Андар чароии сарагӯӣ ва саранависӣ

Дуктур Мир Ҷалолиддини Каззозӣ

کزازی

Забони шаккарину шевои порсӣ, ки метавонем бе дирангу дудилагӣ онро нағзтарину тавонмандтарин забони зебошинохтӣ дар ҷаҳон бидонем, сиришту сохторе дугона ва носозворона дорад: аз сӯйе забонест бисёр сӯдаву сода, нағзу нозук, бо зангу оҳанге диловез ва хунёиву гӯшнавоз; аз дигар сӯй забоне устувору сахтҷон ва пойдор, ки тӯфонҳо ва тундбодҳое саҳмноку ситезомезро аз сар гузаронидааст ва дар дарознои садаҳову ҳазораҳо барҷою барпой мондаасту боре гарону танфарсой ва тавонкоҳу пуштшиканро бар дӯш кашидааст, ки фарҳанги гаронсангу нозишхези эронӣ аст. Ин забон, баҳраҷӯй аз тавоноиҳову диловезиҳои хеш ҳамвора имрӯзиёни Эронро ба дирӯзиён ва пасиниёнро ба пешиниён ва наводагонро ба ниёкон пайвастааст ва риштае сахту устувор ва ногусастанӣ будааст, ки гузаштаи Эронро акнунӣ ва рӯзомад гардонидааст ва пойгоҳу пойбандони пайвастагиву якпорчагии фарҳангу торихи Эрон гардидааст.

Забоне, ки моявартарин ва танғзтарин сомонаи сурудина ва саровдини (шеърии) ҷаҳонро дар чандию чунӣ дар худ падид овардааст ва овозаи Эронро то дуртарин сарзаминҳои гетӣ даргустардааст ва суханвароне бузургу варҷовандро дар офариниши шоҳкорҳои ҷовидони адабӣ ба кор омадааст, шоҳкорҳо ва суханвароне, ки ба ҳеч гумони газофа ҳамонанду ҳамолӣ барояшон дар саросари ҷаҳон наметавон ёфт. Шигарфию шоҳвории ин забон ва сахтагиву устувории он то бад-он поя будааст, ки сухани порсӣ ва адаби дарпайвастаи онро ончунон моя бахшидааст ва барбурдааст, ки фарознои фархундаи фарҳангу ҳунари Эрон ва ситеғи устувор ва сар бар сипеҳри ин ҳунару фарҳанг гардидааст.

Яке аз ҳадафҳои сарагӯӣ-саранависӣ ин аст, ки аз зиёнҳое, ки вожагони бегона ба сохтори овоӣ ва гӯшнавози забони порсӣ ва ҳамчунин расоӣ, пухтагӣ ва устувории он ворид мекунанд, ҷилавгирӣ кунем. Ин ки забони порсӣ намебояд вомвожаҳоро дар худ роҳ диҳад, дидгоҳе донишварона ва бар пояи бурҳонҳои забоншинохтӣ аст.

Дар Эрони пас аз ислом ҳамвора ончи мояи нозишу сарбаландии мо эрониён будааст ва бад-он бар паҳнаи гетӣ боло барафрӯхтаему хештанро аз дигар мардумон волотар донистаем ва нозону сарафрозон гуфтаем, ки: “Моем, ки тавонистаем суханвароне сутургу бемонанд чун Фирдавсиву Хайёму Мавлавию Саъдӣ ва Ҳофиз дар домони фарҳанги хеш бипарварем ва биболонем!” сухани порсӣ будааст.

Осеби вожагони бегона ба бофтори нозук ва диловезу оҳангини забони порсӣ

Яке аз ҳадафҳои сарагӯӣ-саранависӣ ин аст, ки аз зиёнҳое, ки вожагони бегона ба сохтори овоӣ ва гӯшнавози забони порсӣ ва ҳамчунин расоӣ, пухтагӣ ва устувории он ворид мекунанд, ҷилавгирӣ кунем. Ин ки забони порсӣ намебояд вомвожаҳоро дар худ роҳ диҳад, дидгоҳе донишварона ва бар пояи бурҳонҳои забоншинохтӣ аст.

Забони порсӣ дар дарознои зиндагияш ба пояе аз судагӣ ва содагӣ, перостагӣ ва нобӣ расидааст, ки ҳанҷорҳо ва коркардҳои бурунзабонӣ дар он аз миён рафта ва танҳо он чи ба якборагӣ ва ба нобӣ, ниёзҳои ростину ногузири забоншинохтиро бармеоварад ва ба кор меояд, дар он барҷой модааст. Ҳанҷорҳо ва сохтҳое бурунзабониву боваршинохтӣ чун наринагӣ (тазкир) ва модагӣ (таънис) ва амрадӣ (тахнис), ки ҳеч коркарди забоншинохтӣ надорад ва ба “таҳнишастҳое” аз боварҳои бостонӣ ва устураианд, ки дар забон бозметофтаанд ва ба намуд меомадаанд, дар забони порсӣ яксара аз миён рафтаанд.

Забони порсӣ бисёр пешрафта аст. Забоне будааст бисёр пӯё. Аз диди забоншинохтии торихӣ, пешрафтатарин забони кунунӣ аст. Ин аз он ҷост, ки забон ойинаи фарҳанг аст. Фарҳанге, ки пӯёст, забоне ҳамсангу ҳамсоз бо хешро падид меоварад. Фарҳанги эронӣ чун фарҳанге пӯё ва пештоз будааст, забони порсӣ ҳамоҳанг бо он бисёр дигаргун шуда ва пешрафт кардааст.

Забони порсии имрӯз сохторе дорад, ки бо бисёре аз дигар забонҳои ҷаҳон ҳамрӯзгор нест. Ба сухани дигар, он забонҳо аз диди корбурдҳои сириштину бунёдин дар рӯзгорону сохторҳое мондаанд, ки дерест забони порсӣ аз онҳо гузаштааст. Дигар забонҳои ҷаҳон бо порсии дарӣ ё ҳамон порсии нав ҳамрӯзгор нестанд. Барои намуна бо порсии миёна санҷиданианд, ҳатто бо порсии бостон. Агар забони порсӣ, ки бисёр пешрафта аст, аз ин забонҳо, ки дар санҷиш бо он ҳанӯз куҳан мондаанд, вожа бистонад, бар худ зиён задааст. Ин вожаҳо бо сохторҳо, ҳанҷорҳо ва рафторҳои забони порсӣ созгор нестанд. Аз ин рӯ, онҳоро газанд мерасонанд ва бармеошӯбанд.

Вомвожаҳои дуруштноку ноҳамвор ва гӯшозор, бофторинозук ва диловезу оҳангини забони порсиро мепарешанд ва зангу оҳанги хунёии онро зиён мерасонанд. Осебҳои дигар, ки аз ин раҳгузар ба дигар сомонаҳои забон ҳамчун сомонаи гардонишӣ (сарфию наҳвӣ) ва моношинохтӣ (маънишинохтӣ) мерасад, ниҳон аст ва дерпайдо ва забонро аз дарун мефарсояд ва мепӯсонад.

Нахустину ошкортарин зиёну газанде, ки забонҳои бегона ба забони порсӣ мезананд, ин аст ки бофтори оҳангин ва хунёӣ ва ҳамвору гӯшнавоз, овоиро дар ин забон аз миён мебаранд. Вожаҳои эронӣ, ҳангоме ки аз рӯзгорони бостонии миёна ба рӯзгори нав расидаанд, вожаҳои порсӣ шудаанд (порсии дарӣ), аз диди сохтори овоӣ, судаву сода ва нарму ҳамвор гардидаанд. Барои намуна, як вожаи дуруштноки гарони авестоӣ, монанди хварена  (khoarnah) дар порсӣ шудааст фар (Far), ки аз диди сохтори овоӣ ба фарҷоми худ расидааст, яъне вожаҳое монанди “фар” беш аз ин суда ва кӯтоҳ наметавонад бишавад. Аммо вожаҳое, ки мо аз забонҳои дигар меситонем, метавонанд вожаҳое дурушту гарон ва ноҳамвор бошанд, ки сохтори диловези овоиро аз миён мебарад.

Забони порсӣ забонест тавонманду бениёз. Ин тавонмандӣ дар забони порсӣ бармегардад ба сомона ва дастгоҳи вожасозӣ дар ин забон, ки бисёр нерӯманду коромад ва офаринишгароёна ва бекарона аст. Мо метавонем бе шумора дар порсӣ вожа бисозем.

Забони порсӣ дар дарознои зиндагияш ба пояе аз судагӣ ва содагӣ, перостагӣ ва нобӣ расидааст, ки ҳанҷорҳо ва коркардҳое бурунзабонӣ дар он аз миён рафта ва танҳо он чи ба якборагӣ ва ба нобӣ, ниёзҳои ростину ногузири забоншинохтиро бармеоварад ва ба кор меояд, дар он барҷо модааст. Ҳанҷорҳо ва сохтҳое бурунзабониву боваршинохтӣ чун наринагӣ (тазкир) ва модагӣ (таънис) ва амрадӣ (тахнис), ки ҳеч коркарди забоншинохтӣ надоранд ва ба “таҳнишастҳое” аз боварҳои бостонӣ ва устураианд, ки дар забон бозметофтаанд ва ба намуд меомадаанд, дар забони порсӣ яксара аз миён рафтаанд. Аз он аст, ки омехтагии забони порсӣ бо дигар забонҳо, ки бо он ҳамрӯзгор нестанд ва ҳанӯз оғозина ва лойноку олуда ба коркардҳои бурунзабонӣ мондаанд, бад-ин забони нағзу ноб осебҳо мерасонанд ва онро меолояд. Ошкортарину барҷастатарин осеб, ки пешу беш аз дигар осебҳо фародид меояд, осеби овошинохтӣ аст. Вомвожаҳои дуруштноку ноҳамвору гӯшозор бофтори нозуку диловез ва оҳангини забони порсиро мепарешанд ва зангу оҳанги хунёии онро зиён мерасонанд. Осебҳои дигар, ки аз ин раҳгузар ба дигар сомонаҳои забон, ҳамчун сомонаи гардонишӣ (сарфиву наҳвӣ) ва моношинохтӣ (маънишинохтӣ) мерасад, ниҳон аст ва дерпайдо ва забонро аз дарун мефарсояд ва мепӯсонад.

Забони порсӣ монанди бисёре аз забонҳои ҷаҳон колбадина нест. Бад-ин сон ки паймонаҳо ва ркхтҳои аз пеш ниҳода барои вожасозӣ дар ин забон намебинем. Забони порсӣ бисёр нармишпазир аст, ба мум мемонад. Ҳарчи мояву тавону дониши шумо дар забони порсӣ бештар бошад, ин забонро осонтару моявартар метавонед ба кор бигиред.

Хости саранависон бозгашт ба забони замони Фирдавсӣ нест. Агар навишта ва сурудаҳои порсигароёнаи имрӯз ба забони Фирдавсӣ мемонад, аз он рӯй нест, ки он нависанда ё сароянда он забонро ба кор мегирад ё мехоҳад ба шеваи Фирдавсӣ бисарояд, аз он ҷост, ки забони порсӣ бад-он сон ки устоди Тус ё Саъдӣ ба кор гирифтааст, аз диде дигар, наздиктарин забон ба забони сириштини порсӣ аст. Ҳангоме ки мо мекӯшем ба ин забон бирасем, хоҳ-нохоҳ он чи ба даст меоварем, наздики Фирдавсӣ хоҳад буд.

Бениёзии забони порсӣ аз вожаҳои бегона

Тавоноӣ, камбуд ва бетӯшӣ аз забони порсӣ нест, аз касонест, ки ин забонро ба кор мегиранд.

Забони порсӣ забонест тавонманду бениёз. Агар гоҳе ба вомвожаҳо ниёз дорад, ин ниёз дар ҳамон марзу андоза аст, ки ҳар забон метавонад дошт ва ҳатто бисёр камтар аз бисёре аз дигар забонҳо ниёзманди вомвожа аст. Ин тавонмандӣ дар забони порсӣ бармегардад ба сомона ва дастгоҳи вожасозӣ дар ин забон, ки бисёр нерӯманду коромад ва офаринишгароёна ва бекарона аст. Мо метавонем бешумора дар порсӣ вожа бисозем. Забони порсӣ монанди бисёре аз забонҳои ҷаҳон колбадина нест, бад-ин сон ки паймонаҳову рехтҳои аз пеш ниҳода барои вожасозӣ дар ин забон намебинем. Забони порсӣ бисёр нармишпазир аст, ба мум мемонад. Ҳарчи мояву тавону дониши шумо дар забони порсӣ бештар бошад, ин забонро осонтару моявартар метавонед ба кор бигиред. Барои намуна, яке аз вожаҳои бисёр ошно дар забони порсӣ вожаи “даст” аст. Бо ин вожа метавон даҳҳо вожа сохт, гузашта аз он вожаҳо, ки дигарон пеш аз ин аз ин вожа сохтаанд. Басанда аст ки ин вожаро бо вожаҳои дигар бипайвандед, то вожаҳот нав ба даст ояд: фародаст, фурӯдаст, зердаст, забардаст, болодаст, пойиндаст, дастовез, дастбанд, дастгира ва… Ҳатто метавонем фарҳанге хурд аз вожагонеро, ки то кунун бо ин вожаҳо сохта шудааст, фароҳам биёварем. Аз ин рӯй, ин забон дар сиришту сохтор забоне тунукмоя нест, ки аз баровардани ниёзҳои рӯз нотавон бошад ва бихоҳад аз вомвожаҳо баҳра барад. Нотавонӣ, камбуд ва бетӯшӣ аз забони порсӣ нест, аз касонест, ки ин забонро ба кор мегиранд. Аз ин рӯй, метавон аз вожаҳои бегона бипарҳезед, барои вожагоне, ки ба ҳар ангезае дар ин забон роҳ ҷустаанд, баробарҳои порсӣ биёбем, андак-андак ин вожаҳоро аз забони порсӣ биронем ва он вожагони дигарро ба ҷойи онҳо биншонем.

Метавон аз вожаҳои бегона бипарҳезед, барои вожагоне, ки ба ҳар ангезае дар ин забон роҳ ҷустаанд, баробарҳои порсӣ биёбем. Андак-андак ин вожаҳоро аз забони порсӣ биронем ва он вожагони дигарро ба ҷойи онҳо биншонем.

Забони порсӣ газандҳое гарон ва осебҳое бузургро то кунун аз сар гузаронидааст ва аз бӯтаи ҳар озмуни душвори торихӣ сарбаланду пирӯзманд берун омадааст. Бо ин ҳама, ин забони шаккарину диловез, ки яке аз фарҳангитарин забонҳои ҷаҳон асту дурахшонтарин, моявартарин сомонаи адабии ҷаҳон дар он падид омадааст, дар ин рӯзгор бо душмане сахт нерӯманд ва зиёнкор рӯбарӯст, ки фанноварии расонаӣ аст.

Фанноварии расонаӣ, ки ҳатто то ниҳонгоҳи хонаҳои касон роҳ ҷустааст, забонҳои бумиро, ки пешинаи деринаву чандҳазорсола доранд, мефарсояд, мекоҳад, аз тобу тӯш меандозад, то саранҷом онҳоро яксара аз миён бардорад. Пас ҳатто забоне ба устуворӣ ва сахтҷонии забони порсӣ низ дар баробари ҳамоварде чунин саҳмгину сутург, ниёз ба ёриву пуштибонӣ ва дастгирӣ дорад. Бар ҳар дӯстдори забони порсӣ аст, ки ба ёрии он, ба ҳар шева, ки метавонад, бишитобад.

Фанноварии расонаӣ, ки ҳатто то ниҳонгоҳи хонаҳои касон роҳ ҷустааст, забонҳои бумиро, ки пешинаи деринаву чандҳазорсола доранд, мефарсояд, мекоҳад, аз тобу тӯш меандозад, то саранҷом онҳоро яксара аз миён бардорад. Пас ҳатто забоне ба устуворӣ ва сахтҷонии забони порсӣ низ дар баробари ҳамоварде чунин саҳмгину сутург, ниёз ба ёриву пуштибонӣ ва дастгирӣ дорад. Бар ҳар дӯстдори забони порсӣ аст, ки ба ёрии он, ба ҳар шева, ки метавонад, бишитобад, то ин забон битавонад ин тӯфону тундбоди (расонаӣ)-ро низ аз сар бигзаронад ва аз ин бӯтаи озмоиши (сахт) низ пирӯманду сарбаланд бадар ояд.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*