«Якпорчагии сарзаминӣ» ҳамон «тамомияти арзӣ»-ст

Куруши Ҷаннатӣ: «Якпорчагии сарзаминӣ» баробари порсии тамомияти арзист. Агар имрӯз бар сари забонҳо афтода ҳосили чанд даҳа кӯшиши порсигароён аст. Ҳамчунин ба нигар мерасад, ки якпорчагии сарзаминӣ вожаи дархуртаре аз тамомияти арзист; зеро ҳам порсист ва ҳам дақиқ. Вожаи «сарзамин» обҳо ва кӯҳҳо ва хокро якҷо дарбар мегирад, дар ҳоле ки вожаи «арз» эвоз(сирфан) расонандаи маънои замин аст ва кӯҳу дарё ва …ро бояд маҷозӣ бар он бор кард.

Исфандиёри Одина: Чиро раҷазхонӣ дар ҷанг муҳим аст?

Исфандиёри Одина: Шояд бисёре аз Шумо мусобиқоти куштии каҷи амрикоиро тамошо карда, мумкин аст, аз шеваҳои зӯрозмоии паҳлавонони ғӯлпайкар дар он лаззат бурда бошед. Ман ҳам ба ин мусобиқот, ки таркибе аз саргармию варзиш аст, алоқа дорам. Бавижа ҳангоме, ки баъзе аз мавориди пирӯзии адолат бар зулмро дар он мебинам, аз фароянди расидан ба ин пирӯзӣ ҳаяҷонзада мешавам. Аз вижагиҳои умдаи ин мусобиқот он аст, ки паҳлавоне рӯи саҳна меравад ва бо гуфтани суханоне таҳрикомез ҳамтоёнашро ба набард мехонад. Ба ин навъ лаффозӣ ва каломи таҳрикомез дар забон ва адаби мо “раҷазхонӣ” мегӯянд.

Забони Мулдовӣ ‘румониёӣ’ шуд, забони мо кай ‘форсӣ’ мешавад?

Исфандиёри Одина: Корзори мардумии мушобеҳе дар Тоҷикистон ҳам дар замони бозсозии Гурбочуф шурӯъ шуда буд, ки ба тасвиби нахустин қонуни забон дар соли 1989 анҷомид. Дар матни он қонун номи забони расмии кишвар “тоҷикӣ (форсӣ)” хонда шуда буд.
Мардум ҳам бо шавқу шӯр ба омӯзиши хатти форсӣ пардохтанд ва қарор буд, Тоҷикистон дар муддати панҷ сол хатти порсиро расмӣ кунад. Нашрияҳо сафаҳоте барои омӯзиши “хатти ниёкон” доштанд ва дарсҳои омӯзиши ин хат аз телевизиюн ҳам пахш мешуд. Дар китобфурӯшиҳо кутуби форсӣ фаровон буд. Бархе нашрияҳо ҳам сафаҳотеро ба хати порсӣ мунташир мекарданд.

Дижи устувори шалахтанивисӣ

Аббос Салими Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Вебгоҳи «Варзиши се» аз пурбинандатарин пойгоҳҳои хабарии Эрон аст ва бештар мухотабонаш ҳам ҷавонон ва навҷавононанд. Ин расона, бо инҳама ному овоза, на виросторе дорад ва на хабарнивисонаш ба чизе, ки менивисанд, аҳаммийят медиҳанд. Дуруст он аст, ки бигӯем бештари хабарнигорон ва ёддоштнивисон ва дастандаркорони вебгоҳи «Варзиши се» улгӯҳои шалахтанивисӣ ҳастанд, аммо ин ҳамаи достон нест ва онон гоҳе камдонӣ (агар нагӯем ғаразварзӣ)-ро ҳам бар шалахтанивиси меафзоянд ва чи гуфтанашон ҳам ҳамонанди чигуна гуфтанашон мешавад.

Эроншаҳр ва бархе бунпорҳояш

Ҷовиди Ашконӣ: Равшан аст, ки номи сарзаминҳо, шаҳрҳо ва ҷойномҳо барои ҳар пижӯҳанда калиде арзишманд аст; зеро ин номҳо бозгӯкунандаи зистбум ё сарзамин ва нишондиҳандаи забон, фарҳанг, маниш ва шеваҳои шаҳройинии онон аст. Бар ин бунёд, номи «Эроншаҳр» яке аз он калидвожаҳои барҷоймондаи торих аст, ки ному нишон ё шиносномаи худро дар сангнибиштаҳо, нибигҳо ва донгҳо (сиккаҳо) бозмегӯяд.

Нигоҳе гузаро ба чанд шеъри меҳанӣ аз шоъири тоҷикистонӣ

Аббос Салимии Онгил: Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, пайвандҳои мардумони Эроншаҳр устувортар шуд ва дар даҳаҳои ахир сарояндагони бисёре дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар устувортар кардани ҳар чи бештари ин пайвандҳо қалам задаанд. Бошад, ки андешаи эроншаҳрӣ подзаҳри идиулужиҳои нажодпарастона ва қавмгароёна шавад.

Мадрасаҳои туркияӣ дар паҳнаи Эроншаҳр

Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Сиёсати хориҷии Туркия аз солҳои поёнии Хилофати Усмонӣ то кунун, беш аз як сада, дигаргунии бунёдине надоштааст. Усмонӣ дар ҷанги ҷаҳонии нахуст аз ошуфтагии давлати Эрон ва дарбори Қоҷор баҳра бурд ва номи сарзамини Аррон ва Шарвонро ба Озарбойҷон дигаргун кард[1] ва ҳамзамон дар Фарорӯдон (Осиёи Миёна) андешаҳои понтуркистиро таблиғ мекард.[2] Ин рӯзҳо низ давлати Туркия ҳам дар Аррон ва Шарвон нерӯи низомӣ ва нуфузи иқтисодию фарҳангӣ дорад ва ҳам дар Фарорӯдон ва низ дар Афғонистон.

Дамидани шайпур аз сари гушод: оё эрониён нажодпарастанд

Аббос Салимии Онгил: Дуруст он аст, ки бигӯем бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ дар чанд садаи ахир, вожагоне чун «рӯсиёҳ» ва «сиёҳсӯхта» ва… мояи ранҷиши сиёҳпӯстон мешавад ва чи беҳтар, ки ба кор нараванд, на ин ки шаклгирии ин вожаҳо ва душномҳоро натиҷаи нажодпараст будани гӯяндагонаш донист, ва онгоҳ фошисм ва нозисм ва санъати бардадории Омрикоро бо вожаи «рӯсиёҳ» ва нақши канизи матбахӣ дар хонаводаҳои аъёни эронӣ ҳамкоса кард ва яке пиндошт!

Забони модарӣ ва кӯдакони мо

Шамсияи Қосим: Забони модарӣ ва кӯдакони мо дардест мушкил, ки ҳамеша дар зеҳнам мечархид, аммо тайи чанд муддат бештару бештар диламро афгор кардааст, чун фарзанди хурди дар ҳоли омӯзиши забони модарӣ ва ташаккули зеҳн дорам. Бачаам сесола шуду ин мушкил ҳам ҳамроҳи писарам дар ҳоли бузург шудан аст ва бештар ҳис мешавад.

1 2 3 4 5 8