Порсии адабӣ батанҳоӣ посухгӯи ниёзҳои мо нест

Гуфтугӯи Масъуди Луқмон бо пруфесур Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ

25 фарвардини 1393

lr1rМасъуди Луқмон: Забони порсӣ дар рӯёрӯӣ бо дониши имрӯзин чи тавоноиҳо барои навзоӣ ва нав шудан барои посухгӯӣ ба ниёзҳои инсони мудерни эронӣ дорад?

Пруфесур Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ: Забони порсӣ тавоноиҳои зотии бисёре дорад, ки то кунун ба кор нарафтаанд. Ҳамчунин, чун забонест ҳинду-урупоӣ ва дар рӯзгори кунунӣ тақрибан ҳамаи мафҳумҳои илмӣ, фарсафӣ ва фаннӣ дар ин забонҳо, бавижа инглисӣ, сохта мешаванд, порсӣ метавонад аз таҷруба ва равишҳои забонҳои ҳинду-урупоӣ истифода кунад. Инро дар бораи забонҳои дигаре, чун арабӣ ё туркӣ, ки сохтори дигарсоне доранд, наметавон гуфт, вале порсӣ нотавониҳо ва сустиҳое ҳам дорад, ки беҳтар аст нахуст ба онҳо ишораи кӯтоҳе бикунам.

Дар илм шумо бо мафҳумҳои дақиқу сареҳ ва иборатҳои саррост сарукор доред. Чунин суннате дар порсӣ камтар вуҷуд доштааст. Агарчи донишмандони эронии бузурге чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино ва шогирдаш Ҷузҷонӣ, Исмоъили Гургонӣ (Ҷурҷонӣ), Хоҷа Насираддини Тӯсӣ ва дигарон осоре илмӣ ба забони порсӣ падид овардаанд, аммо инон ба нисбат андаканд ва дар гузашта порсӣ бештар забони шеъру адабиёт будааст, ки дар он шоъири ғазалсар ё қасидагӯ тарҷеҳ медиҳад вожаҳои дупаҳлӯ ба кор бибарад, то чанд ҳиссу тасвирро бо ҳам тадоъӣ кунад ва басо, ки маъно ва мафҳум дастхуши қофия мешавад. Албатта, бозӣ бо вожаҳо барои чакомасароӣ хушоянд аст, аммо гурез аз мафҳумҳо ва ҷамлаҳои бешубҳа дар донишҳои дақиқ нашуданӣ ва тардкарданӣ аст.

Порсӣ метавонад аз таҷруба ва равишҳои забонҳои ҳинду-урупоӣ истифода кунад. Инро дар бораи забонҳои дигаре, чун арабӣ ё туркӣ, ки сохтори дигарсоне доранд, наметавон гуфт.

Ишколи дигари порсӣ ин аст, ки қарнҳо зери султаи арабӣ ва сохторҳои дастурии он будааст. Садаҳо созукорҳои вожаофаринии порсиро ба дур андохта буданд. Даврони муғул зарбаи камаршикани дигаре ба порсӣ зад. Муншиёну дабирони бемоя на танҳо вожаҳои арабиро ҷойгузини порсӣ мекарданд, ҳатто вожаҳои арабии ошноро ҳам бо вожаҳои арабии ғарибтар (бегонатар) иваз мекарданд. Ба гуфтаи шодравон Маликушшуъарои Баҳор, порсии навишторӣ забони ғарибе буд, ки на арабӣ буд, на порсӣ, на туркӣ. Инро ҳам бояд гуфт, ки Хоҷа Насираддини Тӯсӣ аз порсӣ ҳимоят мекард. Дар натиҷа, зиҷҳои он давраро ба порсӣ менавиштанд. Нусхаи аслии зиҷи Улуғбег, ки то пеш аз Навзоиши (Ренессонси) Урупо дақиқтарин нипоҳишҳои ахтаршиносиро дар бар дошт, ба порсӣ аст, аммо ин матнҳо аз порсӣ фақат феълҳои «кардан», «шудан» ва «будан»-ро нишона доштанд ва ҳеч мафҳуми илмӣ дар забони порсӣ офарида намешуд.

Мушкил дар ин нест, ки порсӣ аз забонҳои дигар вожаҳое бигирад. Ҳеч як аз забонҳои бузург сара ва пок нестанд ва хостани забони сара хандаовар аст. Барои мисол, инглисӣ садҳо вожа аз фаронса ва дигар забонҳо ба вом гирифтааст, вале ҳамаи ин вожаҳо, бо пайравӣ аз дастури забони инглисӣ, инглисӣ шудаанд. Тасаввур кунед, ки забони инглисӣ чи андоза печида ва нокоромад мешавад, агар вомвожаҳои фаронса, ки фаровон ҳам ҳастанд, аз дастури забони худ пайравӣ мекарданд. Исмҳо ҷинси муаннас ва музаккари худро ҳифз мекарданд, муштақҳои феълӣ ба сурати фаронса ба кор мерафтанд.

Бечора забони порсӣ садаҳо бо чунин вазъе рӯбарӯ буд ва ҳанӯз ҳаст. На танҳо вомвожаҳои арабӣ бо дастури худ ба кор мераванд, балки гоҳ вожаҳои порсӣ низ бо дастури арабӣ сарф мешаванд ва бояд аз қоъидаҳои арабӣ пайравӣ кунанд, ва чунин чизе дар солҳои гузашта бештар шудааст (даҳаи муборака, парвандаи махтума, меҳр-мамҳур, кулоҳ-мукалло, устод-асотид)! Дар натиҷа, кам-кам порсӣ дучори фалаҷ шуда буд, чун вомвожаҳои бешумори арабӣ ҳар як гурӯҳе аз муштақҳои худро ба ҳамроҳ меоварданд.

Ҳеч як аз забонҳои бузург сара ва пок нестанд ва хостани забони сара хандаовар аст.

Пас аз Инқилоби Машрута ва ошноӣ бо пешрафтҳои Урупо эрониён рафта-рафта ба душвориҳои забони порсии он рӯз ва масъалаҳое, ки арабӣ барои он эҷод карда буд, пай бурданд. Корҳое, ки Фарҳангистони якум дар сохтани вожаҳои нав кард, хидмати шигарфе ба забони порсӣ буд. Кӯшишҳое ҳам, ки касон ва гурӯҳҳои гуногун дар ин муддат кардаанд, барои порсӣ бисёр судманд будаанд, вале ҳануз камбудҳо бисёранд ва наметавон гуфт, ки порсӣ дорои забони илмии коромаде аст.

Масъала ин аст, ки забони порсӣ бо имконҳои кунунияш аз баровардани ниёзҳои вожагони дақиқи илмӣ ва фаннӣ нотавон аст. Бояд тавоноиҳои вожасозии порсиро ба равише бунёдин ва коромад густариш дод. Порсӣ ниёз ба ҷаҳише кайфӣ дорад. Часбидан ба порсии адабӣ нобасанда менумояд ва бахти каме дорад барои муваффақият дар заминаҳое, ки ба забони дақиқу чолок ниёз аст. Натиҷа, вазъи дилхароши кунунии тармшиносии илмии порсӣ аст, ки равиши суннатӣ аз дармонаш оҷиз аст.

Корҳое, ки Фарҳангистони якум дар сохтани вожаҳои нав кард, хидмати шигарфе ба забони порсӣ буд.

Дарвоқеъ, маҳдуд кардани худ ба порсии адабӣ мутародиф аст бо ризоят додан ба маҷмӯъаи банисбат камшуморе аз вожаҳо ва такрори беш аз ҳадди таркибҳои миёни онҳо. Ин ҳамчунин ба маънои маҳрум кардани худ аз доштани рожмоне (системи) густарда аз вандҳоест, ки забони пӯё ва дақиқи илмӣ ба онҳо ниёз дорад. Ин рӯйкарди суннатгароён ва муҳофизакорон, ки гузаштаро бар оянда тарҷеҳ медиҳанд, ниёзҳои тармшинохтиро нодида мегирад ва низ аз нашинохтани пешинаи забони порсӣ ва ноогоҳӣ аз тавонмандиҳои чашмнопӯшидании забонҳои порсии миёна, порсии бостон ва авестоӣ бармехезад. Кори инонро метавон ба «шикастабандзанӣ» ва «хурдакорӣ» ҳамонанд кард, ҳол он ки барои падид овардани рожмони тармшиносии тавонманд ба офариниш ва боздесии (reform)-и бунёдин ниёз аст.

Бояд таваҳҳум ва содаангориро канор ниҳод. Ин пиндор, ки порсии адабии танҳо метавон аз паси ниёзҳои рӯзафзуни тармшиносии имрӯз бар омад, саробе беш нест. Имконҳои забонии мо ба порсии дарӣ маҳдуд намешаванд ва бояд аз ҳамаи манбаъҳои пешинаи порсӣ ва гӯишҳои он баҳра гирифт. Агар бихоҳем мисоле биёварем, барои сохтани осмонхарош наметавон аз ҳамон равиши суннатии хишту коҳгил истифода кард. Текникҳои навин лозиманд. Дар ин ҷо ҳам танҳо бо ёрӣ гирифтан аз забонҳои модари забони порсӣ ва имконҳои гӯишҳост, ки мтавон забони илмии дақиқ ва пӯёе падид овард. Дар забони порсии кунунӣ теъдоди пешвандҳои фаъъол дар ҳудуди даҳ-понздаҳ аст ва пасвандҳои фаъъол аз бист-сӣ бештар нестанд ва ба илова, гоҳ як маъноро мерасонанд. Дар забони инглисӣ беш аз сад пешванди фаъъол ва беш аз панҷоҳ пасванди фаъъол вуҷуд доранд.

Имконҳои забонии мо ба порсии дарӣ маҳдуд намешаванд ва бояд аз ҳамаи манбаъҳои пешинаи порсӣ ва гӯишҳои он баҳра гирифт.

Луқмон: Чигуна метавон бо баҳра аз ганҷинаи гӯишҳо ва забонҳои модари порсии имрӯзин, монанди забонҳои авестоӣ, порсии бостон ва порсии миёна (паҳлавӣ) барои тавонмандсозии забони порсии кунунӣ баҳра бурд?

Ҳайдарӣ-Малоирӣ: Гуфтем, ки забони порсии адабӣ ё суннатӣ тавоноии посухгӯйӣ ба забонҳои тармшиносии илмӣ/фалсафии навинро надорад. Ду роҳ пеши пойи мо аст: порсиро раҳо кунему ба инглисӣ рӯй оварем, ки гуфтем бихрадона нест, роҳи дигар тавоно кардани порсӣ аст. Барои рӯёрӯӣ бо ин чолиши забонӣ бояд ҳамаи тавонмандиҳои порсиро ба кор баст, на танҳо мероси адабии навини онро. Афзун бар бакоргирии манбаъҳои порсии миёна, порсии бостон ва авестоӣ, абзорҳои забоники дигаре низ барои ба ҳадаф расидан лозиманд. Ганҷинаи гӯишҳои гуногуни порсӣ кумаки бузурге хоҳад буд. Ин гӯишҳо десаҳои ҳинду-урупоии бисёр куҳанеро ҳифз кардаанд, ки дар порсии адабӣ ё расмии имрӯзӣ вуҷуд надоранд.

Гӯишҳои порсӣ конҳои пургуҳаранд, ки афсӯсмандона, то кунун ба аҳаммияташон дар тавонмандсозии забони порсӣ таваҷҷуҳи чандоне нашудааст. Ончи ки вожаҳои расмиро аз вожаҳои гӯишӣ мутамойиз мекунад, дар асос ба кор бурдани вожаҳои гурӯҳи нахуст тавассути шоъирону нависандагони клосик аст, аммо медонем, ки бисёре аз вожаҳои минтақаӣ ва маҳаллӣ ба дасти нависандагони адабӣ ва гирдоварандагони фарҳангҳои клосик аз бахшҳои мухталифи Эрон вориди забони адабӣ ё расмӣ шудаанд. Ба сухане дигар, ҳамин ки шоъир, нависанда ё фарҳангнависе вожаеро ба кор бурд, он вожа вориди забони порсии «расмӣ» мешавад. Аз сӯйи дигар, шакке нест, ки ҳамаи вожагони забони порсиро нависандагони клосик ба кор набурдаанд ва мо вожаҳои ҳинду-урупоии пуршумореро меёбем, ки ниёкони порсии бостон ё авестоии онҳо ба мо нарасидаанд, аммо дар гӯишҳои порсии кунунӣ вуҷуд доранд.

Албатта, рӯшан аст, ки мақсуд ин нест, ки дар заминаҳои илмиву фалсафӣ ба забонҳои бостонӣ ё гӯишҳои маҳаллӣ сухан бигӯем. Ҳадаф ин аст, ки бо баррасии он забонҳо ситокҳо (навдаҳо) ва вандҳои лозимро дубора ба кор гирем, то дар баробари ҳар пешванд ё пасванди тармшиносии урупоӣ баробари порсии мушаххасе дошта бошем.

Танҳо бо ёрӣ гирифтан аз забонҳои модари забони порсӣ ва имконҳои гӯишҳост, ки метавон забони илмии дақиқ ва пӯёе падид овард.

Аз он ҷо ки порсӣ забоне ҳинду-урупоӣ аст, ин бахтро дорад, ки аз улгуҳо ва таҷрубаҳои гузаштаи забонҳои урупоӣ баҳра бигирад, забонҳое, ки тавонистаанд нерӯмандтарин рожмони тармшиносии дониширо падид оваранд. Вожасозӣ дар порсӣ аз ҳамон улгуҳое истифода мекунад, ки дар забонҳои ҳинду-урупоӣ ба кор мераванд ва вожаҳои муштарак миёни порсӣ ва забонҳои урупоӣ фаровонанд. Ҳамчунин, бояд донист, ки ин забони илмии бисёр тавонманди урупоӣ, ки дарвоқеъ забонест сохтагӣ, бароянди кору кӯшиши донишварон ва забоншиносони урупоӣ дар тайи чанд сада аст. Ба ин нукта дар боло ишора кардем. Порсӣ низ метавонад ҳамон роҳро, шояд ҳатто роҳаттар, бо ниёконаш биравад. Зеро метавонад аз ёфтаҳои ахири забоник суд бибарад.

Барои намуна, ҳамакнун барои ҳарсе пешванди ultra-, extra-, pro- ва гоҳ super-(абар) дар порсӣ «фаро-» ба кор меравад. «Фаро-» баробари дурусти pro- аст ва набояд онро дар мавридҳои дигар ба кор бурд. Муъодилҳое, ки дар «Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ-ахтарфизик» барои пешвадҳои гуфташуда ба кор мераванд, иборатанд аз: «устер-» барои extra- ва «ултер-» барои ultra-, ки бо баррасии забонҳои ниёкони порсӣ ва гӯишҳо сохта шудаанд.

Гӯишҳои порсӣ конҳои пургуҳаранд, ки афсӯсмандона, то кунун ба аҳаммияташон дар тавонмандсозии забони порсӣ таваҷҷуҳи чандоне нашудааст.

Як намунаи дигар барои беҳсозии забони порсӣ вожаи «нипоҳидан» (nepāhidan) аст дар баробари феъли инглисии to observe. Шарҳи ин ки чиро мо бояд барои ин мафҳум вожаҳои порсӣ дошта бошем, дароз аст. Ба ин нишонӣ нигоҳ кунед.

«Непоҳидан» (дар гӯиши варорӯдӣ «нипоҳидан») сохташуда аз пешванди «не-» ё ne- (дар гӯиши варорӯдӣ бештар ни- ё ni- аст), ки дар порсӣ дар вожаҳои бисёре ба кор меравад (нигар, нишастан, нуҳуфтан ё ниҳуфтан, ниҳодан, навиштан ё нивиштан, нигоштан, нафрин ё нефрин, нимудан ё намудан, нишеб, наҳанг, нагун ё нигун, ниҳон, ниём, ниюшидан) аз порсии бостон ва авестоии ni- ба маънои «бар, дар, пойин» ва «поҳидан», ки десаи (шакли) дигарест аз «пойидан».

Абурайҳони Берунӣ ин вожаро дар китоби «Аттафҳим» ба ҷойи «расад» ба кор бурдааст: «Ва бипой, то ба доира андар ояд» ва «бипой иртифоъи офтобро». Аммо чиро «пойидан»-ро ба кор намебарем? Зеро ин вожа ба сабабе, ки дар инҷо бад-он намепардозем, маънои дигаре ҳам дорад, ки иборат аз «идома доштан, пойдор мондан» аст. («…аммо нур танҳо як лаҳза пойид» – Симини Донишвар). Ҳамчунин, «пойидан» ба ин маъно дар забони донишии порсӣ корбурди бисёр дорад: поё, дамопой, пойдорӣ, пояндагӣ. Пас ба ҷойи «пойидан» метавон «поҳидан»-ро ба кор бурд, ки десаи дигаре аз он аст ва дар гӯишҳо (лорӣ, карошӣ) вуҷуд дорад. Десаҳои дигари он «посидан» ва «постан» (дар гелакӣ) аст.

Луқмон: Барномаи Шумо барои ҳалли вазъияти нохушоянди кунунии истилоҳшиносии порсӣ дар рӯёрӯӣ бо шумори рӯзафзуни истилоҳҳои бегона чист?

Ҳайдарӣ-Малоирӣ: Пеш аз ҳар чиз инро бигӯям, ки кори ман дар заминаи тармшиносии физик, ахтарфизик, ахтаршиносӣ ва риёзӣ аст ва ҳеч гуна иддаъое дар мавриди тармшиносии риштаҳои дигар надорам. Албатта, донишҳои табиъӣ бисёр густардаанд ва бо мафҳумҳои бунёдини илмҳои дақиқ сару кор доранд. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар забонҳои урупоӣ равишҳои тармшиносии ин риштаҳоро дар донишҳои инсонӣ ҳам ба кор мебаранд. Ҳамон тур ки ишора кардед, вазъи феълии тармшиносӣ дар риштаҳои илмии номбурда дар Эрон хушоянд нест. Ҳеч барнома ва рожмони санҷида ва дурнигаронае барои рӯёрӯӣ бо масъалаҳои тармшиносӣ вуҷуд надорад.

Барои ёфтани роҳи ҳал бояд аввал ба масъала пай бурд. Масъала ин аст, ки забони порсии суннатӣ ё адабӣ ё он чизе ки забони порсии дарӣ номида мешавад, батанҳоӣ посухгӯи ниёзҳои тармшиносии навин нест.

Роҳи ҳалле, ки пешниҳод мекунам, ҳамон аст, ки дар фарҳанги ахтаршиносӣ ба кор мебарам. Барои огоҳии дақиқ дар ин бора бояд пешгуфтори он асарро хонд, ки зобитаҳо ва меъёрҳоро бознамудааст, аммо барои ёфтани роҳи ҳал бояд аввал ба масъала пай бурд. Масъала ин аст, ки забони порсии суннатӣ ё адабӣ ё он чизе ки забони порсии дарӣ номида мешавад, батанҳоӣ посухгӯи ниёзҳои тармшиносии навин нест. Аз Инқилоби Машрута то кунун бисёре кӯшидаанд, то барои порсӣ забоне дақиқ ва илмӣ падид оваранд, ва пешрафтҳои чашмгире ҳам шудааст. Дар натиҷа, порсии кунунӣ аз порсии сад сол пеш бисёр тавонотар аст. Ин кӯшишҳо бояд дунбол шаванд, вале кофӣ нестанд. Ҳанӯз роҳи бисёр дарозе дар пеш аст.

Чунон ки гуфтем, барои беҳсозии порсӣ бояд ҳамаи имконҳои онро ба кор гирифт, аз ҷумла забонҳои ниёкони порсӣ ва гӯишҳоро. Мо дар ҳоли ҳозир офаринандаи мафҳумҳои илмӣ нестем. Масрафкунандаем ва бояд мафҳумҳои илмиро тарҷума кунем. Беҳтар аст барои осон кардани кор ва бавижа дуруст анҷом додани он аз мудели тармшиносии забонҳои урупоӣ сармашқ бигирем. Чун ҳамон гуна ки гуфтем, забони порсӣ бо онҳо ҳамхонавода аст. Лозим аст рожмоне аз вандҳо падид оварем дар баробари вандҳои забони илмии байналмиллалӣ. Нахустин бор дуктур Маҳмуди Ҳисобӣ ба ин нукта таваҷҷуҳ кард. Дуктур Миршамсиддини Адибсултонӣ кӯшмандона ба он пардохт ва «Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ-ахтарфизик» ин корро ба шевае густарда ва рожмандона дунбол кардааст.

Ин фарҳанг нишон медиҳад, ки чи гуна дар амал метавон бо ба кор гирифтани он имконҳои ба кор нарафта, ба забони порсӣ тавоноии бисёр бахшид. Ҳамчунин, мекӯшад рожмоне дақиқ барои тармшиносии донишҳои физикӣ падид оварад. Баробарҳои пешниҳодӣ бо тавзеҳҳои решашинохтӣ ва забоники лозим ҳамроҳанд. Мақсуд ин аст, ки хонанда иттилоъҳои лозимро барои доварӣ дар бораи вожаҳо дошта бошад.

Яке аз аслҳои бунёдине, ки ин фарҳанг бар он устувор аст, лузуми порсӣ будани вожаҳои маъно ва тармҳои бунёдин аст. Вожаҳои интизоъӣ ё маъно (монанди андешидан, мафҳум, энержӣ, суже ва дигарҳо) дар муқоиса бо вожаҳои зот (монанди дар, мидод, дарахт, ситора ва дигарҳо) пайванди жарфтаре бо андеша доранд, ва бино бар ин, бунёдитаранд. Бе он ки бихоҳем ба робитаҳои борик миёни зот ва маъно бипардозем, бояд таъкид кард, ки вожаҳои маъно сарчашмаи аслии ҷудошудаҳо (муштақҳо) ҳастанд ва забони нерӯмандро аз тавоноияш дар сохтани вожаҳои интизоъӣ мешиносанд. Бино бар ин, кӯшиш ин аст, ки дар ин фарҳанг вожаҳои интизоъӣ порсӣ бошанд.

Ҳамчунин, забони коро бояд битавонад мафҳумҳои бунёдини ахтаршиносиро бар пояи рожмони худ баён кунад. Ба ҳамин далел аст, ки бояд мафҳумҳои клосик, монанди «истиво», «муқорина», «муқобала», «эътидол», «доиратулбуруҷ», «расад кардан», «расад» ва дигарҳо баробари порсӣ дошта бошанд. Ҳамакнун ин мафҳумҳо баробарҳои порсӣ надоранд ва «Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик» барои онҳо баробарҳои зерро пеш ниҳодааст. Ба тартиб: ҳамугор (hamugār), ҳамистон (hamistān), подистон (padistān), ҳамугон (hamugān), ҳурпа (hurpeh), нипоҳидан (nepāhidan), нипоҳиш (nepāheš). Барои огоҳии бештар ба дарояҳои марбут нигоҳ кунед: equator, conjunction, opposition, equinox, ecliptic, observe ва observation.

Идома дорад

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*