Ҳорулд Бейлӣ ва забони хутанӣ

26 ардибиҳишти 1393

NPG x104742; Sir Harold Walter Bailey by Antony Barrington BrownШаҳрбароз

Сер Ҳорулд Волтер Бейлӣ (Sir Harold Walter Bailey) аз эроншиносони барҷастаи рӯзгори мо буд, ки дар зинда кардани фарҳангу забони эронии хутанӣ нақши бисёр муҳимме дошт.

Бейлӣ дар соли 1799 дар Вилтшери Инглистон зода шуд. То 10-солагӣ ба мадраса рафт, аммо чун падараш замини бузурге дар Устролиё харида буд, ки мехост бад-он ҷо муҳоҷират кунад ва он заминро ба киштзор табдил кунад, Ҳорулд ва дигар фарзандонашро аз мадраса берун овард, то ба ӯ кумак кунанд. Ҳорулд дигар ба мадраса нарафт ва дар хона дарс хонд. Вай аз ҳамон кӯдакӣ нубуғ ва истеъдоди шигифтовари худро дар заминаи забономӯзӣ нишон дод. Дар хона пас аз забони инглисӣ забонҳои олмонӣ, юнонӣ, лотин, фаронса, испониёӣ ва итолиёиро омӯхт. Дар ҳамин даврон буд, ки номи “Авесто” ва “Теҳрон” ба гӯшаш хӯрд.

Дар бистсолагӣ омӯхтани забонҳои авестоӣ, сонскрит ва полӣ (аз забонҳои шохаи ҳиндӣ ва забони матнҳои динии будоӣ)-ро оғоз кард. Вай дар ҳамон оғози ҷавонӣ чунон ба забони сонскрит ошно шуд, ки шеъри баланде ба ин забон суруд! Падару модараш бо дидани ин истеъдод ӯро дар 22-солагӣ ба донишгоҳ фиристоданд. Пас аз дарёфти мадраки коршиносӣ (лисонс) дар Устролиё ба Оксфурд фиристода шуд. Дар онҷо забонҳои авестоӣ ва лотину сонскритро дар сатҳи донишгоҳӣ омӯхт ва забони ирландии куҳанро низ омӯхт. Дар соли 1928 забони арманӣ ва забони гурҷиро низ омӯхт. Барои омӯхтани забони гурҷӣ вай 1600 рубоъии Рустовелӣ (Rustaveli), шоъири саршиноси гурҷии садаи 12-и мелодиро бо хатти худ навишт! Дар ҳамин даврон бо Влодимир Минурскӣ, эроншиноси барҷастаи рус, низ дидор кард. Поённомаи дуктурои Бейлӣ вироиши паҳлавии “Бундаҳишни бузург” буд.

Бейлӣ билохира дар соли 1932-и мелодӣ (1311-и хуршедӣ) ба орзуи худ расид ва ба Эрон сафар кард ва аз будан дар миёни порсизабонон лаззати фаровоне бурд. Дар сафари якҳафтаии худ ба Язд ба мустанадсозии гӯиши яздӣ (бавижа гӯиши зартуштиёни Язд) пардохт ва мақолае 30-сафҳаӣ мунташир кард, ки дар он ба сарфи феълу вожаҳои гӯиши яздӣ пардохт ва чандин ҳикоят ва достонакро ба гӯиши яздӣ сабт ва ба забони инглисӣ тарҷума кард.

Дар соли 1947-и мелодӣ (1327-и хуршедӣ) Бейлӣ дар ҳамоише эълом кард, ки бар он аст, то “Фарҳанги решашиносик”-и забонҳои эрониро падид овард. Мутаассифона, ин пруже ҳаргиз анҷом нашуд. Аммо вай пружеи бузургтареро ба анҷом расонд ва он кор рӯи забони хутанӣ буд, ки дар зер бештар бад-он хоҳем пардохт.

Бейлӣ забони эронии усӣ (Ossetic)-ро низ фаро гирифт ва ҳарду гӯиши он, яъне ирун (Iron) ва дигурун (Digoron)-ро бахубӣ медонист ва вақте дар соли 1944-и мелодӣ (1345-и хуршедӣ) ба Қафқоз сафар кард, бо мардуми ус (усетиёӣ) ба ин ду гӯиш сухан гуфт ва сабаби шигифтии онон шуд. Ва сипас барои ҳаштсадумин солгарди Рустовелӣ, шоъири гурҷӣ, ба шаҳри Тифлис сафар кард. Дар Тифлис гурҷиён бад-ӯ пӯшоки бумии хешро бо шамшере ҳадя карданд ва ӯ бад-ин ҳадя бисёр менозид.

Бейлӣ дар соли 1940 унвони “сер” гирифт ва дар соли 1967-и мелодӣ (1346-и хуршедӣ) бознишаста шуд. Вай дар кори “Торихи Эрон”-и Кембриҷ низ даст дошт ва ҷузви ҳайъати виросторӣ ва низ мудири пруже буд.

Забони хутанӣ

Забони хутанӣ аз забонҳои эронӣ аст, ки сакоҳои ховарӣ бад-он сухан мегуфтанд. Сарзамини Хутан дар миёни ҷаҳони эронӣ ва чинӣ қарор дошт ва то садаи даҳуми мелодӣ (баробар бо садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ) мардумони он эронӣ буданд ва ба забони хутанӣ сухан мегуфтанд ва ба хатти хутанӣ менавиштанд. Аммо андак-андак туркон пас аз тозишҳои фаровон бад-ин минтақа ва муҳоҷират бад-он ҷо забони мардумро туркӣ карданд.

فرهنگ زبان سکایی ختنҶолиб он ки пажӯҳишҳои мардумшиносе ба номи Т. Ҷуйс (T. A. Joyce) дар садаи бистум нишон дод, ки мардуми онҷо ҳамчунон аз назари андом ва зистӣ мушаххасаҳои қавмҳои эронӣ, бавижа эрониёни Помир ва Бадахшонро доранд, гарчи ба забони туркӣ сухан мегӯянд. Дар оғози садаи бистуми мелодӣ сер Урел Истойн (Aurel Stein) ба Осиёи Миёна ва биркаи Торим сафаре кард ва санадҳо ва матнҳои фаровоне ба забонҳои Осиёи Миёна ба даст овард ва бо худ ба Инглистон бурд. Пас аз он кор рӯйи забони хутанӣ оғоз шуд ва яке аз таъсиргузортарин касон дар ин замина Ҳорулд Бейлӣ аст.

Гуфтем, ки Бейлӣ дар заминаи омӯхтани забонҳои бостонӣ нобиға ва шигифтисоз буд ва дониши фаровон ва ҳофизаи пуртавон ва бемонандаш дар заминаи вожаҳо дар забонҳои гуногун ва сохтани пайванд миёни онҳо бемонанд буд ва дар кори мутолеъаи ҳамсанҷишики забонҳо бисёр судманд буд. Муҳиммтарин дастовард ва саҳми Бейлӣ зиндасозии фарҳанги эронии подшоҳии Хутан ва забону фарҳанги хутанӣ буд.

Нахустин китоби Бейлӣ дар заминаи хутаншиносӣ “Фарҳанги забони сакоии Хутан” аст:

Номи китоб: Фарҳанги сакоии Хутан
Нависанда: Ҳорулд Бейлӣ
Ношир: Донишгоҳи Кембриҷ
Сол: 1989-и мелодӣ (1368-и хуршедӣ)
Рӯя: 584

Пас аз ин китоб, Бейлӣ дар соли 1982-и мелодӣ (1361-и хуршедӣ) китобе дар бораи Хутан ва фарҳангу забони он чоп кард:

فرهنگ سکاها در ختن ایرانی باستانیНоми китоб: Фарҳанги сакоҳо дар Хутани Эронии Бостон (Culture of the Sakas in Ancient Iranian Khotan)
Нависанда: Ҳорулд Бейлӣ
Ношир: Корвон (иёлати Ню-Юрк)
Сол: 1982-и мелодӣ
Сафҳа: 114

Ин китоб гирдомадаи панҷ мақола ва суханронии Бейлӣ дар бораи Хутан аст:

Фасли 1. Сарзамин ва мардуми Хутан ва забон ва зиндагии рӯзмарра
Фасли 2. Зистгоҳ, перомун ва зиндагии иҷтимоъӣ дар Хутан
Фасли 3. Зиндагии фарҳангӣ
Фасли 4. Баррасии матнҳое аз адабиёти хутанӣ
Фасли 5. Мардумон ва қавмҳои гирдогирди Хутан

Ин китоб яке аз муҳиммтарин китобҳо барои ошноӣ бо тамаддуни эронии Хутан аст.

Бузугтарин кори Бейлӣ дар заминаи хутаншиносӣ гирдоварӣ ва вироиш ва омодасозии вожанома ва интишори матнҳои хутанӣ дар ҳафт ҷил аст. Дар оғоз ӯ гумон мекард, ки метавонад ин корро дар 11 сол анҷом диҳад, аммо дар амал ин кор наздики 50 сол тӯл кашид!

Khotanese Texts– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 1, соли интишор: 1941-и мелодӣ
– Матнҳои будоии хутанӣ, соли интишор: 1951-и мелодӣ, шомили матнҳои будоӣ
– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 2, соли интишор: 1952-и мелодӣ, шомили чанд матни буланди дигар аз гирдояҳои Порис ва Ландан
– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 3, соли интишор: 1956-и мелодӣ, шомили 75 матн аз гирдояи Сан-Питерзбург
– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 4, соли интишор: 1961-и мелодӣ, шомили матнҳои гирдояи Истукҳулм
– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 5, соли интишор: 1963-и мелодӣ
– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 6, соли интишор: 1967-и мелодӣ,
– Матнҳои хутанӣ: ҷилди 7, соли интишор: 1985-и мелодӣ,

Сер Ҳорулд Бейлӣ дар соли 1996-и мелодӣ (1375-и хуршедӣ) дар синни 97-солагӣ дар Инглистон даргузашт ва андӯхтаи бемонанде аз дониши забоншиносӣ ва вожашиносии забонҳои эрониро бо хеш ба хок бурд.

Хостгоҳ:

Барои навиштани ин ҷустор аз мақолаи “Зиндагиномаи Ҳорулд Волтер Бейлӣ” дар “Донишномаи Иронико” суд бурдаам.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*