Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ)

15 урдибиҳишти 1393

فرهنگ پایهҶалолӣ, Таҳмурас (1354), Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара), Китобхонаи Ибни Сино, чопи нахуст

***

Саранависии порсӣ ва парҳез аз олоиши забони порсӣ ба вожагони бегона ҳамвора яке аз кӯшишҳои адабӣ ва эроншиносӣ дар нимсадаи гузаштаи Эрон будааст. Дар ин миён дафтари пеши рӯ гирдоварандаи арзандест аз вожагони пешниҳодшуда ва пурпешинаи порсӣ дар баробари хайли вожаҳои бегонае, ки дерзамонест дар ганҷинаи шойгони забонҳои эронӣ ҷой хуш карданд.

Таҳмурас Ҷалолӣ дар пешгуфтори китоб ангезаашро аз ин гирдоварӣ чунин навиштааст: “Ангезаи гирдоварии ин фарҳанг он аст, ки меандешам забони порсӣ тавонгар аз вожаҳои худ мебошад. Афсӯс, вожаҳои бегона чунон забонзад шуда, ки вожаҳои порсиро ба дасти фаромӯшӣ супурда ва Фарҳангистон ҳарчанд вожа биёбад ё офаринад, дар дарёи бекарони забон нопадид гардад…”

Гуфтанист, ки ин китоб дар соли 1386 бо номи “Фарҳанги Ҷалолӣ” (вирости Фарҳанги поя) ва ба кӯшиши Лайло Ҷалолӣ аз сӯйи пахши “Ахтарон” дар 752 рӯя вироиш ва бозчоп шудааст.

Дар бораи нависанда

Зиндаёд Таҳмураси Ҷалолӣ дар соли 1925 дар Теҳрон зода шуд ва пас аз донишомӯхтагӣ дар риштаи ҳуқуқ дар донишгоҳҳои давлатӣ ба кор оғоз кард.

Ӯ дар саросари зиндагияш ба меҳанаш ва ба забони порсӣ меҳр меварзид ва аз ҳамин рӯ кӯшид, то вожаҳои порсиро дар фарҳанге гирд оварад ва бо талоши фаровон “Фарҳанги поя”-ро фароҳам кард, ки дар соли 1354 аз сӯйи китобхонаи Ибни Сино, яке аз номдортарин ноширони он рӯзгор, чоп ва бо рӯйовариши дӯстдорони забони форсӣ низ рӯбарӯ шуд.

***

“Фарҳанги поя”-ро, ки дарбардорандаи 78 ҳазор вожа аст, ба гунаи Пи-ди-эф (13 мегобойт) дар 178 рӯя аз инҷо дарёфт кунед.

Матни порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*