Порсӣ ва Озарбойҷон: ду ҷустор аз Дуктур Аронӣ

Дар ин ду ҷустор Аронӣ бар боистагии посдошти Эрон ва густариши забони миллии Эрон пардохтааст ва дар ҷойгоҳи як эронии озарбойҷонӣ посухе кӯбанда ба понтуркистҳои ъусмонӣ додааст. Аронӣ дар “Озарбойҷон ё як масъалаи ҳаётию мамотии Эрон” нивисад: “Озарбойҷон, чунонки аз исмаш пайдо ва ошкор аст, мазҳари оташи муқаддасест, ки рӯшноии фикр ва ҳарорати рӯҳи эрониро дар адвори мухталифа ба ъоламиён нишон дода…”

Боргирии “Фарҳанги кирмонӣ”

Забони кирмониён порсии адабӣ аст ва доманаи вожаҳои гӯишии ишон чандон густарда нест. Кирмониён, ҳамчун шерозиён, бахшҳои забардорро ба зер фаро мегӯянд ва дар ҳамсанҷӣ бо порсии Теҳрон, миёни бахшҳои вожа дар Кирмон кашише бештар шунида мешавад. Гузашта аз инҳо, бештари вожаҳое, ки миёни онҳо “о” аст, ба “ав” дигар ва фарогуфта мешавад, ва бар ин поя, гӯиши кирмониён аз гӯишҳои ширину хушоҳанги порсӣ аст.

Боргирии ‘Забони Озарбойҷон’, нивиштаи Муҳаммадризо Шиъор

Пажӯҳишҳои торихӣ ва забоншинохтӣ барӯшанӣ нишон медиҳанд, ки то пеш аз турктозии туркону муғулон ба Эронзамин забони Озарбойҷон гӯише аз порсӣ будааст, ки пажӯҳишгарон онро “паҳлавии озарӣ” хондаанд. Паҳлавии озарӣ бо он ки кунун ҷои хешро ба туркии озарӣ дода, бо ҳамаи ин, вожаҳое пуршумор аз он дар забони имрӯзи Озарбойҷон бар ҷой мондааст.

Омӯзишу парвариш дар Эрони бостон

Ба замони Сосониён ду ниҳоди омӯзишу парвариши кӯдакон буд: дабиристон ва ҳирбадистон. Кори дабиристон омӯзиши хондану нивиштан буд ва кори ҳирбадистон омӯзиш барои муғ гаштан. Гуфтори Раҳоми Аша дар бораи омӯзишу парвариш дар Эрони бостон бар пояи нивиштаҳои бостонии барҷоймонда аст.

Эрон ва Эроншаҳр

Вожаи порсиги “эрон” (ērān) ба чами “ориёиён” аст ва “эроншаҳр” (ērānšahr) номи шоҳаншоҳии Эрон буд ба рӯзгори Сосониён. Шопур дар сангнибиштаи сезабонааш дар Каъбаи Зардушт хешро “фармонравои Эроншаҳр” шиносонд. Сипастар вожаи pārs(īg) – “порс, порсӣ” барои ҳамаи мардумон ва сарзаминҳои эронӣ ба кор рафт; ва номи Порс ҳамтои номи Эроншаҳр шуд.

Пидром: Мо бо хатти порсӣ робитаи женетик дорем

Дар бораи хатти порсӣ муҳаққиқон зиёд таҳқиқ кардаанд, бахусус жопуниҳо. Хатти порсӣ, ба лиҳози сохторӣ як навъе грофик ё фурми ҳунарӣ дорад. Ин хеле муҳим аст, ки ба нохудогоҳи ҷамъиамон бисёр муносиб ҳаст. Хаттҳо ки сода ихтироъ намешаванд. Масалан, ба таври намуна ба шумо бигуям, ман хатти сириллик метавонам бихонам, аммо вақте ки ба хатти ниёкон Ҳофиз мехонам ё Хайём ё Туғрал ё ҳар каси дигаре аз ин бузургон, ман эҳсоси дигаре мекунам.

Номи забони аҳли Фарорӯд дар манобеъи куҳан

“Бидон, ки бештари шаҳрҳои аъоҷим (ъаҷамиҳо) ба номи афроде, ки онро поярезӣ кардаанд, номгузорӣ шудааст, дар маҳалли худаш иншоаллоҳ ҳар якеро тавзеҳ хоҳем дод. Ва забони ин иқлимҳои ҳаштгона ъаҷамӣ аст, магар бархеро дарӣ хонанд ва бархеро печида, аммо ҳамаи онҳо як ном дорад, ки “форсӣ” номида мешавад…”

Нидои ниёкон: Порсиро пос бидоред!

Вақте ки осори шоъирон ва донишмандони тоҷикро, ки дар Варазруд (Тоҷикистону Узбакистони имрӯзӣ) дар авоили қуруни вусто зистаанд, мутолеъа мекунед, ба як чизи ҷолиб мутаваҷҷеҳ мешавед. Он чиз масъалаи таърифи ҳувият ва худшиносии онҳост. Ҳувияти онҳо аз се ъунсури аслӣ иборат аст, ки ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳамаи онҳо забони худро ПОРСӢ, сарзамини худро ЭРОН ва табори худро ПОРСӢ (муродифи тоҷик, эронӣ ё ъаҷамӣ) медонанд.

Бо дабираи порсӣ…

Дар макони ҷон бувад кавну макони порсӣ,
Сад ҷаҳон гунҷидааст андар ҷаҳони порсӣ.
Эй, ки дар маҳдудаи чашмат нишастӣ, о бурун,
То бубинӣ аз карон то бекарони порсӣ!
То силоҳи мо камони Эраҷу Ораш бувад,
Мезанад бар синаи душман камони порсӣ.

Асосномаи забони порсӣ (замимаи номаи фарҳехтагон)

Дар оғози асри 20 Садриддин Айнӣ ин вазъиятро дарк карда, барои “ЗАБОНИ ПОРСИИ СОДА” (иборае, ки ӯ бисёр истифода мебурд) кору фаъолият мекард. Саид Нафисӣ ва Парвиз Нотили Хонларӣ забони содаи порсиро дар Тоҷикистон писандида, аммо дар ҳеч сурат онро забони бегона дарнаёфта буданд.

1 6 7 8 9 10 33