Фаридуни Ҷунайдӣ: Фарзандони Рӯдакӣ аз хондани форсӣ маҳруманд

جنیدی

Фаридун Ҷунайдӣ мегӯяд, ки бо баста шудани омӯзишгоҳҳои порсизабон дар Узбакистон фарзандони Рӯдакии Самарқандӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Тирмиз маҷбуранд забони узбакӣ бихонанду аз хондани форсӣ маҳруманд.

Ин устоди пешкисвати забонҳои эронӣ дар гуфтугӯ бо ИСНО (Хабаргузории донишҷӯёни Эрон) гуфт: “Бар ин боварам, ки забони форсӣ забони фарҳангии ҷаҳон аст. Ин забон мустақим бо куҳантарин забони ориёии ҷаҳон, ки забони авестоӣ аст, пайванд дорад. Бартарин падидаҳои фарҳангии ҷаҳон ба ин забон навишта шудаанд ва касе, ки ин забонро мехонаду менависад, ба омӯхтани забони дигаре ниёз надорад. Забонҳои ғайрирасмӣ дар ин маҳдуда забони муҳовараи рӯзмарраанд, ки модар бо фарзандаш ба ин забонҳо сухан мегӯяд ва мардум дар кӯчаву бозор бо онҳо гап мезананд. Инҳо ҳам ба ҷойи худ аҳаммият доранд. Худи ман нишобуриям ва ҳар вақт бо як нишобурӣ рӯбарӯ мешавам, ба забони бумӣ суҳбат мекунам ва лаззат мебарам, аммо инҳо танҳо барои муҳовараанд.”

Ӯ дар идома гуфт: “Сиёсати истеъмории Инглис бо хиёнат забони форсиро, ки забоне ҷаҳонӣ буд, аз паҳнаи гетӣ тақрибан ба Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон маҳдуд кард. Русия ҳам дар ин роҳ бо Инглис ҳамкорӣ кард. Нахустин китоби омӯзиши забони форсиро сесад сол пеш дар Чин навиштаанд. Нахустин мошини чопи форсиро дар Истонбули даврони Усмонӣ пайдо кардаанд ва чун Миср ҳам мустаъмараи Усмонӣ буда, дувумин дастгоҳи чопи форсӣ дар Қоҳира истифода шудааст. Агар мардум дар ин кишварҳо аз забони форсӣ истифода намекарданд, чи ниёзе ба ин дастгоҳ буд?”

Ҷунайдӣ ҳамчунин матраҳ кард: “Забони форсӣ солҳо забоне ҷаҳонӣ буд, бидуни ёварии давлатҳо, ки аз Маҳмуди Ғазнавӣ ба ин сӯ, ғайр аз Каримхони Занд, ҳама ғайриэронӣ буданд, аммо нерӯи забони форсӣ онро пеш бурд. Ҳол истеъмор онро ба ин рӯз андохтааст, аммо ҳанӯз наметавон қудрати онро нодида гирифт. Баъзе фикр мекунанд забони форсӣ наметавонад забони илм бошад, дар ҳоле ки ҷабру мусалласотро эрониён ба ҷаҳон арза карданд. Вақте по ва бозӯи паҳлавонеро бишкананд, наметавонад куштӣ бигирад, забони форсӣ ҳам ҳамн тур аст; аммо ин забон барои намуна падидае ба номи “Шоҳнома” ба ҷаҳон пешкаш кардааст.”

Ҷунайдӣ сипас гуфт: “Дар иёлати Бухоро ба чаҳор шаҳри бузурги эронии Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Тирмиз бо сиёсати яке аз диктотурҳои торих (Истолин) номи Узбакистон доданду фарзандони Рӯдакӣ дар он шаҳрҳо маҷбуранд забони узбакӣ бихонанд ва охирин мадрасаҳои форсизабон дар Узбакистон се сол пеш баста шуд. Узбакистон бояд иҷоза бидиҳад фарзандони Рӯдакии Самарқандӣ форсӣ бихонанд ва ҷумҳурии тозасоли Озарбойҷон бояд иҷоза бидиҳад толишҳову тотҳои эронинажод форсӣ бихонанд.”

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*