Пурдовуд ва вожасозии донишики порсӣ

Ниёзмандиҳои порсии нав бояд ба дастёрии порсии миёна (паҳлавӣ) барканор шавад, агар нашуд, ба порсии бостон рӯй оварем, ҳарчанд ки аз ин забон беш аз понсад-шашсад вожа дар сангнибиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ ба ҷой намондааст.

Боргирии ‘Ганҷвожа’-и гирдоварии Воспуҳр

“Ганҷвожа” гирдоварии Воспуҳр аст ва корбарии ин вожанома бештар барои сарагароёне аст, ки ҷӯёи вожаҳои порсӣ ва ҳамтарозҳои порсии бегонаи вожагонанд. Порсӣ Анҷуман бе ҳеч доварие дар бораи ин вожанома онро дар дастраси пажӯҳандагони забони порсӣ мегузорад, то худ бихонанду доварӣ кунанд.

Дигаргунии вожагони форсӣ

Яке аз осори муҳимми забонии бархӯрд бо тамаддуну фарҳанги нав зинда шудани дастгоҳи вожасозии забони форсӣ ва дубора зоё шудани он аст. Бад-ин маъно, ки дар даврони нахусти ин бархӯрд ба сабаби одатҳои дерина ҳанӯз вожасозӣ ба сабки арабӣ ва дар қолаби забони арабӣ ривоҷ дошт ва агар ба унвонҳои китобҳое, ки дар даврони нахусти пас аз бунёнгузории мадрасаи дорулфунун тарҷума шуда, таваҷҷуҳ кунем, ин нукта бахубӣ рӯшан мешавад.

Боргирии ‘Луғати фурс’-и Асадии Тусӣ

“Луғати фурс”, гирдовардаи Асадии Тусӣ, аз нивисандагони садаи панҷуми кӯчии маҳӣ аст. Фарҷомоҳанги Асадӣ он буд, ки чомасароён (шуъаро)-и аронӣ ва озарбойҷониро, ки ба порсӣ ва паҳлавии озарӣ (забоне, ки пеш аз туркӣ забони мардуми Озарбойҷон буд) чома месураданд, бо вожаҳои порсии гӯиши хуросонӣ низ ошно кунад ва гӯё ин фарҳанг ба хоҳиши яке аз ҳамин чомасароёни озарбойҷонӣ, Ардашер пури Дайламсапори Наҷмӣ гирдоварӣ шудааст.

Андешаманди тоҷик: Эронситезӣ яъне худношиносӣ ва худситезӣ

Ин забони ширин, ки ҳоло дар кишвари мо рангпарида аст ва ҳоле дорад нобасомон, моро бояд ба андеша водор бикунад, ки чиро чунин шуд ва чи бояд кард, ки вазъ беҳтар шавад. Ман беҳбудиро дар барқарор кардани хат мебинам… Вақте сухан аз баргаштан ба хати худӣ ё ниёкон мегӯем, манзури мо… дубора пайвастан ба ниёкони беназирамон ва фаро гирифтани осори гаронсанги забони порсӣ аст…

‘Ъадам’ ва корбурдҳои он

Дар забони порсӣ барои ин гуна таркибҳо, ҳамон тур ки дар боло омада, метавон пешванди “но-“ ё “бе-“-ро ба кор бурд. Мута’ассифона, ин сохтори ъарабӣ низ бар забони порсӣ таҳмил шудааст ва гузашта аз таркибҳои ъарабӣ вожаи “ъадам” бар сари вожаҳо ва таркибҳои порсӣ низ оварда мешавад. Ба назари ман, шояд шинохтатарин ва масхаратарин таркиб “ъадами сӯ’и пешина” бошад, ки метавон онро “хушпешинагӣ” ё “покдастӣ” гуфт.

Баробарҳои форсии бархе аз вожаҳои омӯзишӣ

Фарҳангистони забони Эрон бар пояи равиши вожагузинии худ ин вожаҳоро бо таърифи онҳо дар нахустин шумораи ҷузваи “Пешниҳоди шумо чист?” чоп ва барои огоҳӣ аз назари донишмандони форсидони ҷаҳон мунташир намуд ва низ онҳоро дар гурӯҳҳои вожагузинии худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Чигуна ‘алифбои Ленин’ ҷойи хатти порсиро дар Варорӯд гирифт?

Миёнаҳои солҳои 20-уми қарни 20 як гурӯҳ аз равшанфикрони тоҷик масъалаи табдили алифбои форсиро ба хатти лотинӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар тӯли 3-4 сол инҳо даҳҳо мақола дар расонаҳо интишор доданд. Муаллифони ин мақолаҳо аксаран афроди маъруф, намояндагони илму адаби тоҷик буданд.

Рустами Ваҳҳоб: Мулоҳизаҳо дар бораи ҳарфи “ъ”

Ҳазфи батакрори ҳарфи “ъ” дар калимаҳое чун “мисраъ” дар хатти сириллики тоҷикӣ дар зеҳни мо ҷои онро комилан тиҳӣ кардааст ва аксаран чунин калимаҳоро бидуни ҳарфи охир дар назар мегирем ва ба кор мебарем. Камтар афроде аз шоирони тоҷик ҳастанд, ки ба ин сабаб дар истифодаи калимаи “мисраъ” ва дигар калимаҳои назири он ба сактаи вазн роҳ надода бошад.

1 14 15 16 17 18 32