Дигаргунии вожагони форсӣ

D.Ashuri300Дориюши Ошурӣ: Фарҳанг ва тамаддуни мудерн, ки ба дунболи ҷунбиши Ренесонс дар Урупо шакл гирифт ва сипас ҷаҳонгир шуд, бо диди навине, ки нисбат ба ҷаҳон ва инсон падид овард, сабаби инқилоби азиме дар шакли зиндагонии инсон шуд. Ин инқилоб, ки дар илму фалсафа ва ҳунару текнулужӣ ва низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳамаи ниҳодҳои иҷтимоъӣ ва шеваҳои рафтори инсон рух додааст, ногузир бозтоби сарросте дар забонҳои ҳомили ин тамаддун ва фарҳанг дошта ва ин забонҳоро ҳамгом бо худ пеш бурда ва дигаргун кардааст. Ин дигаргунӣ ҳам даҳҳо ҳазор ва чи басо садҳо ҳазор вожаи тоза ва ҳам шеваҳои баёни тозае дархури заминаҳои гуногуни зиндагӣ ва андешаи мудерн падид овардааст.

Сипас бо ҷаҳонгир шудани ин тамаддун ва фарҳанг ва фурушуди фарҳангҳо ва тамаддунҳои куҳ ан дар баробари нерӯи зӯровари он ва пароканда шудани авомили фарҳангӣ, иқтисодӣ, текникӣ, ва сиёсии он ва ниҳодҳои марбут ба онҳо дар саросари курраи Замин ногузир ҳамаи забонҳои дигар низ зери нуфузи забонҳои урупоӣ, бавижа инглисӣ ва фаронса, ва сипас олмонӣ ва итолиёӣ ва забонҳои дигар дигаргун шудаанд ва ин дигаргунӣ, ки ҳамроҳ бо дигаргашти сохту шакли зиндагӣ камобеш дар ҳамаи ҷомеъаҳо рух дода, сабаби вомгирии густардаи вожагони урупоӣ ва дигаргуниҳои вожагонӣ ва маънои жарф дар забонҳои дигар шуда ва бар асари кулуниёлисми урупоӣ ва омехтагии забони истеъморгарон бо забонҳои бумӣ дар осиё ва Офриқо забонҳои тозае низ падид овардааст. Бад-ин сон, тамаддуни мудерн нахуст як инқилоби забонидар қаламрави Урупои Ғарбӣ ва сипас дар саросари ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

Забони форсӣ низ аз доираи ин моҷаро берун набуда ва метавон гуфт, ки дар муддате камтар аз сад сол, нахуст ором-ором ва сипас бо шитобе рӯзафзун, аз назари вожагон ва низ шеваи баён ва рафтор бо забон дигаргашти жарфе дар он роҳ ёфта, ки ҳамгом бо дигаргуниҳои шигарфи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Эрон будааст. Бад-ин маъно, ки бо дигаргунии шакли зиндагӣ ва роҳ ёфтани андешаҳову ҳанҷорҳо ва рафторҳову абзорҳои тоза ва асбоби тозаи хӯрдухӯроку пӯшоку маскан ва падид омадани ниҳодҳои навини сиёсӣ ва иқтисодӣ ва низомиву иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ ва дигаргун шудани чеҳраи зиндагии шаҳрӣ ва рустоӣ ногузир вожагону истилоҳот ва шеваҳои баёни ҳамоҳанг бо ин шакл аз зиндагӣ низ падид омада ва ривоҷ ёфтааст. Бар асари ин таҳаввули жарфу ҳамасӯя бахши бузурге аз аносири забонии мутаъаллиқ ба шаклу шеваи зиндагии гузашта, аз лавозим ва асбоби модии он зиндагӣ гирифта, то мафоҳимва андешаҳо ва низ забону истилоҳоти марбут ба ниҳодҳои сиёсиву иҷтимоъӣ ва иқтисодию фарҳангии суннатӣ, ҷои худро ба дастае дигар аз вожаҳо ва мафҳумҳо ва бардоштҳо супурда ва низ бисёре аз вожаҳои мавҷуд дар забон дигаргунии маъноӣ ёфта ва бори маъноии тозае вом гирифтаанд.

Албатта, рахнаи аносири моддӣ ва маънавии зиндагии мудерн дар як ҷомеъаи суннатпараст ва фурӯбастаи дерина баосонӣ сурат нагирифта ва бо истодагиҳои сахт рӯбарӯ буда ва ҳамчунин буҳронҳои сахти сиёсию иҷтимоъӣ падид оварда, ки ҳанӯз низ идома дорад. Ҳамин гуна, забон низ баосонӣ дигаргун нашуда, балки дар ҷомеъае, ки қарнҳо зери фармонравоии адабиёт ва донишҳои суннатии худ буда ва адибону аҳли мадраса дар он меҳвари адабу дониш ва фарҳанг будаанд, ногузир бо муқовиматҳои сарсахтона рӯбарӯ будааст. Аммо ҳуҷуми селобвори андешаҳо ва авомили фарҳангӣ ва фаннии мудерн ба даруни ҷомеъаи суннатии Эрон ва падид омадани ниҳодҳои навин ва қишри донишомӯхтагон ва коршиносоне, ки ҳомили фарҳанг ва тамаддуни мудернанд, ногузир ин саддҳои муқовиматро шикаста ва воқеъияти зиндагӣ ва ъамал ҳамроҳ бо дигар авомил забонро низ дигаргун кардааст.

Дар пайи ҳамин дигаргуниҳои фарогир ва жарф аст, ки мо имрӯз бо ҳазорон вожаи вомгирифта аз забонҳои урупоӣ дар ҳавзаи зиндагии рӯзона то қаламравҳои тахассусии гуногун рӯбарӯ ҳастем. Ин вожаҳо аз васоили таробарӣ (ҳамлу нақл) гирифта, то хӯорку пӯшок ва ҳар заминае аз заминаҳои зиндагии моддию маънавии имрӯзиро шомил мешавад. Барои ёдовар ӣ муште аз ошнотарини онҳоро ном мебарем: утубус, минибус, токсӣ, мутур, мошин, килоч, турмуз, родию, телевизиюн, косет, кут, кировот, жокет, булуз, дупис, кутлет, сӯп, солод, испогетӣ, пуре, терофик, порк, поркинг, порквей, утубон, пуст, телегроф, телефун, тамбр, покет, пустер, герофик, узолид, уфсет, теотр, синемо, тенис, пингпунг, футбол, волейбол, физик, шимӣ, идеулужӣ, сусиёлисм, носиюнолисм ва ҳазорон вожаи дигар, ки дар садҳо заминаи илмию фаннӣ ба кор мераванд.

Дар ҷавори ин вомгирии забонӣ, бо вуруди ниҳодҳову абзорҳо ва текникҳои навин мебинем, ки садҳо вожаи форсӣ аз дарун дигаргунии маъноӣ ёфта ва бо ниёзҳои илмӣ ё идорӣ ё сиёсию фарҳангӣ ва фаннии зиндагии навин созгор шудаанд ва, дарвоқеъ, бори маъноии худро аз вожаҳои муъодили худ дар забонҳои фаронса ва инглисӣ гирифта ва аз маънои дерини худ ё гусастаанд ва ё робитаи чандоне бо он надоранд. Аз ин даст аст вожаҳое, ки имрӯз дар забони сиёсӣ ва иҷтимоъии мо бисёр ривоҷ доранд, монанди: ҳизб, сиёсат, давлат, фарҳанг, озодӣ, қонун, миллат, инқилоб, табақа, рӯзнома, ҷомеъа, идора, ки дар ҷавор ё зайли ҳар як аз онҳо дастгоҳи истилоҳоти тозае шакл гирифтааст. Бар ин маҷмӯъа метавонем дар заминаи зиндагии моддӣ ва асбобу ашё’ ҳам вожаҳое монанди яхчол, барқ, данда, фармон, сафҳа ва садҳо монанди онҳоро бияфзоем, ки имрӯз дар қаламравҳои тозае ба кор мераванд ва ашё’и тозаеро меноманд.

Дар канори инҳо садҳо вожа ё таркиби навсохтаи форсӣ қарор мегирад, ки барои баёни мафоҳими тоза дар заминаҳои гуногун сохта шудаанд, монанди: ҳамапурсӣ, вожагон, ҷашнвора, моҳвора, сангвора, беҳдошт, беҳдорӣ, беҳёр, бахшнома, ойиннома, абарқудрат, расона, дурбурд, ҳавобурд, ҳавопаймо, донишкада, донишгоҳ, гузарнома, барномарезӣ, осебшиносӣ, мардумшиносӣ ва ҷуз онҳо.

Ҳамчунин, корбурди бархе аз вожаҳои мавҷуд дар забон барои баёни мафоҳими илмӣ, фаннӣ ва идории ҷадид, ҳамчун парастор, посбон, бозрас, корогоҳ, парванда, додхоҳ, додрас, мудир, равон, ҳанҷор ва ҷуз онҳо.

Бо ин дигаргуниҳост, ки дар айни ҳол садҳо ё ҳазорон вожаи марбут ба шакли зиндагии гузашта низ андак-андак аз қаламрави зиндагии имрӯз берун рафта ва танҳо дар луғатномаҳо ё китобҳои куҳан бояд суроғашонро гирифт, монанди: қабо, шабкулоҳ, чароғмушӣ, курсӣ, кумоҷдон, бандандоз, каҳҳол, ҳакимбошӣ, назлабанд, ҷингир, базак, шамшергар, таркашдӯз, ъаллоф, рӯйгар, сарбина, ҳаштӣ, тоқча, андарунӣ, берунӣ, қӯрчӣ, сурчӣ, ъамалаи халват, дорӯға, муҳтасиб ва ҷуз инҳо.

Ба ин тартиб аст, ки имрӯз бо ҳазорон вожае, ки забони форсӣ дар ин садсола аз забонҳои урупоӣ вом гирифта ва ё чанд ҳазор вожае, ки барои баёни мафоҳими навини илмию фаннӣ ва сиёсию фалсафӣ ва иқтисодию иҷтимоъӣ ва идорӣ ва ҷуз онҳо аз даруни худ берун дода ва ё бо бахшидани бори маъноии тоза барои ниёзҳои навин басич карда ва ҳамчунин бо берун рафтани садҳо вожа аз гардунаи корбурди рӯзона ё адабию илмӣ ва идорию фаннӣ, дастгоҳи вожагонии ин забон дигаргунии шигарфе ёфтааст. Ин таҳаввули шигарф на танҳо дар забони коргоҳи санъатию корхона ва вазоратхонаву артиш ва мадрасаву донишкада, ки дар коргоҳи ҳар хайёту наҷҷор ва ороишгару ошпаз низ рух дода ва на танҳо номи ашёи тозаи фаровоне ба онҳо роҳ ёфта, ки шеваҳо ва ҳанҷорҳои навини кор ва коркарди мошинҳо ва дастгоҳҳо низ забону истилоҳоти дигареро талабидааст, ки ё аз забонҳои урупоӣ гирифта ё аз даруни худ падид овардааст.

Ва аммо, ин дигаргуниҳо танҳо марбут ба вожагони забон ва маҳдуд ба он нест, балки шеваи гуфтору нивиштор ва ҳатто камобеш сохти наҳвии забонро низ дар бар мегирад. Гароиш ба шеваи навину гуфтору нивиштор рафта-рафта тамомии шеваи рафтор бо забон ва сурати баёни андешаҳоро дигаргун кардааст. Дур афкандани шеваи насри пуробутобу гаронҷони муншиёна, ки дар он камобеш маъно фидои лафз мешуд ва забон бозичае дар дасти нивисанда буд, ва парҳез аз бозиҳои забонии суннатӣ ва ба кор гирифтани забон барои баёни мафоҳими ҷадид ва диққат бахшидан ба он ва густариши доманаи корбурди он дар заминаҳои илмӣ, фаннӣ, адабӣ, сиёсӣ, нақди ҳунарӣ ва ҷуз онҳо аз ҷумлаи ин дигаргуниҳост. Чунин рафторе бо забон, ки фарҳангу тамаддуни мудерн металабад, ногузир бисёре аз меъёрҳои завқӣ ва адабии суннатиро барҳам зада ва меъёрҳои тозае ба ҷои он нишондааст.

Наздикии забони нивиштор ба гуфтор ва асл қарор гирифтани содагию равонӣ ва расоии нивиштор камобеш бахши умдае аз одатҳо ва шеваҳои нивиштории деринаро барҳам зада ва, дар натиҷа, насри форсиро аз варои чанд қарн дубора ба соданивисӣ ва равонии нахустини он дар садаҳои чаҳоруму панҷуму шишум наздик кардааст. Яке дигар аз осори ин гароиш, ки авомили сиёсӣ ва идеулужик низ дар он асар доштааст, коҳиши мизони омехтагии форсӣ бо арабӣ аст. Ин омехтагӣ дар насри адибона ва муншиёна ва муллоёна гоҳ то ба ҷое расида буд, ки аз забони форсӣ дар нивиштор ҷуз муште ҳарфи рабту изофа ва миқдоре дастури забон камобеш чизе боқӣ нагузошта буд ва дар чанд садаи ахир насрҳое дорем, ки беш аз навад дарсади вожаҳои он арабӣ аст, аммо гароиш ба содагию равонӣ ва ҳамчунин зарурати корбурди илмию фаннии забони форсӣ дар паҳнаи ниёзҳои нав сабаб шудааст, ки ин мизон аз омехтагии форсӣ бо арабӣ пайваста рӯ ба коҳиш равад ва забони форсӣ ҳарчи бештар ба мояҳои вожагонии худ такя кунад ва ҷумла бисёре аз вожаҳои азёфдрафтаи форсӣ, ки дар матнҳои шеъру насри куҳан дида мешавад, зиндагонии дубора ёбад ва ин раванд то ба имрӯз ҳамчунон идома дорад ва кори поксозиву содасозии забони форсӣ бисёр пешрафт кардааст.

Яке аз осори муҳимми забонии бархӯрд бо тамаддуну фарҳанги нав зинда шудани дастгоҳи вожасозии забони форсӣ ва дубора зоё шудани он аст. Бад-ин маъно, ки дар даврони нахусти ин бархӯрд ба сабаби одатҳои дерина ҳанӯз вожасозӣ ба сабки арабӣ ва дар қолаби забони арабӣ ривоҷ дошт ва агар ба унвонҳои китобҳое, ки дар даврони нахусти пас аз бунёнгузории мадрасаи дорулфунун тарҷума шуда, таваҷҷуҳ кунем, ин нукта бахубӣ рӯшан мешавад. Аммо сипас давроне фаро расид, ки нивисандагону мутарҷимон аз шеваи куҳан рӯйгардон шуда ва ба сода кардани забон ва наздик кардани шеваи баён ба сабки баёни урупоӣ пардохтанд ва ин сароғози он буд, ки забони форсӣ дубора истиқлоли худро бозёбад ва қавоъиди таркибсозӣ ва овардани вожаҳои нав дар он ба ёд оварда шавад.

Албатта, рушди носиюнолисми навин дар Эрон ҳамчунин огоҳӣ ба ин ки забони форсӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоист ва дорои сохти хешованд бо онҳо, дар ин ҷараён бисёр муассир буд, то ин ки бунёнгузории Фарҳангистон дар соли 1314 ин корро вориди марҳилаи навине кард. Фарҳангистон бо ниҳодани чандсад вожа ва истилоҳи идорӣ ва илмию фаннӣ, ки беш аз ҳаштод дарсади онҳо ҳамакнун дар забони форсӣ ба кор меравад, нишон дод, ки забони форсӣ бо пайравӣ аз қоъидаҳои таркибсозии худ майдони бисёр паҳноваре барои густариши доманаи вожагони худ дорад ва ҳамин шеваро то кунун нивисандагону мутарҷимони эронӣ, ки бо матнҳои илмию фалсафию фаннӣ сарукор доранд, дунбол карда ва дар ин чанд даҳа садҳо вожаи илмию фаннӣ ва фалсафию ҳунарӣ бар ганҷинаи вожагони форсӣ афзудаанд, чунонки акнун забони форсӣ нисбат ба панҷоҳ ё сад сол пеш тавоноии бисёр барои баёни мафоҳими мудерн ёфта ва бахши камобеш муҳимме аз онро дар худ ҷазб карда ва, дар натиҷа, ҳамоно нисбат ба забони суннатӣ ва дерина фосила гирифта ва аз он дур шудааст.

Баргирифта аз: Ошурӣ, Дориюш (1375); Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола); Теҳрон: нашри Марказ.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*