Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он

“Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он” нивиштаи Жолаи Омӯзгор ва зиндаёд Аҳмади Тафаззулӣ аст, ки зиндаёд Эраҷи Вомиқӣ ин модаён (=китоб)-ро дар ҷустори зер баррасида ва банекӣ шиносондааст.

Вожагузинӣ дар даврони сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар бажарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

Боргирии “Фарҳанги кӯчаки забони паҳлавӣ”-и МакКензӣ (нусхаи порсӣ ва инглисӣ)

“Фарҳанги кӯчаки забони паҳлавӣ”, нивиштаи Дейвид Нейл МакКензӣ, дарбардорандаи наздик ба 4000 вожаи порсиг (=паҳлавӣ) аст. МакКензӣ кӯшидааст, то овонивисии вожаҳо наздик ба овое бошад, ки дар садаи севуми тарсоӣ – даврони шукуфоии шоҳаншоҳии Сосонӣ – корбурд дошта бошад. Нусхаи порсӣ ва инглисии ин китобро аз пайвандҳои зер боргирӣ кунед.

Нигоҳе ба фарҳангҳои забони паҳлавӣ

Куҳантарин фарҳангҳои барҷоймондаи забони паҳлавӣ ба номҳои “Уим Эвак” ва “Фарҳанги Паҳлавиг” ба даврони Сосониён мерасад. Аммо торихи нигориши онҳоро метавон дар бозаи поёнии он даврон то садаи севуми ҳиҷрӣ ҷой дод. Ваҷҳи тасмияи фарҳанги “Уим Эваг” ин аст, ки нахустин сарвожа (мадхал)-и он уим вожае авестоӣ ба маънии “як” аст ва дар муқобили он эваг вожае паҳлавӣ боз ба маънии “як” омадааст. Ҳамчунон ки аз ин номгузорӣ бармеояд, ин асар як фарҳанги авестоӣ ба паҳлавӣ аст. Дар ин фарҳанг 1000 вожаи авестоӣ ба 2250 вожаи паҳлавӣ баргардонда шудааст.

Дориюши Раҷабиён: Ман тоҷикам, яъне эронӣ” (посух ба Иброҳим Усмонов)

Имрӯза бо тағйиру таҳаввуле, ки дар таркиби қавмию нажодии афрод сурат гирифта, суҳбат аз қавми сараву поки порс ё ҳар қавми дигаре бемаъност. Бад-ин ҷиҳат, ҳар он касро, ки аз нажоди эронисту забони модариаш порсист, мешавад “порс” номид. Садриддин Айнӣ дар соли 1919 ҳеч ибое надошт, ки тоҷиконро “форсиён” биномад ва дар мақолае навишта буд: “Бадбахтона, мо, форсиён, ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем” (“Танвири афкор”, 1919). Ва “форсиён” барои устод Айнӣ ва бузургони дигари даврон мутародифи вожаи “тоҷик” буд.

Нигоҳе ба гузарвожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав

Забони паҳлавӣ ё порсии миёна наздик ба як ҳазора забони расмии ду хонадони эронии Ашконӣ ва Сосонӣ будааст. Вожаҳои фаровоне аз забонҳои авестоӣ ва порсии бостон ба забони паҳлавӣ расида ва аз онҷо вориди забони порсии нав шудаанд. Ҳамчунон ки сангрезаҳои кафи рӯдхона ҳарчи бештар дар гузари об бошанд, бештар собида мешаванд, вожаҳо ҳам дар дарозои замон ҳарчи бештар ба кор гирифта шаванд, кӯтоҳтар мешаванд. Бар ин поя, дар гузари табиъии вожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав дигаргуниҳое рух додааст:

Боргирии “Худомӯзи курдии суронӣ”-и Чангизи Паҳлавон

“Худомӯзи курдии суронӣ” нивиштаи дуктур Чангизи Паҳлавон, бунёдгузори нигараи “ҳавзаи тамаддуни эронӣ”, аст, ки дар пойизи 1392 чоп шуда ва дар “Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ” ҷо гирифтааст. Ин дафтар пас аз “Худомӯзи курдии курмонҷӣ”, ки дар баҳори 1392 дар дастраси дӯстдорони забонҳои эронӣ ниҳода шуд, дувумин дафтар аз ин маҷмӯъа ба шумор меояд.

Донишманди тоҷик: Эронӣ ҳастем ва забонамон порсӣ аст (бахши дувум)

Дуктур Сафари Абдуллоҳ: Эрон дар тӯли торих сарзамини воҳиде буд ва масалан Камоли Хуҷандӣ метавонист бароҳатӣ дар Хуҷанд зода шаваду дар Табрез бимирад. Ва ё Оли Хуҷанд дар Исфаҳон ба сар барад ва ё нишопуриҳо дар Самарқанд ҳукумат кунанд ва ғайра. Ин як замон кишвари воҳиде буда ва моро пора-пора карданд ва мо бояд талош кунем, ки забонамон ва фарҳангамон яксон бимонад.

Тот ва тотӣ ва тоҷик

Равоншод пруфесур Моркворти олмонӣ вожаи “тоҷик”-ро сиришта аз ду баҳри “то” (=зердаст) ва “чик” (=адоти тасғири туркӣ) дониста, онро “зердасти кӯчак” маънӣ кардааст (2) ва мегӯяд туркон мардуми зердасти худ, бавижа эрониёнро бо ин ном хондаанд ва аз инҷост, ки гурӯҳе аз эроннажодон ва порсизабонони Вароруд (Мовароуннаҳр), ки акнун берун аз марзҳои сиёсии Эрон ба сар мебаранд, бо ҳамон номи “тоҷик”, ки аз сӯйи ҳамсояҳои туркашон ба онон дода шудааст, номида мешаванд.

1 4 5 6 7