Пири мо гуфт…

بزرگمهر لقمانБузургмеҳри Луқмон: Наврӯз пири ягонаест, ки эрониён ӯро дар тиратарин шабҳои меҳанашон низ пос доштаанд ва бо он на танҳо шодии навро ба хонаҳояшон овардаанд, балки ба набарди душманони ториху фарҳангу ҳувияти миллияшон низ рафтаанд.

Он ҳангом ки Наврӯзро арҷ мениҳем, хештанро аз фарози солҳо, даҳаҳо, садаҳо ва ҳазораҳо дар канори ниёконамон меёбем, ки Наврӯзро дар шодтарину ғамбортарин рӯзҳои ин кӯҳнадиёр гиромӣ доштаанд. Ту гӯӣ ки дар ин ҳангом торихро ба чашм барҳам задане дарменавардем ва ҳузури худро дар ҳамаи ин солҳо ва ҳузури ниёконро дар ин сол канори хештан меёбем.

Наврӯз бузургтарин ҷашни эрониён аст ва бероҳ нест, агар ӯро шиносномаи эроншаҳриён бидонем ва бигӯем ҳар ҷо Наврӯз аст, онҷо Эроншаҳр аст.

Бузургии Наврӯз дар ин аст, ки бархилофи Крисмас ва ойинҳои дигар, ҷашне динӣ ё сиёсӣ ё ҷилвагоҳи посдошти як пешвои мазҳабӣ ва иҷтимоъӣ нест ва реша дар мовароуттабиъа надорад, балки дар пайванде саррост бо гетӣ ва одамӣ аст. Аз ин рӯст, ки эрониён аз ҳар дин, марому маслак ва тираву таборе онро бо ҷону дил дар ҳазорон сол пос доштаанд.

Наврӯз бузургтарин ҷашни эрониён аст ва бероҳ нест, агар ӯро шиносномаи эроншаҳриён бидонем ва бигӯем ҳар ҷо Наврӯз аст, онҷо Эроншаҳр аст.

Ҷашни Наврӯз ҷашни навзоии замон ва солгарди офариниши инсон дар фарҳанги эронӣ аст, ва ҳамчунин аз онҷо, ки Наврӯз намоде аз бедории гетӣ ва аз сар гирифтани зиндагӣ пас аз хобе зимистонӣ аст, ҷашни фраваҳарҳо (равони паҳлавонону некон) низ ба шумор меояд. Фраваҳароне, ки ба сӯи Замин раҳсипор мешаванд ва ба хонумони хеш фурӯд меоянд, то аз дидори хонаводаи шодмон бо ҷомаҳои нав ва хӯрокҳои наврӯзӣ ва хонаи покизаву оростаи хеш шодком гарданд ва агар чунин набошад, андӯҳгин сарои хешро тарк гӯянду раҳсипори ҷаҳони минавӣ шаванд.

——

Наврӯз, ин пири куҳан, ки дасти торих ба домони ӯ намерасад ва ӯро бояд дар устураҳо ҷуст, достони пайдоишро чунин бароямон аз забони фарзонаи Тӯс мегӯяд:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,
Баросӯда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор. (Фирдавсӣ)

Пири мо мегӯяд шояд аз ҳамин рӯ бошад, ки фарзандонам пас аз ислом Порсаро, ки ҷойгоҳи баргузории ҷашнҳову ойинҳои вижаи ману бародарам Меҳргон аст, Тахти Ҷамшед ном додаанд.

***

Пири мо хотираи Ҷамшедшоҳро дарменавардад ва Рустамро рӯёрӯи Исфандиёр дар разме ҷонсӯз мебинад, ки бад-ӯ мегӯяд:

Ҳама душманон аз ту пурбим бод,
Дили бадсиголон ба ду ним бод.
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Шабони сияҳ бар ту Наврӯз бод!

Аммо дареғо, ки шоҳзодаи ҷӯёи бахту тахт ниёиши Рустамро намениюшад ва аз дари оштӣ ворид намешавад.

***

Наврӯз аз абарпаҳлавони Эроншаҳр ҳам мегузарад ва Дороро дар бистари марг мебинад, ки духтараш Рӯшанакро ба Искандар месупорад ва бад-ӯ андарз медиҳад ва дар фарҷом орзӯ мекунад, ки аз ӯ фарзанде ояд, ки дини беҳӣ ва фарру шукӯҳи пири моро пос дорад:

Магар з-ӯ бибинӣ яке номдор,
Куҷо нав кунад номи Исфандиёр.
Биёрояд ин оташи Зардуҳушт,
Бигирад ҳамин Занду Усто ба мушт.
Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада,
Ҳамин фарри Наврӯзу оташкада (Фирдавсӣ)

Пири мо ба даврони Искандари гуҷастак, ки мерасад, оҳе сард аз ниҳодаш бармеояд, аммо зуд бо ёдоварии шоҳаншоҳони Сосонӣ гиреҳ аз ҷабин мегушояд ва дарбори пуршукӯҳи ононро дар нахустин рӯзи Наврӯз мебинад ва ғиреви ҳалҳалаву шодии эрониёнро аз паси торих мешунавад, ки хуррамдилона ба дидори бузурги Эроншаҳр мераванд, то ҳам шодбоши наврӯзӣ бад-ӯ гӯянд ва ҳам доди хеш аз бедодгарон бистонанд. Дувум рӯзро мебинад, ки шаҳриёр ба бузургону деҳқонон бор додааст. Севум рӯзро, ки ба артишторону мӯбадон, чаҳорум рӯзро, ки ба хешовандон, панҷум рӯз, ки ба фарзандон ва шашум рӯзро, ки зодрӯзи Зартушт аст, Хусравро мебинад, ки ҷомае заррин бар тан карда ва сараш аз ҳаумои муғона гарм аст ва ромишгарон дар хилваташ сурудҳои хусравонӣ месароянду мехонанд…

***

Аммо, аммо…

Пири мо медонад:

Табаҳ гардад ин ранҷҳои дароз,
Нишебӣ дароз аст пеши фароз!

Дареғо ки:

Чу бо тахт минбар баробар кунанд,
Ҳама ном Бубакру Уммар кунанд.
На тахту на дайҳим бинӣ, на шаҳр,
Зи ахтар ҳама тозиёнрост баҳр…
Биранҷад яке, дигаре бархурад
Ба доду ба бахшиш касе нангарад.
Зи паймон бигарданду аз ростӣ,
Гиромӣ шавад кажживу костӣ.
Кишоварз ҷангӣ шавад беҳунар,
Нажоду ҳунар камтар ояд ба бар.
Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,
Нажоду бузургӣ наёяд ба кор.
Аз эрону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён.
На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,
Сахунҳо ба кирдори бозӣ бувад.
Чунон фош гардад ғаму ранҷу шӯр,
Ки ромиш ба ҳангоми Баҳроми Гӯр.
На ҷашну на ромиш, на бахшиш, на ком,
Ҳама чораи варзишу сози дом.
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Набошад баҳор аз зимистон падид,
Наёранд ҳангоми ромиш набид.
Чу бисёр аз ин достон бигзарад,
Касе сӯйи озодагӣ нангарад.
Бирезанд хун аз пайи хоста,
Шавад рӯзгори бад ороста. (Фирдавсӣ)

Пири мо ҳанӯз аз паси 14 сада охирин шоҳаншоҳи Эроншаҳрро мебинад, ки чигуна ҳаросон, воқеъае ҳавлнокро, ки бар сари эроншаҳриён хоҳад омад, пешбинӣ мекунад ва аз тира шудани пири мо ва ниёи ӯ – Сада – хабар медиҳад:

Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон,
Зи доноиву шарм бебаҳрагон.
На ганҷу на ному на тахту нажод,
Ҳаме дод хоҳанд гетӣ ба бод.
Басе ганҷу гавҳар пароганда шуд,
Басе сар ба хок андар оганда шуд.
Аз ин зоғсорони бе обу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Чунон дид к-аз тозиён сад ҳазор,
Ҳаюнони масту гусастамаҳор.
Гузар ёфтандӣ ба Арвандрӯд,
Намондӣ бар ин бум бар тору пуд.
Ҳам оташ бимурдӣ ба оташкада,
Шудӣ тира Наврӯзу ҷашни Сада. (Фирдавсӣ)

(ҳаюн-шутур, маҳор-лаҷом ё нухта, ки бар бинии шутур банданд)

سیستانی***

Достони пири мо ба ин ҷо ки мерасад, чашмонашро бар ҳам мегузорад ва ором-ором мегиряд. Баногаҳ пирамарди чангнавози систонӣ рӯбарӯяш зоҳир мешавад. Соли 92-и қамарӣ аст. Дар он ҳангом ки сипоҳиёни Қутайба бинни Муслими Боҳилӣ Систонро ба хоку хун кашиданд, дар кӯю барзани шаҳр, ки ғарқи хуну оташ буд, аз кушторҳову ҷиноёти Қутайба қиссаҳо мегуфт ва ашки хунин аз дидагони ононе, ки бозмонда буданд, ҷорӣ мекард ва худ низ хун мегиристу онгоҳ бар чанг менавохту мехонд:

Бо ин ҳама ғам, дар хонаи дил андаке шодӣ бояд, ки гоҳи Наврӯз аст! (Амир Фитрус)

***

Даврони меҳнатолуди уммавӣ низ сипарӣ мешавад ва инони қудрат дар кафи Аббосиён, ва дарвоқеъ эрониён, ором мегирад. Пири мо Бармакиёнро мебинад, ки савдои зинда кардани Эрони Бостонро дар сар доранд. Ҷоҳиз, ин нависандаи пуршӯри тозинавис, аммо эронидилро мебинад, ки машқи давлатмадории эроншаҳрӣ барои Маъмун мекунад.

Пири мо мегӯяд: Оре! Хулафои аббосӣ низ маро пос медоштаанд. Онгоҳ бо лабханде риндона идома медиҳад: Шояд бад-он рӯй, ки ба баҳонаи ман аз фарзандонам пешкашҳо мегирифтанд ва хироҷҳо меситонданд!

Пири мо меафзояд: Мутаваккили аббосӣ ба муносибати вурудам ба пайравӣ аз шаҳриёрони Эрони Бостон панҷ милюн дирҳам ба рангҳои гуногун зарб карду бар сари мардумон рехт.

Ба соли 247 мерасад ва мегӯяд: Эроншаҳриён бо фароғи боли бештар ва тангназарии камтаре ба ҷашни ман нишастаанд.

Дар бозорҳои Бағдод аз ҷаноби халифа мунодӣ нидо дар дод, ки дар шаби Наврӯз оташ наяфрӯзанду об нарезанд…, вале дар ҳангоми ғуруби рӯзи ҷумъа бар боби Саъид бинни Таскин, муҳтасиби Бағдод, ки дар ҷониби шарқии Бағдод аст, нидо дар доданд, ки Амиралмуъминин мардумро дар афрӯхтани оташу рехтани об озод гардонидааст, пас омма ин корро ба ифрот расониданд ва аз ҳад таҷовуз карданд, чунонки обро бар муҳтасибони шаҳри Бағдод фурӯ рехтанд.

Мегӯяд: Оре, бо гузари солҳо, тозишгарон низ хӯйи эронӣ гирифтанд ва ҷомаи маданийят ба тан карданд. Дар ин рӯзгор аст, ки Буҳтурӣ, шоъири араб, маро чунин сутуд:

ان للمهرجان حقاً علی کله / کبیر من الفرس و صغیر
عید ابائک الملوک ذوی التیجان / اهل النهی و اهل الخیر
من قباد و یزدجرد و فیروز / و کسری و قبلهم اردشیر

***

Пири мо ба як ҳазор сол пеш менигарад ва фарзанди донишмандаш Абӯрайҳони Беруниро мебинад, ки дар партави курсӯи шамъе машғули навиштани “Аттафҳим” аст: Наврӯз, нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва пешонии соли нав аст, ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзи бузург номида мешуд ва бошукӯҳтарин бахши ҷашнашон низ дар ин рӯз буд… Сол назди эрониён хуршедӣ аст. Ҳар сол иборат аз 365 рӯз ва 5 соъату 47 дақиқа аст, ки бо Наврӯз оғоз мешавад.

Пири мо мегӯяд: Гоҳшумории Эроншаҳрро осон магиред, ки ҳанӯз илмитарину дақиқтарин гоҳшумории ҷаҳон аст ва дастоварди фарзандони неки ман, чун Берунӣ ва даҳҳо тани дигар, аст.

***

Ба инҷо ки мерасад, соли 467-и қамарӣ дар баробараш рух менамояд, ки боз эрониён бар як турктозии шуми дигар фоиқ омадаанд, онсон ки Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ҳашт тан аз ахтаршиносони эронӣ, аз ҷумла Ҳаким Умари Хайём, Ҳаким Лавкарӣ, Маймун писари Наҷиби Воситӣ, Абулмузаффари Асфазориро мегуморад, то пири моро дар ҷойи дурусти худ – рӯзи нахустини баҳор – устувор кунанд.

Пири мо ба фарзандаш Хайём, ки мерасад, нохудогоҳ ихтиёр аз каф мениҳад ва завқзада ин рубоъии ӯро бо овозе хуш мехонад:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳам аз хоки ту бархоҳад руст.

Ва “Наврӯзнома”-ро мегушояд ва сухани Хайёмро бо овозе баланд бароямон замзама мекунад:

“Ойини мулуки Аҷам аз гоҳи Кайхусрав то ба рӯзгори Яздиҷурди Шаҳриёр, ки охири мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст кас аз мардумони бегона, мӯбади мӯбадон пеши малик омадӣ, бо ҷоми заррини пурмай, ва ангуштарӣ, ва дирамеву диноре хусравонӣ, ва як даста хавиди (гандум ё ҷави) сабзруста, ва шамшере, ва тиру камон, ва давоту қалам, ва аспе, ва бозе ва ғуломе хубрӯй, ва ситоиш намудӣ ва ниёиш кардӣ ӯро ба забони порсӣ ба иборати эшон, чун мӯбади мӯбадон аз Офарин бипардохтӣ, пас бузургони давлат даромадандӣ ва хидматҳо пеш овардандӣ.”

Онгаҳ Офарини мӯбади мӯбадон ба иборат эшонро аз забони Хайём ба ёдамон меоварад:

“Шаҳо! Ба ҷашни фарвардин ба моҳи фарвардин озодӣ гузин. Яздон ва дини каён, Суруш овард туро доноиву биноӣ ба кордонӣ, ва дер зив бо хӯйи ҳажир, ва шод бош бар тахти заррин ва анӯша хур ба ҷоми Ҷамшед, ва расми ниёкон дар ҳиммати баланд ва некӯкориву варзиш. Доду ростӣ нигоҳ дор, сарат сабз боду ҷавонӣ чу хавид, аспат комгору пирӯз, ва теғат рӯшану корӣ ба душман ва бозат гиро ва хуҷаста ба шикор, ва корат рост чун тир,… пешат ҳунарӣ ва доно гиромӣ, ва дирамхору сароят обод ва зиндагонии бисёр. (Хайём)

***

Аммо, аммо..

Дареғо, ки боз ин рӯзҳо намепояд ва гарду хоки муғулони хунхор Эроншаҳрро дарменавардад. Пири мо фарзандаш Атторро мебинад, ки бо беш аз як милюн нишобурӣ ба дасти ин ваҳшиён гардан зада мешаванд. Зартушти Баҳром Паждуро зери сайтараи Элхонони муғул мебинад, ки пас аз ҳафт сада боз ба сони Яздигурд месарояд:

Язишҳои (парастиш, ҷашн) Яздон надоранд ёд,
Дигаргуна гардад ҳамедун ниҳод.
На Наврӯз донанду на Меҳргон,
На ҷашну на ромиш, на Фарвардиён (ҷашни Фарвардингон) (Зартушти Баҳром Пажду)

***

Аммо боз замон гузашту гузашт, то Эроншаҳр ба аҳди шоҳ Аббоси Бузург расид. Подшоҳе, ки дубора ойинҳои куҳанро зинда кард ва беш аз ҳама ба пири мо арҷ ниҳод. Пири мо мегӯяд: Дар Нақши Ҷаҳон буд, ки ӯ ёди маро зинда кард ва аз ин рӯ, Шордани ҷаҳонгард омадани маро дар он рӯзгор чунин гузориш кардааст: “Мунаҷҷимин либоси фохир дар бар карда, як-ду соъат пеш аз эътидоли рабиъӣ (баҳорӣ) барои таъйини таҳвили офтоб ба бурҷи Ҳамал ба кохи салтанатӣ ва ё иморати ҳукумати маҳал мераванду дар пушти бом ва ё рӯи маҳтобӣ (айвон) бо устурлоби худ машғули кор мешавад. Ба маҳзи ин ки аломат доданд, барои эъломи ҳулули соли ҷадид шиллик мешавад садои олоти мусиқии таблу шайпур, нойу нақора дар ҳаво танинандоз мегардад. Бад-ин тартиб, таронаву тараб, ҷашну сурури тамошочиён ва бузургони мамлакат оғоз мешавад. Дар Исфаҳон дар ҳамаи рӯзҳои ид дар муқобили кохи шоҳаншоҳ маросими сурур бо рақсу тараб ва оташбозӣ ва саҳнаҳои кумедӣ ба монанди ҳафтабозор баргузор мегардад. (Шордан)

***

نوروزОшкоро, ин ҳама фарозу нишеб, ошкоро пири моро ҷаҳондидатар аз ҳар ҷаҳондидае кардааст. Замонаш танг аст ва бояд биравад, чиро ки эроншаҳриён барои диданаш лаҳзашуморӣ мекунанд. Аз пурсишҳоям дармегузарам ва аз фарҷоми Эроншаҳр мепурсам. Лабханде мезанад ва шодмона мегӯяд: Бо чунин ҷавононе хотираи фарзандам Коваи Оҳангар бароям зинда шудааст. Эроншаҳр сарбуланд мемонад, чунон ҳамешаи торихаш, чиро ки ман ба ёрии ҳамаи фурӯҳарони паҳлавонон ва ашаванон дар канори эроншаҳриён ҳастам.

Пайнавишт

Бингаред ба: Берунӣ, Абурайҳон (1923), “Ал-осор-ал-боқия”, вероиши Зохоу, барги 219.

Хусравони Эронзамин Наврӯзу Меҳргонро бори ҳамагонӣ медоданд ва худ ба додхоҳии мардумон расидагӣ мекарданд. Бингаред ба: Ҷоҳиз, Абуъусмон Умар бини Баҳр (1343); Тоҷ; тарҷумаи Муҳаммадъалии Халилӣ; Китобхонаи Ибни Сино, барги 216 ва ҳамчунин “Сиёсатнома”-и Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ.

Барои огоҳӣ дар бораи чигунагии баргузории Наврӯз дар рӯзгори Сосониён бингаред ба: Ҷоҳиз, Абуъусмон Умар бинни Баҳр (1969) “Ал-маҳосин в-ал-аздод”, ширкати Ал-Лубноният-ал-китоб, Бейрут, ва Ҷоҳиз, Абуъусмон Умар бинни Баҳр (1343), Тоҷ, тарҷумаи Маҳаммадъалии Халилӣ, Китобхонаи Ибни Сино.

Ёриномаҳо

Хайём (1312), “Наврӯзнома”, вероиши Муҷтабо Минавӣ, Асотир, Теҳрон.

Зартушт Баҳром Паждӯ (1338), “Зартушнома”, ба кӯшиши Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Китобхонаи Таҳаврӣ.

Шордан (1349) “Саёҳатнома”, ҷилди 2, тарҷумаи Муҳаммади Аббосӣ.

Фирдавсӣ, Абулқосим (1386)(1), “Шоҳнома”, дафтари якум, ба кӯшиши Ҷалоли Холиқӣ-Мутлақ, Маркази Доиратулмаъорифи бузурги исломӣ.

Фирдавсӣ, Абулқосим (1386)(1), “Шоҳнома”, дафтари панҷум, ба кӯшиши Ҷалоли Холиқӣ-Мутлақ, Маркази Доиратулмаъорифи бузурги исломӣ.

Фирдавсӣ, Абулқосим (1386)(1), “Шоҳнома”, дафтари ҳаштум, ба кӯшиши Ҷалоли Холиқӣ-Мутлақ, Маркази Доиратулмаъорифи бузурги исломӣ.

“Таърихи Табарӣ”, ҷузъи даҳум, баргирифта аз Муъин, Муҳаммад (1387), Ҷашни Наврӯз дар китоби “Зиндагинома ва хадамоти илмӣ ва фарҳангии дуктур Муҳаммади Муъин”, Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Теҳрон,

Мирфитрус, Алӣ (1997), “Дидгоҳҳо”, чопи дувум, Олмон.

Низомулмулк, Ҳасан бинни Алӣ (1378); Сиярулмулук (Сиёсатнома); ба эҳтимоми Ҳюберт Дорк; Интишороти илмиву фарҳангӣ.

Бахшҳое аз ин ҷустор пештар дар Равзанаи қонун (шумораи 112, 27 исфанди 1391) ва ҳафтаномаи Амурдод (17 исфанди 1392) мунташир шудааст.

متن فارسی ا “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*