Устод Шаҳриёр: Озарбойҷон конуни забони паҳлавӣ ва нажоди ориё буд

Устод Шаҳриёр на танҳо яке аз чомасароёни номдори забони порсӣ дар рӯзгори мост, ки меҳандӯсте огоҳ низ буд. Ин эрондӯстии ӯ дар чомаҳояш, ҳамчун сурудаи Тахти Ҷамшед ё Дар ситоиши Фирдавсӣ, бозтобе густарда дорад. Ӯ ба некӣ аз ин ростии торихӣ огоҳ буд, ки забони Озарбойҷон пеш аз турктозии туркон гӯише аз забони порсӣ бо номи паҳлавии озарӣ буда ва бар ҳамин поя аст, ки барӯшанӣ мегӯяд, ки “Озарбойҷон конуни забони паҳлавӣ будааст.

‘Pārsīg Language’ номзади ‘Китоби сол’ шуд

Забони порсиг (паҳлавӣ), нивиштаи Раҳоми Аша ба забони инглисӣ, ки соли гузашта барои нахустин бор дар Эрон ба чоп расид, номзади “Китоби сол”-и Эрон шудааст. Аша намунаҳои ин нибегро дар беш аз яксад нивиштаи порсиг (ҳар нивиштаи порсиге, ки то кунун ба дасти мо расида) баргузидааст.

Забони форсӣ ва ҳукуматҳои туркон

Аз салотини ғазнавӣ, ки дарборашон маркази аҳли шеър ва ъилму адаб буд, дар дарбори дигар силсилаҳои бузургу кӯчаки туркнажод ҳам бозори шеъру адаби форсӣ гарм буд, то бад-он ҳад, ки бархе аз ин фармонравоёни туркнажод худ низ ба забони форсӣ шеър месуруданд. Чунонки аз Қарохониён Амир Бурӣ-Такин, Ҷалолуддини Қилиҷ-Тамғоҷхони Иброҳим, ва Нусратуддини Қилиҷ-Арсалон Хоқони Ъусмон на фақат забони форсиро фаро гирифта буданд, балки ба ин забон шеър низ месуруданд.

Боргирии ‘Озаригон’ аз Содиқи Киё

Озарӣ пеш аз турктозии туркон ба Эрон ва ҳамагирии туркӣ дар Озарбойҷон гӯиши мардумони Озарободагон будааст, ки ҳануз низ ба гунаҳое аз он дар бархе аз ободиҳои Озарбойҷон сухан гуфта мешавад. Ин гӯиш дар дастабандии забонҳо ва гӯишҳои эронии абохтари душастарӣ (шимоли ғарбӣ) ҷой дорад. Гунаҳои зиндаи ин гӯиш инак “тотӣ” хонда мешавад.

Ҳушдори дуктур Шафеъии Кадканӣ дар бораи барномаҳои забонии душманон

Забони порсии кунунӣ, чунон ки медонем, дунболаи забони порсиг (паҳлавӣ) аст ва порсиг низ дунболаи забони порса (порсии бостон). Ин забони порсӣ аз ҳамон оғоз коркарде фароқавмӣ ёфт ва ба гунае табиъӣ забони миёнҷӣ ва меҳании ҳамаи қавмҳои эронӣ шуд. Қавмҳои эронӣ, барканор аз ин ки ба кудом як аз забонҳо ва гӯишҳои эронӣ сухан мегуфтанд, забони форсиро низ ба ъунвони забони меҳанӣ ва миёнҷӣ аз они худ медонистанд.

Порсӣ ва Озарбойҷон: ду ҷустор аз Дуктур Аронӣ

Дар ин ду ҷустор Аронӣ бар боистагии посдошти Эрон ва густариши забони миллии Эрон пардохтааст ва дар ҷойгоҳи як эронии озарбойҷонӣ посухе кӯбанда ба понтуркистҳои ъусмонӣ додааст. Аронӣ дар “Озарбойҷон ё як масъалаи ҳаётию мамотии Эрон” нивисад: “Озарбойҷон, чунонки аз исмаш пайдо ва ошкор аст, мазҳари оташи муқаддасест, ки рӯшноии фикр ва ҳарорати рӯҳи эрониро дар адвори мухталифа ба ъоламиён нишон дода…”

Боргирии ‘Забони Озарбойҷон’, нивиштаи Муҳаммадризо Шиъор

Пажӯҳишҳои торихӣ ва забоншинохтӣ барӯшанӣ нишон медиҳанд, ки то пеш аз турктозии туркону муғулон ба Эронзамин забони Озарбойҷон гӯише аз порсӣ будааст, ки пажӯҳишгарон онро “паҳлавии озарӣ” хондаанд. Паҳлавии озарӣ бо он ки кунун ҷои хешро ба туркии озарӣ дода, бо ҳамаи ин, вожаҳое пуршумор аз он дар забони имрӯзи Озарбойҷон бар ҷой мондааст.

Омӯзишу парвариш дар Эрони бостон

Ба замони Сосониён ду ниҳоди омӯзишу парвариши кӯдакон буд: дабиристон ва ҳирбадистон. Кори дабиристон омӯзиши хондану нивиштан буд ва кори ҳирбадистон омӯзиш барои муғ гаштан. Гуфтори Раҳоми Аша дар бораи омӯзишу парвариш дар Эрони бостон бар пояи нивиштаҳои бостонии барҷоймонда аст.

Эрон ва Эроншаҳр

Вожаи порсиги “эрон” (ērān) ба чами “ориёиён” аст ва “эроншаҳр” (ērānšahr) номи шоҳаншоҳии Эрон буд ба рӯзгори Сосониён. Шопур дар сангнибиштаи сезабонааш дар Каъбаи Зардушт хешро “фармонравои Эроншаҳр” шиносонд. Сипастар вожаи pārs(īg) – “порс, порсӣ” барои ҳамаи мардумон ва сарзаминҳои эронӣ ба кор рафт; ва номи Порс ҳамтои номи Эроншаҳр шуд.

Номи забони аҳли Фарорӯд дар манобеъи куҳан

“Бидон, ки бештари шаҳрҳои аъоҷим (ъаҷамиҳо) ба номи афроде, ки онро поярезӣ кардаанд, номгузорӣ шудааст, дар маҳалли худаш иншоаллоҳ ҳар якеро тавзеҳ хоҳем дод. Ва забони ин иқлимҳои ҳаштгона ъаҷамӣ аст, магар бархеро дарӣ хонанд ва бархеро печида, аммо ҳамаи онҳо як ном дорад, ки “форсӣ” номида мешавад…”

1 2 3 4 5 7