Чиро нодурустнивисӣ дар Афғонистон ҳанҷор шудааст?

Иштибоҳоти дастуризабонӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории форсӣ дар болотарин сутӯҳи идорӣ ва окодемик дар Афғонистон – аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва порлумону визоратхонаҳо гирифта, то ниҳодҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо – баҳсе тоза нест, ҳарчанд барои ъалоқамандон ба забони форсӣ дар Афғонистон башиддат нигаронкунанда аст.

Инфандиёри Одина: Дар Бухоро забони порсиро булшевик аз расмият андохт, на босмачӣ

Оё пешвоёни понтуркисм дар минтақа монанди Ъабдуррауфи Фитрат, Файзулло Хоҷаюф, Ъабдулло Раҳимбоюф ва чанде дигар босмачӣ буданд ё ҷузви артиши сурх ва ҳизби булшевики Русия, ки Бухороро бумборон кард ва онҳоро бар тахт нишонд? Ин артиши сурхи Русия буд, ки Бухороро вайрон кард ва понтуркистонро дар онҷо бар тахт нишонд, на босмачиҳо! Ин артиши сурхи Русия буд, ки забони порсиро дар Бухоро мамнӯъ кард ва ба ҷояш чағатоӣ ва русиро забонҳои расмӣ кард, на босмачиҳо!

Назри Яздонӣ: Ҳар зиёии тоҷик бояд хатти порсиро бидонад

Бародари гиромӣ, зиёӣ ҳастӣ, масъул ҳастӣ, ки алифбои форсиро бидонӣ. Адабиёти худро, торихи худро, бояд бидонӣ. Омӯхтани ин алифбо ҳам он қадар мушкил нест. Ман шахсан як дарси форсиву дарси алифбои арабӣ нахондаам, вале аз синфи ҳаштум ин алифборо мехонам. Дар ин таҷрибае, ки дорам, ҳатто нафаронеро дарс додам, ки дар ҳафт дарс китобхон шуданд. Яъне, диққат лозим аст, кӯшиш лозим аст.

Чолишҳои имрӯзи забони форсӣ

Дуктур Ризо Аминӣ дар ҷустори “Чолишҳои имрӯзи забони форсӣ” ба душвориҳои пеши рӯи забони порсӣ аз ду сӯяи забонӣ ва нозабонӣ пардохтааст. Ишон дар сӯяи забонӣ вогароии се гунаи порсии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро аз якдигар баррасида ва аз сӯяи нозабонӣ ё душвориҳое, ки пайванде бо худи забон надоранд, ба ҷойгоҳи порсӣ дар Эрон, Афғонистон ва ТОҷикистон пардохтааст.

Гуфтугӯ бо Ричорд Фултз, нивисандаи китоби ‘Торихи тоҷикон: эрониёни шарқ’

Ахиран китоби тозае аз Ричорд Фултз, эроншиноси баноми омрикоӣ, таҳти ъунвони “Торихи тоҷикон: эрониёни шарқӣ” дар Мадрасаи мутолеъоти осиёӣ ва офриқоии Донишгоҳи Ландан рӯнамоӣ шуд. Дориюши Раҷабиён, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ, гуфтугӯе бо Ричорд Фултз анҷом дод, ки ба торихи шанбеи 21 урдибиҳишти 1398 (11 майи 2019) дар барномаи “Чашмандози бомдодӣ”-и родиюи Би-би-сӣ пахш шуд.

Табдили алифбо ва устод Ъайнӣ

Албатта, соли 1929 аз алифбои форсӣ ба алифбои лотинӣ ва соли 1940 аз лотинӣ ба ҳуруфи сириллик гузаштани Тоҷикистон, устод Айниро нороҳат мекард. Ба қавли Худойназари Ъасозода, ӯ «ин табаддулотро бемантиқ ва бар зарари арзишҳои адабиву фарҳангии миллат медонист», вале барои созиш бо сиёсатҳои давр зимни ишора ба “мушкил будани хати ъарабиасос” аз манфиъатҳои муҳимтари миллату давлати тоҷик дифоъ кардааст.

Посухи фарнишини Фарҳангистони донишҳои Тоҷикистон ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман 

Фарҳоди Раҳимӣ, фарнишини Фарҳангистони донишҳои (раиси Академияи илмҳо)-и Тоҷикистон, ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони ин кишвар посух додааст. Ишон дар посух ба дархости Порсӣ Анҷуман, ки «номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки «порсӣ» аст, ба расмият шинохта шавад», гуфтаанд, ки донишмандони эронӣ, афғонистонӣ ва тоҷик ҳаргиз «порсӣ/форсӣ», «дарӣ» ва «тоҷикӣ»-ро се забони ҷудо надонистаанд…

Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Фарорӯдон буд. Дар ин сада забони порсӣ зарбаҳое бисёр сахт хӯрд, осебҳое бисёр дид ва сусту нотавон гардид. Акнун, дар замони фархундаи Истиқлол, умед аст ончи забони мо дар садаи бистум аз каф дод, дар садаи бисту якум дубора ба даст оварад. Ва шумо бузургворон дар ҷойгоҳи раҳбарӣ ва намояндагии сарзамини ниёкони хирадмандамон бар ин кори бузург тавоноед.

Пешинаи забони порсӣ ва мушкили номи расмии он дар Тоҷикистон

Сомониён порсиро бар курсии заррине нишонданду ба забони дуюми ҷаҳони ислом табдил доданд ва забони адабиёти мондагори ҷаҳон карданд! Ҳоло чигуна мешавад, ки Исмоъили Сомониро бунёдгузори давлати мутамаркази тоҷикон дар ҳудуди 1200 сол пеш бидонему муҷассамаи ӯро ҳамчун намоди давлатдории миллии худ дар маркази пойтахти имрӯзиямон бунёд кунем, аммо забонеро, ки худи Сомониён ПОРСӢ номидаанд, напазирем?

Нигоҳе ба корномаи устод Ядуллоҳи Самара

Самара дар соли 1347, дар гурӯҳи забоншиносии Донишгоҳи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ӯ гурӯҳи забоншиносиро аз гурӯҳи фарҳанг ва забонҳои бостонӣ ҷудо кард ва барномаҳояшро аз нав нивишт ва нахустин мудири гурӯҳи забоншиносии ҳамагонӣ буд ва бо панҷ сол кӯшиши шабонарӯзӣ аз ин гурӯҳ гурӯҳе пӯё ва намуна сохт. Яке аз корҳои арзандаи Самара нивиштани нибегҳое барои омӯзиши забони порсӣ ба бегонагон будааст. Дар ин росто, пеш аз инқилоб, нибеги “Омӯзиши забони муҳовараӣ ба хориҷиён”-ро нивишт.

1 2 3 4 6