Бозтоби рӯнамоии «Порсӣ анҷуман» дар расонаҳо

Parsi Anjoman

“Порсӣ анҷуман” бо хатти сирилик

Маҳини Даврон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси торнамои “Порсӣ анҷуман” ба хатти сирилик ҳам огоҳ кардани ҷомкъа аз таҳқиқоти анҷомшуда пиромуни забони форсист ва ҳам боло бурдани дониши забони форсии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Бо ибтикори як гурӯҳи донишмандони забоншиноси тоҷику афғон ва эронӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи наве бо номи “Порсӣ анҷуман” дар нишонии http://parsianjoman.ir/cyr/?page_id=2 фаъол шудааст.

Ин сомона, ки 21 апрел, дар рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз нахустин сомонаҳо бо ҳуруфи сирилик аст, ки ба масоили хештаншиносии миллатҳои форсизабон ва масоили забони форсӣ ихтисос ёфтааст.

Бунёдгузори сомона Парвизи Шоҳчароғӣ буда, сардабирии онро Масъуди Луқмон аз Донишгоҳи Таботабоии Эрон бар ӯҳда дорад ва масъулияти бахши сириликии ин сомона бар дӯши хабарнигори тоҷик Маҳини Даврон мебошад.

Ин сомона дар ҳоле ба майдон омад, ки баҳсҳо дар атрофи се забони алоҳида ва ё се шохаи як забон будани форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бахусус дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Дар ҳоле ки бархе афзоиши нуфузи форсии имрӯза бар тоҷикиро як аломати тозатар шудани забони тоҷикӣ ва бозгашти мардуми тоҷик ба асолати хеш мешуморанд, бархе мегӯянд, забони тоҷикӣ тозатар аз гӯишҳои дигари форсист ва олуданаш ба форсиву дарӣ ҳуснашро баракс хоҳад кост.

Аммо дар ин миён “Порсӣ анҷуман” бо чӣ ҳадафҳое пой ба майдон мегузорад? Ин буд нахустин суоле ки Радиои Озодӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ аз Маҳини Даврон пурсид.

Маҳини Даврон: Ҳадафи аслии торнамои «Порсӣ анҷуман» пос доштани забони порсист. Ҳадафи ба хати сирилик баргардониданаш ин аст, ки мардуми Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро, ки бо амри таърих аз хатти форсӣ маҳрум шуданд, тавонанд матолиби ин торнаморо бо хатти сирилик бихонанд ва аз андешаву таҳқиқоти донишмандони форсизабон огаҳ шаванд. Дониши забонии худро беҳтар гардонанд.

Озодӣ: Дар ин торнамо бештар кадом навъ матолиб нашр мешаванд?

Маҳини Даврон: Бештар матлабҳои илмӣ, дур аз сиёсату дур аз мазҳаб нашр мешаванд. Тамоми донишмандони порсизабон – чӣ аз Эрон, чӣ аз Афғонистону Тоҷикистон ва ҳатто он донишмандоне, ки берун аз ин кишварҳо  ба сар мебаранд, матолиби худро дар торнамои «Порсӣ анҷуман» нашр мекунанд. Назари донишмандони соҳаи забон дар бораи  осебҳое ки забони порси дар тӯли торих расидааст, дар торнамо дида мешавад. Умуман тамоми матолиби марбут ба масоили забони порсиро метавон дар торнамо пайдо кард.

Озодӣ: Ба ғайр аз он ки матлабҳо дар бораи забони форсӣ-дарӣ нашр мешаванд, боз дар мавриди дигар забонҳое, ки моли мардуми Эрон буду аз байн рафт ва ё қаламрави истифодааш маҳдуд шуд, чизе гуфта мешавад?

Маҳини Даврон: Албатта, дар ин ҷо мақолаҳои фаровонеро дидан мумкин аст, ки барои мисол, дар бораи забони паҳлавӣ, озарӣ ва балуҷӣ гуфта шудаанд. Донишмандони эронӣ китобу мақолаҳои хеле зиёд дар бораи забони паҳлавӣ нашр кардаанд. Китобҳои зиёде низ аз забони паҳлавӣ тарҷума шудааст. Ҳамчунин аз торнамои «Порсӣ анҷуман» дигар торнамоҳоеро низ пайдо кардан мумкин аст, ки дар бораи камбуду навгониҳои забони порсӣ мегӯянд.

Озодӣ: Дар баробари матолиби илмӣ боз чӣ чизҳои дигарест, ки ба забон рабт дорад?

Маҳини Даврон: Дар баробари мақолаҳои илмӣ, инчунин матлабҳои зиёдеро дар торнамо метавон дид, ки марбут ба истилоҳоти бозаргониву пизишкӣ мебошанд. Аз ҷумла, донишмандони соҳаи забон хеле талош кардаанд, гунаҳои порсии истилоҳоти пизишкиро ҷойгузини истилоҳоте, аз дигар забонҳо вориди забони мо шудаанд, бикунанд. Ин донишмандон мехоҳанд исбот кунанд, ки забони форсӣ на танҳо забони адабиёту шеър аст, балки забони илму фанноварӣ ҳам ҳаст.

Озодӣ: Тавре маълум аст, дар ин торнамо ҳамчунин матлабҳое низ дида мешавад, ки ба номҳои тоҷикӣ бастагӣ доранд….
Маҳини Даврон: Албатта, ин торнамо бахше дорад бо номи «Зебономҳо». Дар ин бахш ҳама номҳои зебои  форсӣ ва ориёӣ ҷой дода шудаанд, ки ҳар кас метавонад аз он истифода кунад. Ба фарзанд ва ё дигар пайвандонашон аз ин торнамо ном интихоб кунанд.

Баргирифта аз торнамои Озодӣ.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*