Устод Шаҳриёр: Озарбойҷон конуни забони паҳлавӣ ва нажоди ориё буд

Порсӣ Анҷуман: Устод Шаҳриёр на танҳо яке аз чомасароёни номдори забони порсӣ дар рӯзгори мост, ки меҳандӯсте огоҳ низ буд. Ин эрондӯстии ӯ дар чомаҳояш, ҳамчун сурудаи Тахти Ҷамшед ё Дар ситоиши Фирдавсӣ, бозтобе густарда дорад.

Шаҳриёр, ки худ аз Озарободагон буд ва бад-он бум меҳре бисёр дошт, озарбойҷондӯстияш бар пояи эронпарастияш буд. Аз ҳамин рӯ буд, ки гуфт:

Туркии мо бас ъазиз асту забони модарӣ,
Лек агар “Эрон” нагӯяд, лол бод аз вай забон!
Мард он бошад, ки ҳақ гӯяд, чу ботил рахна кард,
Ҳам биистад бар сари паймони ҳақ то пои ҷон.

Шаҳриёр бад-инҷо низ пеш аз хондани ғазали “Пар мезанад мурғи дилам бо ёди Озарбойҷон” мегӯяд: “Конуни нажоди ориё, дарвозаи Шарқ, дарвозаи Ғарб, ҳама, Озарбойҷон будааст.”

Ин суханони устод Шаҳриёрро дар зер бишнавед:

Ин гуфтаҳо нишондиҳандаи огоҳии торихи Шаҳриёр аст. Ӯ ба некӣ аз ин ростии торихӣ огоҳ буд, ки забони Озарбойҷон пеш аз турктозии туркон гӯише аз забони порсӣ бо номи паҳлавии озарӣ буда ва бар ҳамин поя аст, ки барӯшанӣ мегӯяд, ки “Озарбойҷон конуни забони паҳлавӣ будааст.”

Ӯ ҳамин суханонро дар сурудае дигар, дар посух ба бегонагароёне, ки озарбойҷониёнро бадурӯғ турк медонанд ва мехонанд, низ бозгуфтааст.:

Ту ҳамоюн маҳди Зардуштиву фарзандони ту,
Пури Эронанду покойин нажоди ориён.
Ихтилофи лаҳҷа миллият назояд баҳри кас,
Миллате бо як забон камтар ба ёд орад замон.
Гар бад-ин мантиқ туро гуфтанд “эронӣ наӣ”,
Субҳро хонанд шому осмонро ресмон.
Модари Эрон надорад чун ту фарзанде далер,
Рӯзи сахтӣ чашми уммед аз ту дорад ҳамчунон.
Бекас аст Эрон, ба ҳарфи нокасон аз раҳ марав,
Ҷон ба қурбони ту, эй ҷонона Озарбойҷон!

Ё дар сурудаи дигараш Дар ситоиши Фирдавсӣ:

Фалак якчанд Эронро асири турку тозӣ кард,
Дар Эрон хони яғмо дид тозӣ, турктозӣ кард.
Ватанхоҳе дар Эрон хонумонбардӯш шуд чанде,
Ба ҷуз дар синаҳо оташкада хомуш шуд чанде.
Чу аз Шаҳнома Фирдавсӣ чу раъде дар хурӯш омад,
Ба тан эрониёнро хуни миллийят ба ҷӯш омад.
Забони порсӣ гӯё шуду тозӣ хамуш омад,
Зи кунҷи халвати дил Аҳриман рафту Суруш омад.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*