Порсигӯёни бостон забони хешро чи меномиданд?

Бузургмеҳри Луқмон: Имрӯза, бештар, забони порсии рӯзгори Ҳахоманишиёнро “порсии бостон” ва рӯзгори пас аз он то фурӯ уфтодани Сосониёнро “паҳлавӣ” номанд, лек порсигӯёни бостон, худ забони хешро чунин намехондаанд.

Номи забони порсӣ ба рӯзгори Ҳахоманишӣ

Гӯишварони забони порсии бостон забони хешро порса (pārsa) “порсӣ”  ва аиря (airya) “ориёӣ” мегуфтанд.

Дориюши Бузург, шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ, дар банди ҳафтодуми сангнибиштаи сезабонаи худ дар Бистун чунин гӯяд:

Порсии бостон:

θātiy dārayavauš xšāyaθiya vašnā ahuramazdāha ima diipi[p]i[θm] taya adam akunavam patišam ariyā.

Фармояд Дориюш-шоҳ: Ба коми Ҳурмузд, ин нибишта, ки кардам, пас ба “ориёӣ” буд.

Эломӣ:

Idariyamauš Isunki nanri zaumin duramazdana Iú htuppime daae ikki huuttá harriiama.

Дориюш-шоҳ гӯяд: Ба куниши эзадии Ҳурмузд, ман нибиштае дигар кардам ба “ориёӣ”

Номи порсӣ ба рӯзгори сосонӣ

Порсӣ ба рӯзгори Сосониён порсӣг (pārsīg) номида мешуд.

Порсӣг, ки бештар ба номи паҳлавӣ шинохта мешавад, забони миёнҷӣ дар сарзаминҳои эронӣ то фурӯпошии шоҳаншоҳии Сосонӣ (дар садаи ҳафтуми тарсоӣ) мебудааст.

Дар “Хусрави Каводон ва редаке” (husrav ī kavādān ud rēdak-ē), банди панҷоҳум, ин забон барӯшанӣ “порсӣг” хонда шудааст.

HKR 50: anārgēl ka abāg šakar xvarend, ped hindūg nārikēla xvānend, ud ped pārsīg gōz ī hindūg xvānend.

Норгил, ки бо шакар хӯранд, ба ҳиндӣ (санскрит) норикела хонанд ва ба “порсӣг” гӯзи ҳиндӣ (гирду ё чормағзи ҳиндӣ) хонанд.

Намунае дигар аз “Пурсишҳои Имеди Ашаваҳиштон” (pursišnihā ī emēd ī ašavahištān):

PursEA 13,5: hāθra vāz-ē ī abestāgīg; ped ēvāz ī pārsīg frasang xvānend

“Ҳосра” вожае авестоӣ (аст), ба забони “порсӣг” фрасанг хонанд.

Порсӣг (pārsīg) аз афзудани пасванди гузорвожасоз (сифатсоз)-и “-īg”, сипастар “-ī” ба номвожаи Порс (pārs) сохта шудааст. Ориёӣ (порсии бостон)-и он “-pārsa ” аст, ки ҳам ба чами Порс бошад ва ҳам ба чами порсӣ. Санскрити он низ “pārasīka– पारसीक” бувад. Ва низ ба фарҳанг ё вожаномаи санскрит-порсӣ гӯянд: pārasī-nāmamālā

Ҳамчунин, дар забони балхӣ ба порсӣ “παρσιγο” ва “παρσαγγο” мегуфтанд. Дар забони суғдӣ ба порсӣ “порсӣк” (pārsīk) гуфтаанд. Дар арманӣ ҳам ба порсӣ “порсӣк” (պարսիկ) гӯянд.

Кунун намунаҳое аз коррафти порсӣг дар нивиштаҳои порсӣг:

Аз Дарахти осурӣ (draxt asurīg):

DA 41: pārsīg mardōm.

Мардумони “порсӣ”

Аз нивиштаҳои Турфон:

TM 3: abzaxyā ī pārsīg.

Абзахёи “порсӣ”

Аз Бундаҳишн (bundahišn):

Bd 240: sāl ī pārsīg.

Соли “порсӣ”

Дар бораи забони паҳлавонӣ

Забони паҳлавонӣ ё портӣ – вожгунаи забони порсӣ, ки баромада аз Порс аст ва дар гурӯҳи забонҳои эронии нимрӯзи душастарӣ (ҷануби ғарбӣ) ҷой дорад – баромада аз Хуросон аст ва дар гурӯҳи забонҳои эронии абохтари душастарӣ (шимоли ғарбӣ) ҷой гирифтааст.

Гӯишварони ин забон забони хешро “паҳлавонӣ” мехонданд. Гувоҳе аз нивиштаҳои Турфон:

TM 2 I : kē pahlavānīg dibīrī ud ezvān dānist.

Он, ки дабирӣ (котибӣ) ва забони “паҳлавонӣ” медонист.

Паҳлавонӣ (pahlavānīg) аз паҳлӯ ё паҳла (pahlav/ pahlō) ояд, ки худ аз решаи “parθau̯a*” аст. Ориёӣ (порсии бостон)-и он “парсава” (–parθava) бошад, ки ҳам ба чами паҳлӯ, Паҳла ва Порт аст ва ҳам ба чами паҳлавонӣ ва портӣ. Санскрити он низ “पह्लवा” (pahlavā) бувад.

“Паҳлавӣ” номи кудомин забон тавонад буд?

Номи паҳлавӣ бештар дархӯри номи забони паҳлавонӣ ё портӣ аст, то порсӣг.

Фарҷоми сухан

Ҳамон гуна, ки камтар касе санскрит (saṃskṛta)-ро ҳиндии бостон хонанд ва прокрит (prākṛta) ё ҳар гӯиши бумии ҳамреша бо санскритро ҳиндии миёна, шоиста бувад порсии бостонро “ориёӣ” ва ё “порса” ва порсии миёнаро “порсӣг” хондан.

*Овонивисиҳо бар пояи сомонаи пешниҳодӣ ва низ корҳои устод Раҳоми Аша аст.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

2+

کاربرانی که این مطلب را پسندیده اند:

  • avatar

Бифирист

.


*