Забони форсӣ ё “тоҷикӣ”: Рӯйоварӣ ба ҳамбастагӣ ё гусастагии фарҳангӣ?

Дуктур Ҷалили Дӯстхоҳ

جلیل-دوستخواه1-300x174Бар пояи гузориши расонаҳо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо аз тасвиб гузарондани қонуне номи забони расмии он кишварро “тоҷикӣ” донист ва корбурди “форсии тоҷикӣ”-ро мамнӯъ шумурд! Бо таассуф бояд гуфт, ки ин иқдоми нораво гом ниҳодан дар роҳи бозгашт ба гузашта аст!

Дар нахустин солҳои шаклгирии ҳукумати шӯравии пешин назарияпардозони ҳизби кумунисти Русия (“ҳизби бародари бузургтар”!) дар ростои сиёсати марзбандӣ ва кишварсозӣ дар сарзаминҳои ҷуз Русия, ки бо тохтутозҳо ва дастёзиҳои давлати Русияи тезорӣ ба кишвари Русия мулҳақ гардонида шуда буд ва ба манзури пешгирӣ аз рӯйкарди дигарбораи мардуми он сарзаминҳо ба хостгоҳҳои торихӣ, ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии худ, ба номгузорӣ ва марзбандӣ ва кишварсозӣ ва қолаб задани номҳо ва унвонҳои тозаву сохтагӣ барои кистии (ҳувийяти) торихӣ, забонӣ, адабиву фарҳангии онҳо пардохтанд ва хатти куҳани форсиро ба хатти бегонаи сириллик (русӣ) табдил карданд, то ҳамаи ганҷинаи фарҳангу адаби ниёкон аз дастраси наслҳои ҷадид дур бимонад ва як гусасти бузурги торихиву фарҳангӣ падид ояду ҳофизаи торихии мардумон пок шавад, ки мутаассифона шуд ва бароянди онро мебинем!

Падидор шудани шумори зиёде “ҷумҳурии” ба истилоҳ “сусиёлистӣ” бар нақшаи ин бахш аз ҷаҳон, дар амал ангезаи танишҳову нобаҳанҷориҳое шуд, ки баъд аз наздик ба як сада ва дар пайи фурӯпошии он ҳукумат низ ҳанӯз барҷо ва мояи ранҷу шиканҷи гурӯҳҳои қавмии фурӯафтода дар он “тоси лағзанда” аст ва меросхӯрони рус ва ҷуз руси он шуъбадабозӣ ҳамчунон бар пойбандӣ бар он бисот исрор меварзанд.

Ноҳамгунии забони кунунии мардуми Тоҷикистон ва бисёре дигар аз сокинони Фарозрӯд (Осиёи Миёна) бо забони форсии меъёр дар Эрон танҳо ихтилофи гӯишӣ аст ва на ҷудоии сохтории забоншинохтӣ, ва дар ниҳоят, аз тафовути миёни форсии гуфторӣ ва навиштории расмӣ бо гӯишҳо ва шохаи забонҳо ва лаҳҷаҳои гуногун дар паҳнаи Эрон дарнамегзарад.

Кишвари кунунии Тоҷикистон бахше аз сарзаминҳои эронии куҳанбунёди Фарозрӯд (Фарорӯд, Варорӯд, Варазрӯд) бо пешинаи ҳазоронсолаи забони форсӣ ва фарҳанги муштарак бо дигар гурӯҳҳои эронӣ, яке аз натиҷаҳои барномаи ёдкардаи русиён аст. Аммо ба рағми ҳамаи ин тамҳидҳо ва бозиҳои ҳадафманд тоҷикон дар ҳамин колбади сиёсии кунунӣ низ – ҳатто бо гунҷонида шудани бахше аз онҳо дар даруни хаткашие номбурдор ба “Узбакистон” – ҳамчунон форсизабонони эронифарҳанганд ва дилу ҷонашон пайванду паймоне ногусастанӣ бо Эрон ва эронӣ дорад. Онон “Шоҳнома”-и Фирдавсиро ҳамосаи миллии худ медонанд ва филмҳои синемоии Суҳробу Сиёвушро бар бунёди он сохтаанд ва ҳангоме ки ба таъбири сиёсӣ эъломи истиқлол аз маҷмӯъаи Русия карданд, бо бардоштани тандиси Ленин аз конуни шаҳри Душанбе тандиси Фирдавсиро ба ҷойи он барафроштанд ва аз он сарбанд то кунун – ба гуфтаи дӯстам Нусратуллоҳи Нӯҳи Симнонӣ:

“Фирдавсии шеърофарин, истода бар ҷойи Ленин.”

Солҳо пеш аз ин дуктур Вазируф, вазири фарҳанги вақти Тоҷикистон, дар сафаре ба Эрон гуфт: “Дар Тоҷикистон модарон шабҳангом бо хондани шеъри Ҳофиз кӯдакони худро мехобонанд ва девони Хоҷаи Шерозро дар зери болиши онон мегузоранд, то хобе орому хуш дошта бошанд.”

Камоли Хуҷандӣ, шоъири аҳли Хуҷанд, дар густараи ҷуғрофиёии кунунии Тоҷикистон дар ситоиши Исфаҳон гуфт:

Исфаҳон ниме аз ҷаҳон гуфтан,
Ниме аз васфи Исфаҳон гуфтан.

Ва ҳамаи эрониён Рӯдакии аҳли ҳамон сарзаминро баҳақ падари шеъри форсӣ мешуморанд.

Пас ин парво ва парҳез аз корбурди унвони “форсӣ” барои забони расмӣ ва роиҷи кунунӣ дар Тоҷикистон барои чист ва чи маъное ҷуз даҳанкаҷии як бародар (хоҳар) ба бародар (хоҳар)-и худ, он ҳам танҳо бар пояи бозиҳои сиёсӣ, метавонад дошта бошад!?

Ноҳамгунии забони кунунии мардуми Тоҷикистон ва бисёре дигар аз сокинони Фарозрӯд (Осиёи Миёна) бо забони форсии меъёр дар Эрон танҳо ихтилофи гӯишӣ аст ва на ҷудоии сохтории забоншинохтӣ, ва дар ниҳоят, аз тафовути миёни форсии гуфторӣ ва навиштории расмӣ бо гӯишҳо ва шохаи забонҳо ва лаҳҷаҳои гуногун дар паҳнаи Эрон дарнамегзарад.

Чашмдошти мо аз хоҳарону бародаронамон дар Тоҷикистон ин аст, ки ториху фарҳангу забони муштаракамонро фидои гароишҳову рӯйкардҳои рӯзмарраи сиёсӣ накунанд.

Гуфтанӣ аст, ки дар худи Эрон қашқоиён, ки забони модарияшон шохае аз забонҳои туркӣ аст, форсизабононро “тоҷик” меноманд ва ошкоро мебинем, ки ин унвонро барои ҳар кас ки забони модарӣ ва аслияш форсӣ аст, ба кор мебаранд ва тоҷикро на ба маънии касе аз сарзамине дигар, балки ба мафҳуми ҳар эронии форсизабон ва ҷуз (ғайр аз) қашқоии туркизабон мегиранд.

Аз сӯи дигар, ҳамакнун шоҳиди онем, ки моҳномаи адабӣ-фарҳангии муътабари “Бухоро” дар Теҳрон на танҳо номи худро аз номи яке аз хотираангезтарин шаҳрҳои эронии Фарозрӯд гирифтааст, балки дар ҳар шуморааш, бахше ба номи Тоҷкистон дорад, ки дар он хонданиҳое судманд ва огоҳонанда аз навиштаҳои тоҷикону эрониёнро нашр медиҳад ва ҳеч хонандае эҳсос намекунад, ки сухан аз сарзамину мардум ва фарҳанге ғариба ва ҷузэронӣ дар миён аст.

Ҳар гоҳ мардум ва давлати Тоҷикистон бар он бошанд, ки ҳамчунон дар як чаҳорчӯби ҷуғрофиёӣ ва сиёсӣ ва идории ҷудо аз Эрон бимонанд, ин гузиниш ва ҳаққи бечуну чарои онҳо сазовори эҳтиромгузорӣ аз сӯи мо эрониён ва дигарон аст. Аммо чашмдошти мо аз хоҳарону бародаронамон дар Тоҷикистон ин аст, ки ториху фарҳанг ва забони муштаракотамонро фидои гароишҳову рӯйкардҳои рӯзмарраи сиёсӣ накунанд.

Мисоле бизанам: Забони  инглисӣ забони инглусоксунҳо ва дар асл, забони бахши бузурге аз мардуми ҷазираи Бритониё аст. Аммо имрӯза забони расмиву идории кишварҳои паҳноваре ҳамчун Устролиё, Конодо, Ҳиндустон, Покистон ва ҷуз он низ ҳаст. Оё касе дар ҷое шунида ё хондааст, ки мардуми ин сарзаминҳо бигӯянд, ки ин забон бо ин ном забони мардуми Бритониёст ва мо бояд ҳамон забонро бо ҳамон сохтор ва чаҳочӯб (гирам, ки бо порае вижагиҳои ҷудогона дар талаффузу наҳваи корбурди бархе аз вожаҳову калидвожаҳо) ба номе дигар ҷуз инглисӣ биномем?

Агар Фирдавсӣ, шоъири муштарак ва бузурги эрониён ва ҳамаи ҳамзабонону ҳамфарҳангони онон, забони худро “форсӣ” ё “дарӣ” ё “форсии дарӣ” меномад, чӣ ангезае касоне аз тоҷикон имрӯз (ҳамон дӯстону дӯстдорони “Шоҳнома” ва Фирдавсӣ ва фарҳанги эронӣ)-ро бар он медоранд, ки нисбат ба пешинаи ҳазоронсолаи забони худ ва ёдгори дурахшони шоъири маҳбуби худ чунин бепарво ва ноҳамдилона рафтор кунанд?

Акнун пурсиданӣ аст, ки агар тоҷикон Фирдавсиро, чунон ки гуфта шуд, ба манзалаи шоъири миллии худ мешиносанду ҷашни ҳазораи сароиши “Шоҳнома”-и ӯро бармегузоранду тандиси вайро дар қалби пойтахти худ бармеафрозанд ва медоле барои бузургдошти ӯ нашр медиҳанд ё нигораи чеҳраи вайро бар парчами миллии худ ба намоиш дармеоваранду китобхонаи бузурги миллии худ дар шаҳри Душанберо Китобхонаи миллии Абулқосими Фирдавсӣ меноманд ва Наврӯз, ҷашни миллии худ ва ҳамаи эронифарҳангонро бо шӯру шукӯҳи тамом барпо медоранд, оё ҳеч гоҳ дар ҷое аз “Шоҳнома” дидаанд, ки Фирдавсӣ аз забони худ ба номи “тоҷикӣ” ёд карда бошад?

Пас агар Фирдавсӣ, шоъири муштарак ва бузурги эрониён ва ҳамаи ҳамзабонон ва ҳамфарҳангони онон, забони худро “форсӣ” ё “дарӣ” ё “форсии дарӣ” меномад, чӣ ангезае касоне аз тоҷикони имрӯз (ҳамон дӯстону дӯстдорони “Шоҳнома” ва Фирдавсӣ ва фарҳанги эронӣ)-ро бар он медорад, ки нисбат ба пешинаи ҳазоронсолаи забони худ ва ёдгори дурахшони шоъири маҳбуби худ чунин бепарво ва ноҳамдилона рафтор кунанд?

Сухан кӯтоҳ: Аз дастандаркорони Маҷлиси миллӣ ва давлати Тоҷикистон интизор меравад, ки бад-ин кирдори худ жарф бияндешанду коре накунанд, ки унвони ситезагар бо забон ва ториху фарҳанги муштараки худ бо дигар дорандагони ин мурдареги арҷманди ниёкон доғи нанге мондагор бар пешонияшон гардад. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст ва онон метавонанд дар тасмими нодурусти худ бознигаранд ва кори номгузории забони ягонаи худу мо (ин ба гуфтаи овораи Юмгон, “қимати дурри лафзи дарӣ”)-ро ба сомоне пазируфтанӣ бозоваранд. Чунин бод!

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*