Ибни Муқаффаъ: зиндагӣ ва навиштаҳои ӯ

روزبه دادویهШаҳрбароз

Яке аз шахсиятҳои эронии пас аз ислом, ки дар интиқоли донишу фарҳанги Эрони даврони Сосонӣ ба давронҳои пасин нақши барҷастае доштааст, бо номи “Ибни Муқаффаъ” шинохта мешавад. Дар ин навиштор ба таври фишурда ба зиндагӣ ва осори ӯ мепардозам.

Ному нишон ва табор

Номи исломии ӯ “Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ” аст, яъне Абдуллоҳ писари Муқаффаъ. Пеш аз ислом овардан кунияи ӯ “Абӯъамрӯ” буд ва пас аз мусалмонӣ кунияаш ҳам “Абӯмуҳаммад” шуд. Номи эронии худи Ибни Муқаффаъ “Рӯзбеҳ” аст. Аммо бархе номи ӯро Додбеҳ навиштаанд. Ибни Надим номи исломии падарашро “Муборак” навишта, ки шояд тарҷумаи арабии “Рӯзбеҳ” бошад. Вай номи эронии падарашро “Додӯя” (Daduyeh) навиштааст ва гоҳе Додӯя (гоҳо Додавайҳ ё Додавейҳ ҳикр шуда) ба шакли Додбеҳ навишта шудааст.

Аммо Зубайдӣ номи эронии падарашро Дозҷушнас (Додгушнасп) навиштааст. Бино бар ин, номи эронии ӯ Рӯзбеҳ ё Додбеҳ писари Додӯя ё Додгушнасп аст. Шакли пазируфташуд Рӯзбеҳ писари Додӯя аст. Шояд Додӯя шакли кӯтоҳ ва худмонии Додгушнасп буда бошад, монанди Кокӯя, Сибӯя (Сибевайҳ) ва Бобӯя (Бобувайҳ).

Додӯя аз бузургзодагону нижодагони устони Форс буд ва аҳли шаҳри Гӯр. Рӯзбеҳ дар ҳудуди 106-и қамарӣ дар шаҳри Гӯр зода шуд. Гӯр дар асл кӯтоҳшудаи Хурра-Ардашер ба маънои фарра ва шукӯҳи Ардашер аст, ки пойтахти Ардашери Побакон буд. Шаҳри Гӯр баъдҳо рӯ ба вайронӣ ниҳод, аммо дар садаи севуми қамарӣ, Аззудуддавлаи Дайламӣ, ки монанди бештари шоҳони Эрони пас аз ислом ба даврони Сосониён алоқаи фаровоне дошт, он шаҳрро обод кард ва онро Фирӯзобод хонд. Имрӯз ҳам ба номи Фирӯзобод дар ҷануби Шероз аст.

Замоне ки Ҳаҷҷоҷ бин Юсуфи Сақафӣ, аз фармондорони даврони Умавиён бар Ироқ ҳукм меронд, Додӯя аз ҷониби вай маъмури гирдоварии хароҷи Форс шуд. Аммо гӯё дар кори амвол норавоӣ кард ва Ҳаҷҷоҷ ӯро чандон шиканҷа дод, то дасташ туранҷида (кӯфта, хурдшуда) гашт. Туранҷидаро дар арабӣ “муқаффаъ” гӯянд. Бад-ин тартиб Додӯя ба “ал-Муқаффаъ” машҳур шуд ва фарзандаш Рӯзбеҳ “Ибн ал-Муқаффаъ” хонда шуд. Додӯя бо хонаводааш ба Басра рафт.

Мусалмон шудани Ибни Муқаффаъ

Ибни Халлакон гӯяд: “Абдуллоҳ бини Муқаффаъ аз аҳли Форс ва дар оғоз маҷусӣ буд.” Додӯя ва хонаводааш, аз ҷумла писараш Рӯзбеҳ зартуштӣ буданд, ҳарчанд номҳои исломӣ бар худ гузошта буданд ва ин расме буд, ки дар даврони оғози исломӣ ривоҷ дошт. Ибни Муқаффаъ дар оғоз дабир ё котиби Довуд бини Умар бин Ҳубайра мешавад. Гӯё Ибни Муқаффаъ барои пешрафт дар дастгоҳи давлатии Аббосиён тасмим мегирад, ки мусалмон шавад.

Достони мусалмон шудани ӯро Ҳайсам бини Аддӣ чунин менависад, ки Ибни Муқаффаъ шабе ба назди Исо, писари Алӣ, амӯи Мансур (халифаи Аббосӣ), меравад ва ба ӯ мегӯяд, ки “мусалмонӣ дар дили ман роҳ ёфта ва мехоҳам ба дасти ту мусалмонӣ гирам.” Исо мегӯяд “сазовортар аст фардо дар баробари мардум ислом оварӣ” ва Ибни Муқаффаъро шом дар хонаи хеш нигаҳ медорад. Чун хон бигустарданд, Ибни Муқаффаъ ба расми зартуштиён замзама гирифт. Исо бад-ӯ гуфт: Бо нияти мусалмонӣ ҳанӯз замзамаи маҷусон кунӣ?

Ибни Муқаффаъ дар посух гуфт: “Оре, нахоҳам, ки шаберо бедин ба рӯз оварам!” Рӯзи баъд Ибни Муқаффаъ ба дасти Исо мусалмон шуд. Пас аз он Ибни Муқаффаъ дабир ва котиби Исо, амӯи Мансур, халифаи Аббосӣ, шуд. Аммо ҳамвора мусалмонии ӯ бо чашми тардид дида мешуд ва муттаҳам ба зиндиқӣ буд. Ҷоҳиз, торихнавис, низ мегӯяд, ки Ибни Муқаффаъ дар дини хеш муттаҳам буд.

Саранҷоми Ибни Муқаффаъ

Аз онҷо ки Ибни Муқаффаъ дабири амӯи халифа буд, ҳамвора волии Басра Суфён бини Муъовия ибни Язид бини Муҳаллаб бини Абӯсуфраро сабук медошт ва ришханд мекард. Ҳайсам бини Аддӣ менависад, ки “Ибни Муқаффаъ Суфёнро ҷуз “Ибн-ул-Мағталама” (=писари зани тезшаҳват) намехонд ва дар ин роҳ гузофу иғроқ рафтӣ.” Ҳамчунин, чун бинии Суфён бисёр бузург буд, ҳар гоҳ Ибни Муқаффаъ ба назди ӯ мерафт, мегуфт: “Салому алайкумо”, яъне дуруд бар шумо ду тан, яъне бар туву бар бинии ту!

Ё рӯзе Суфён мегуфт: “Ман ҳеч гоҳ бар хомушӣ пушаймонӣ нахӯрдам.” Ибни Муқаффаъ гуфт “гунглоҷӣ (=гунгиву гирифтагии забон) зебу озини ту аст. Чигуна бар он пушаймонӣ хурӣ?” Ё рӯзе дигар Ибни Муқаффаъ дар ҷамъ аз Суфён пурсид: “Чи гӯӣ дар ҳукми ирси мурдае, ки аз ӯ зане ва шӯе бозмонда аст?” Ва Суфён мегуфт: “Савганд бо Худой, ки тани ӯ реза-реза аз ҳам боз кунам.”

То ин ки Абдуллоҳ, амӯи Мансур, халифаи аббосӣ, иддаъои хилофат кард ва сар ба шӯриш бардошт. Мансур сардори бузурги эронии хеш, Абумуслими Хуросониро, ба набарди ӯ фиристод ва Абдуллоҳ шикаст хӯрду гурехт. Абдуллоҳ ба Басра ба назди бародари худ Исо паноҳанда шуд. Ду бародари Абдуллоҳ, яъне Сулаймон ва Исо, ду амӯи дигари Мансур, ба назди Мансур рафтанд, то барои бародари хеш хатти амон бигиранд. Мансур ҳам шафоъати ононро пазируфт ва гуфт амоннома бинависед, то ман имзо кунам.

Исо ба дабири хеш, яъне Ибни Муқаффаъ, гуфт, ки зинҳорномаро ба гунае бинавис, ки Мансур дигар натавонад ӯро биёзорад ё бикушад. Гӯё Ибни Муқаффаъ низ дар гунҷондани шароити сахт зиёдаравӣ кард ва аз ҷумла навишт агар Мансур амӯи хеш Абдуллоҳро озор диҳад, занонаш беталоқ бар ӯ ҳаром бод! Чорпоёнаш вақф бод! Ҳамаи бандагонаш озод бод! Ва мусалмонон низ аз байъати ӯ раҳо бошанд!

Вақте номаро барои имзо ба назди Мансур бурданд, бар ӯ сахт гирон уфтод ва пурсид ин зинҳорномаро кӣ нивиштааст? Гуфтанд марде ба номи Ибни Муқаффаъ, дабири амӯят Исо. Мансур ҳам ба Суфён, волии Басра, нома нивишт ва ба куштани Ибни Муқаффаъ фармон дод. Балозурӣ мегӯяд Исо дар кори бародари хеш Абдуллоҳ ба Ибни Муқаффаъ гуфт, ки ба назди Суфён рав ва чунону чунин кун. Ибни Муқаффаъ гуфт: “Ҷуз маро бад-ин амр гумор, чи ман аз ӯ бар ҷони хеш бим дорам.” Исо гуфт: “Дил бад макун, ман ҷони туро пизруфторӣ (=пуштибонӣ) кунам.”

Гуфтем, ки Суфён кинаи шадиде аз Ибни Муқаффаъ дошт ва аз сӯи дигар ҳам Мансур ба ӯ фармони куштани Ибни Муқаффаъро дода буд. Пас рӯзе, ки Ибни Муқаффаъ ба дидори Суфён рафт, ӯро нигаҳ доштанд, то ҳама бираванд ва ӯ охирин нафар бошад. Сипас Ибни Муқаффаъро танҳо ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ ба утоқи дигаре рафт ва дар он ҷо Ибни Муқаффаъро кушт.

Дар чигунагии кушта шудани Ибни Муқаффаъ Ибни Мадоинӣ гӯяд чун Ибни Муқаффаъ ба назди Суфён даромад, Суфён ӯро гуфт “Ончи модари маро бад-он бармешимардӣ, ба ёд дорӣ?” Ибни Муқаффаъ ҳаросид ва зинҳор хост. Суфён гуфт: “Модари ман, чунон ки ту гуфтӣ, мағталама бод, агар туро накушам ба куштане нав ва бемонанд.”

Пас фармон кард, то тануреро бартофтанд ва андомҳои ӯ як-як боз мекард ва дар пеши чашми ӯ ба танӯр меафканд, то ҷумла аъзои ӯ бишуд. Пас сари танӯр устувор кард ва гуфт: “Бар мусла (буридани гӯшу бинӣ)-и ту маро муохазате (уқубате) наравад, чи ту зиндиқӣ будӣ ва дин бар мардумон табоҳ мекардӣ.”

Ва бархе гӯянд, ки ӯро ба чоҳ дарафканд ва чоҳ ба санг биянбошт. Низ гуфтаанд, ки ӯро ба гармоба кард ва дар бар вай устувор кард ва ӯ бо дами ҳаммом хафа шуд. Чун Сулаймон ва Исо аз Ибни Муқаффаъ пижӯҳиданд ва донистанд, ки ӯ тандуруст ба хонаи Суфён рафт ва берун наёмад, Суфёнро дар банд ба назди халифа бурданд ва гувоҳон омаданду гувоҳӣ доданд. Мансур гуфт: “Агар ман Суфёнро бикушам ва Ибни Муқаффаъ аз ин дар даромад ва бо шумоён сухан гуфт, гумон мебаред, ки ман шумоёнро накушам?!”

Чун гувоҳон ин шуниданд, аз гувоҳӣ бозистоданд ва Сулаймону Исо низ дам даркашиданд ва донистанд куштани Ибни Муқаффаъ бо ризояти Мансур будааст. Бад-ин тартиб, Ибни Муқаффаъ дар ҷавонӣ ва дар синни 36-солагӣ кушта шуд. Ибни Халлакон соли кушта шудани Ибни Муқаффаъро соли 145-и қамарӣ меоварад. Аммо аз китоби “Ахбори Басра” нивиштаи Амрӯ бин Шайба бармеояд, ки соли 142 ё 143-и қамарӣ будааст.

Осори Ибни Муқаффаъ

Гуфтем, ки Ибни Халлакон Ибни Муқаффаъро “машҳур ба балоғат ва дорандаи осори бадеъ” мегӯяд. Ибни Надим ҳам вақте аз “даҳ суханвари шевои ҷаҳон” ((«بُلَغای عشره‌ی ناس») Ибни Муқаффаъро нахустини онон мешуморад. Ҳам ӯ дар бахши шоъирон мегӯяд Ибни Муқаффаъ ба арабӣ шеър месуруда ва шеърҳояш ҳама ҷо нақл мешавад (муқил аст).

Дар бахши фарзонагон (ҳакимон) ҳам Ибни Муқаффаъро яке аз мутарҷимон ва ноқилони ҳикмат ва дигар донишҳо аз забони порсӣ ба арабӣ мехонад. Ибни Надим ҳам чунин дар китоби “Алфеҳрист” мегӯяд дар гузашта эрониён шуморе аз китобҳои мантиқ ва пизишкиро аз юнонӣ ва румӣ ба порсӣ тарҷума карда буданд ва Ибни Муқаффаъ ва дигарон онҳоро ба арабӣ баргардонданд. Осоре, ки Ибни Муқаффаъ аз забони порсӣ (паҳлавӣ) ба забони арабӣ баргардондааст, иборатанд аз:

Китоби “Тоҷномаг: ба номи арабии “Ат-тоҷ фӣ сирати Ануширвон” (التاج فی سیرت انوشیروان), “Тоҷ дар рафтори Анӯшервон”
Китоби Худойномаг: ба номи арабии “Сияр ал-мулук ал-Аҷам” (سِیَر الملوک العجم) яъне “Кирдорҳои подшоҳони Эрон”
Китоби Ойинномаг: ба номи “Китоб ал-ойин” (کتاب الآیین) дар ойинҳои гуногуни эрониён чун ойинҳои дарбор ва ҷанг ва …
Китоби Калилаг ва Димнаг: бо номи “Калила ва Димна”
Маздакномаг: бо номи арабии “Китоби Маздак”
Номаи Тансар
Рикиҳои Сагастон: бо номи арабии “Аҷоиби Сиҷистон” (Шигифтиҳои Систон)
Китоб ал-адаб ал-кабир (کتاب الادب الکبیر), яъне суханварии бузург
Китоб ал-адаб ас-сағир (کتاب الادب الصغیر), яъне суханварии кӯчак
Китоби “Ад-дуррат ал-ятима” (الدُرّة الیتیمة), мурвориди якто, дар шеваи нигориш ва номанигории расмӣ (ба истилоҳи қадим: фанни расоил). Ин китоб гоҳ ба иштибоҳ “Ад-дуррат ас-самина” (الدُرّة الثمینه), мурвориди гиронбаҳо, нивишта шудааст. Асмаъӣ гӯяд “Ад-дуррат ал-ятима” дар фанни худ назир надорад.

Қифтӣ ҳам дар “Ахбор ал-ҳукамо” овардааст, ки Ибни Муқаффаъ фозиле комил буд ва нахустин кас аст, ки миёни мусалмонон ба тарҷумаи китобҳои мантиқ пардохт.

Китобҳое, ки Ибни Муқаффаъ дар заминаи мантиқ аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонда, иборатанд аз:

Қотеғуриёс (дар юнонӣ Kategorias, дар инглисӣ Categories) ба маънои зумрабандӣ ё радабандии нивиштаи Аристу
Исоғуҷе (Isagoge) нивиштаи Фурфӯриюс (Porphyry) аҳли Сур (Tyre, шаҳре дар Лубнони имрӯзӣ бар каронаи Медитероне), ки даромадест бар “Қотиғуриёс”-и Аристу
Хулосаи “Борӣ Эрминиёс” (дар юнонӣ Peri Herminias, дар инглисӣ On Interpretation) ба маънои “Дар тафсир”, нивиштаи Аристу
Анолутиқо (дар юнонӣ Analytika, дар инглисӣ Analytics) ба маънои “Воковӣ”, нивиштаи Аристу

Гуфтаанд тарҷумаҳои Ибни Муқаффаъ бисёр шево ва бо баёни равон ва дилнишин аст.

Хостгоҳ

Дар омодасозии ин нивиштор аз Фарҳанги Деҳхудо суд бурдаам.

Матни форсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*