Эрон ва Эроншаҳр

Эрон ва Эроншаҳр

Раҳоми Аша

Порсӣ аз: Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон

Вожаи порсиги “эрон” (ērān) ба чами “ориёиён” аст ва “эроншаҳр” (ērānšahr) номи шоҳаншоҳии Эрон буд ба рӯзгори Сосониён(1). Шопур дар сангнибиштаи сезабонааш дар Каъбаи Зардушт хешро “фармонравои Эроншаҳр”(2) шиносонд.

Эр (ēr)-и порсиг аз орё (arya, ё шояд ārya)-и порса (порсии бостон) ояд(3). Панҷ кишвари эронӣ чунинанд:
airya – ориёӣ/эронӣ, tūirya – тӯронӣ, sairima – сарматӣ, sāini – сойнӣ ва dāhi – доҳӣ(4).

Ин эрониён яксара аз они сарзаминҳо ва кишварҳои ориёӣ низ буданд ва ориёӣ хонда мешуданд(5). Ҷудо аз сарзаминҳо ва кишварҳои ноориёӣ (6). Сипастар вожаи pārs(īg) – “порс, порсӣ” барои номидани ҳамаи мардумон ва сарзаминҳои ориёӣ/эронӣ ба кор рафт; то онҷо ки номи Порс ҳамтои номи Эроншаҳр шуд(7).

Густараи вожаи ориёӣ/эронӣ дар ду шоха барнамуда шавад: шоҳӣ ва динӣ.
1. Ҷое ки дод (қонун)-и шоҳи ориёӣ эронӣ(8) бошад, онҷоро тавон сарзамини ориёӣ/эронӣ хонд.

2. Ориёӣ/эронӣ касе аст, ки дар замони дархӯр дини беҳӣ(9)-ро баргузида ва кустӣ(10) баста. Он ки “навзодӣ”-ро бо бастани кустӣ ба ҷо наёварда, “ноориёӣ” бошад(11). Ориёиён чунин беҳонро аз бадон бозшиносанд(12).

Дар гурӯҳагон (ҷомеъа)-и ормонии ориёӣ/эронӣ ягонаги нерӯи шоҳӣ ва дини беҳ дар паноҳи эзадӣ ошкор шавад; ин гавҳари эзадӣ xvarǝnah  (порсӣг: фарр farr) хонда шавад, ба чами “фаррухӣ, фархундагӣ” ё “шукӯҳ”(13). Шоҳ намояндаи се пеша(14) дар гурӯҳагони ориёӣ/эронӣ аст ва низ “доди шоҳ”-ро бар ноориёиёни густараи подшоҳияш раво медорад.

Понивиштҳо

1) ērān < *aryānām (сарзамини) ориёиён; ērān-šahr < *aryānām xšaθra.  Parth. šahr cē aryān, .санҷ: DA 4381; Pers. ērān xvadāyīh (≈ *aryānām xšaθra), cf. Dk vii, M 657 hanzābišn ī ērān xvadāyīh az ērān-šahr.
2) ŠKZ 1 ērānšahr xvadāy ≈ aryānxšahr xvadāy ≈ τοῦ Ἀριανῶν ἔθνους δεσπότης. Cf. VZ 4.4 manušcihr ērānšahr dahyubed.
3) Av. airya-, OPers. ariya-, Skt. Arya – вожаи ориёӣ барои се шохаи эрониён (Perso-Aryans), ҳиндиён (Indo-Aryans) ва севум ориёиён (Gulo-Aryans) ба кор равад. Ин вожа ҳамчунин нишонгари забонҳои ориёиён аст. Дориюши Бузург забони хешро “ориёӣ” номад (DB 4.89).
Барои огоҳии бештар аз ин севум ориёиён ба ин ҷустори Раҳоми Аша дарнигаред: Imrā, le dieu des Gulois – гардонишгарон
4) Yt 13.143-144 airyanąm dahyunąm … tūiryanąm dahyunąm … sairimanąm dahyunąm … sāininąm dahyunąm … dāhīnąm dahyunąm. ниг. низ: Bd 106-7.
5) Санҷ: Yt 19.56 airyanąm dahyunąm, Dk ix M 792 ērān dehān.
6) Санҷ: Yt 19.68 anairyå dahhūš, Yt 18.2 anairyå dahhāvō, Bd 106 anērān dehān.
7) Барои намуна ниг: Syr. ܒܝܬ ܦܪ̈ܣܝܐ ≈ ērānšahr.
8) Pers. dād ī xvadāyīh “доди подшоҳӣ”, cf. Vd 20.1 Z, J4.
Барои намуна: доди шоҳ дар Бобили Ҳахоманишӣ:
(OPers. *dātah xšāyaθiyahyā, Bab. dātu ša šarri). .Санҷ: DB 1.23 manā dātā ‘бо додҳои ман’.
Устони сосонии Бобил (Осуристон), ки дар он шаҳрҳои шоҳии Селевкия (БеҳАрдашер: vehardašēr) ва Тайсафун ҷой доштанд, dil ī ērānšahr “дили Эроншаҳр” хонда мешуд. Ба Пури Хурдодбеҳ дарнигаред:  ثم ابتدیء بذکر السواد اذ کانت ملوک الفرس تسمّیه دل ایرانشهر ای قلب العراق (ابن خرداذبه، المسالک والممالک، لیدن، ۱۸۸۹)
Ёдкардамонро аз Савод меоғозем, ки подшоҳони Порс бад-он “Дили Эроншаҳр” ном дода буданд, яъне диои Ъироқ.
9) Av. vaŋvhī- daēnā-, Pers. veh dēn, dēn ī veh.
10) Av. aiβyåŋhana-, Pers. kustīg.
11) Санҷ: Dk iii, M 332 abēbann anērīh.
12) Pers. vehān  ‘беҳон’. Cf. Dk vi, M 496 kustīg-barišnīh ēd baved ka az vattarān jud baved.
13) Av. pištra-, Pers. pēšag.
Бар пояи сухани Тӯсари Ҳирбад ин се пеша чунинанд:
а) Осрӯнон ва доварону ҳирбадон
б) Артишторон
в1) Дабирону пизишкон ва гӯсонон ва ахтарморон
в2) Востарюшон (барзигарон) ва ҳӯдухшон (пешаварон).
Дарнигаред ба Номаи Тансар, вироиш ва гузориши Раҳоми Аша, Ирмон, 1382-и яздигурдӣ, рӯяи 9 -гардонишгарон
14) Yt 19.56 tah xvarǝnō isō yah asti airyanąm dahyunąm zātanąm azātanąmca yahca aṣaonō zaraθuštrahe
Фарре, ки аз они сарзаминҳои ориёӣ/эронӣ аст, зода ва нозода, ва аз они Ашу Зардушт аст.

Эрон ва Эроншаҳр (Ērān ud Ērānšahr)-ро ба десаи pdf аз инҷо боргиред.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*