Чопи панҷумин шумораи маҷаллаи “Забони порсӣ” дар Тоҷикистон

Панҷумин шумораи фаслномаи “Забони порсӣ” дар Тоҷикистон мунташир шуд.

Ин маҷалла рӯзи севуми хурдодмоҳ (24 май) дар боғи Рӯдакии шаҳри Душанбе миёни дилбастагони забони порсӣ пахш шуд. Маҷалларо бону Зарафшон Мардонова, раиси бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ” ва аз дастандаркорони чопи ин маҷалла, пахш кард.

Дар шумораи панҷуми маҷаллаи “Забони порсӣ”, ки шумораи баҳории он аст, ҷусторҳое ба монанди “Табартақсими ҳувияти порсӣ: сегонаи порсигӯ” ва “Пояҳои миллии артиш”, аз Дориюши Раҷабиён, “Саргузашти забони порсӣ” аз Ҷалол Холиқӣ-Мутлақ, “Забони порсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии он” – гуфтугӯе аз Насрини Табрезӣ бо Масъуди Миршоҳӣ, “Забонҳои помирӣ ва зарурати ҳифзу бақои онҳо” аз Назаршоҳ Назаршоев, “Боғи эронӣ дар гузари замон” аз Тоҳира (Саҳо) Наср, мунташир шудаанд.

Дар гузориши кӯтоҳе бо номи “Вожагони тафриқаандоз дар Афғонистон” вожаҳо ва истилоҳоти расмии пашту, ки дар забони порсии он кишвар ба кор мераванд, шарҳ дода шудаанд.

Ин маҷалла ҳамчунин дарбардорандаи бахшҳои дигаре монанди “Гузор”, ки порае аз гуфтугӯҳои рухномаӣ (фейсбукӣ) дар бораи забони порсиро дар бар дорад, “Вожаномаи роёнаӣ” “Вожаномак” ва “Порсии осон” барои ёдгирии дабираи порсӣ аст.

Дар бахши “Торнавард” ин бор торнамои “Порсӣ Анҷуман” шиносонда шудааст. Бахше аз достони “Шоҳзода-кучулу” аз Онтуон ду Сан Эгзюперӣ ҳам дар шумораи тозаи маҷалла барои кӯдакон чоп шудааст.

parsi1Дар бахше аз дебочаи “Забони порсӣ” аз ҷумла омадааст: “Дар ин шумора аз дардҳову дармонҳо хоҳем гуфт; аз ин ки чи шуд, ки чунин шуд ва як забон бо се номи мутафовит дар як минтақаи ҷуғрофиёӣ дарҳам шикаста шуд, аммо боз ҳам тамомияти худро ҳифз кард.

“Табартақсими ҳувияти порсӣ: сегонаи порсигӯ” ин моҷарои пурдардро бозгӯ мекунад. Дар порсии Афғонистон жарфтар ғавр мекунем, бавежа ба он бахшаш, ки марбут ба мафҳуми ғариби мусталаҳоти миллии Афғонистон мебошад.

Нигоҳе ба саргузашти забони порсӣ ҳам хоҳем дошт, бо марзҳои ҷуғрофиёии он ва ин ки оё аслан порсӣ марзе мешиносад. Дар идомаи ҷусторҳоямон дар бораи забонҳои бумии Тоҷикистон матлабе дорем дар бораи зарурати ҳифзу бақои забонҳои помирӣ, ки аз пайвандони куҳантари забони порсӣ ҳастанд.

Саре ба “боғи эронӣ” ҳам хоҳем зад, бо тафаҳҳусе дар вожаи “пардес”.

Фаслномаи “Забони порсӣ” аз Наврӯзи 1392 (2013) дар Душанбе мунташир мешавад. Ибтикори роҳандозии маҷалла бо Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори шинохташуда ва яке аз посдорони пешгоми забони порсӣ дар Тоҷикистон, мебошад.

“Забони порсӣ” ягона маҷалла дар бораи забони порсӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо ёриҳои дилбастагону посдорони забони порсӣ ва ҳамвандони гурӯҳи рухномаии (фейсбукии) “Забони порсӣ” чоп ва ба гунаи ройгон пахш мешавад.

Бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-106, хонаи 88, ҷой дорад ва роёнишонӣ (имейл)-и ин бунёд zptajikistan@gmail.com аст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*