ангуштонам.

‘Дасотир’, забони пок ва Ғолиби Деҳлавӣ

Бо пайдоиши “Дасотир” нивисандагоне бисёр аз садаҳои ёздаҳуми маҳӣ бад-ин сӯ дар Ҳинд ва Эрон ва дигар сарзаминҳои порсизабон аз сабки сараи он пайравӣ карданд. Яке аз ишон Ғолиби Деҳлавӣ, чомасаро ва нивисандаи бузурги порсигӯи Ҳинд аст. Дар ин ҷустор нивисанда (Қаҳрамони Сулаймонӣ) мекӯшад фарозу нишеби дасотиринивисони Ҳиндро бо рӯйкард ба чомаҳои Ғолиб баррасад.

Pārsīg Language чоп шуд

Забони порсиг ё забони паҳлавӣ, нивиштаи Раҳоми Аша дар се бахши дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ барои нахустин бор дар 501 рӯя ба забони инглисӣ чоп шуд. Ин нибег (китоб), ки Pārsīg Language ном дорад, барои ҳар касе, ки мехоҳад забони порсигро бахубӣ ёд бигирад ё бо вожасозӣ ба гунаи донишӣ дар ин забон ошно шавад ё онро бо дигар забонҳои эронӣ бисанҷад ва вожаҳои порсигро решашиносона баррасад ё воҷшиносии ин забонро фарогирад, коромад аст.

Лоиқ сипари мухолифони порсӣ набуду нест!

Суҳбат аз ҳамон Лоиқи бузургворест, ки дар пешгуфтори “Хуросон аст инҷо”-и фарҳехтаи нодири дигаре (устод Шакурӣ) ба забони равшану беперояву пӯстканда гуфта буд, ки забонаш ҳамон форсиест, ки “забонгумкардагони худбехабар ва худобехабари манфиъатҷӯй” ба дастури “Маскав ё дигар ҷойҳо” онро ба се шоха – “форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ” таҷзия карданд.

‘Донишнома’-и Майсарӣ – нахустин асари манзумаи пизишкӣ ба порсии дарӣ

Муҳимтарин вижагии ин асар он аст, ки Ҳакими Майсарии Суғдӣ бо таъкид изҳор медорад, ки ‘Донишнома’-ашро на ба ъарабӣ, балки ба забони модарияш – ПОРСӢ сурудааст. Фарзанди арҷманди Суғд – Ҳакими Майсарӣ дар баробари тозӣ аз забони поки порсии хеш, аз сарзамини номдораш Эрон бо ифтихори тамом сухан мегӯяд. Ин ҳама ифтихору сарбуландии миллӣ он замон албатта аз баракати давлати Сомониён дар рӯҳу шарёни ъумум туғён карда буд.

Забони миллии тоҷикон ПОРСӢ аст!

Дар як мавриди бахусус Фарҳоди Раҳимӣ, бар хилофи фармудаи худ, дидгоҳеро баён кардааст, ки хилофи дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон аст. Раҳимӣ муътақид аст, ки “порсӣ” номидани забони миллии Тоҷикистон истиқлолу ҳувияти миллии тоҷиконро таҳдид мекунад. Дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: “Албатта, “форсӣ” ё “форсии дарӣ” номидани забони ҳозираи тоҷикӣ на хилофи ҳақиқати таърихист ва на халале ба истиқлоли кишвари мо мерасонад.

Чопи як нивиштаи навёфта ба забони порсиг

Як нивиштаи навёфта ба забони порсиг (паҳлавии сосонӣ) бо овонивисии Раҳоми Аша бозчоп шуд. Ин нивишта “Вӣрозагон” ном дорад, ки дар бораи сафари муғе ба номи “Вӣроз” ба биҳишту дӯзах аст. “Вӣрозагон” дигарсон аз “Ардовӣрофнома” ё “Ардовӣрознома”-и шинохташуда аст ва танҳо рӯнивишти он дар дастнивиште ба номи TD 26 дар Бунёди Комо дар Ҳиндустон нигаҳдорӣ мешавад.

1 17 18 19 20 21 43