Чиро Каззозӣ сара сухан мегӯяд?

کزازیМир Ҷалолиддини Каззозӣ ба ин пурсиш, ки чиро ба порсии сара сухан мегӯяд, посух дод.

Ин устоди забон ва адаби порсӣ, ки ба гуфтаи худаш, ду даҳа аст, ки ҷуз вожагони порсӣ вожае дигар ба кор набурдааст, дар зодрӯзи шасту панҷсолагияш дар гуфтугӯ бо ИСНО (Хабаргузории донишҷӯёни Эрон) ба пурсише, ки бисёре аз дилбастагон дӯст доранд дар бораи он бидонанд, посух дод: Ин ки чаро ҷуз вожагони порсӣ аз вожаҳои забонҳои дигар баҳра намебарад?

Каззозӣ мегӯяд: “Ду даҳа пеш бовар кардам, ки метавон ба ёрии забони порсӣ шитофт, то аз газанду осеби рӯзгор дар амон бошад. Аз ҳамин рӯ, бар он шудам, то бад-ин шева гуфтан ва навиштанро оғоз кунам.”

Ин нависанда ва пажӯҳишгар мефармояд: “Ин шеваи гуфтан ва навиштан намунае санҷида ва баойин аз адабу забони порсиро барои дӯстдорони ин забон ба ёдгор мениҳад.”

Бо форсии сара гуфтанҳояш мешиносемаш, бо инки касе вожаҳои ғайри порсӣ ва арабӣ ва фарангиро бо садо ва овои ӯ нашунидааст. Бо лабхандҳои ором ва чеҳрае фарох, бо вожаҳои душвори форсии камтар шунидашудае, ки ба забон меронад, мешиносемаш. Бо китобҳое, ки оғозаш навишта ба тарҷумаи “Мир Ҷалолиддини Каззозӣ” мешиносемаш, бо шеърҳое, ки номи шоъир дар поёнаш бо тахаллуси “Зарвон” омадааст. Ӯро бо пуштибонӣ, ки аз Эронзамин ва ориёиён ва адаби порсӣ ва тамаддуни мо мекунад, мешиносем, бо Кирмоншоҳони баланду боиқтидоре, ки мегӯяд. Каззозӣ, яъне “Обу ойина”, “Бекаронсабз”, “Порсову тарсо”, “Рухсори субҳ”, “Номаи бостон”, “Дидор бо аждаҳо” ва чандин китоби дигаре, ки навиштааст. Каззозӣ, яъне садҳо тарҷума аз “Анаид” ва “Виржил” ва “Илиёд” ва “Удиссе”-и Ҳумер ва афсонаҳову ҳамосаҳое аз саросари ҷаҳон, ки ӯ бозгардондааст. Ӯ одамест, ки испониёиву фаронсавӣ ва олмониву инглисӣ медонад ва боз ин тур порсӣ сухан мегӯяд.

Мир Ҷалолиддини Каззозӣ зодаи бисту ҳаштуми даймоҳи соли ҳазору сесаду бисту ҳафт (1327) дар Кирмоншоҳ аст ва ин рӯзҳо зодрӯзи шасту панҷсолагиаш аст бо солҳо навиштану сурудан ва хондану тарҷума кардан.

Матлаби порсиро инҷо бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*