Боргирии ройгони панҷумин шумораи фаслномаи “Забони порсӣ”

Zaban-e ParsiПанҷумин шумораи фаслномаи илмӣ-фарҳангии “Забони порсӣ” (баҳори 1393/2014) аз сӯйи бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон ба ройгон мунташир шуд.

Дастандаркорони ин шумораи “Забони порсӣ”, ки ба ду дабираи порсӣ ва сириллик чоп шуда, Зарафшон Мардонова, Назаршоҳ Назаршоев, Фирӯз Набиев ва Дориюши Раҷабиён ҳастанд.

“Табартақсими ҳувияти порсӣ: сегонаи порсигӯ” ва “Пояҳои миллии артиш” аз Дориюши Раҷабиён, “Вожагони тафриқаандоз дар Афғонистон”, “Саргузашти забони порсӣ” аз Ҷалол Холиқӣ-Мутлақ, “Забони порсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии он” – гуфтугӯи Насрини Табрезӣ бо Масъуди Миршоҳӣ, “Забонҳои помирӣ ва зарурати ҳифзу бақои онҳо” аз Назаршоҳ Назаршоев, “Боғи эронӣ дар гузари замон” аз Тоҳира (Саҳо) Наср, аз ҷусторҳои ин фаслнома аст.

Ин маҷалла ҳамчунин дарбардорандаи бахшҳои дигаре монанди “Гузор” аст, ки порае аз гуфтугӯҳои рухномаӣ (фейсбукӣ) дар бораи забони порсиро дар бар дорад. Дар бахши “Торнавард” ин бор торнамои “Порсӣ Анҷуман” шиносонда шудааст. Бахше аз достони “Шоҳзодаи кучулу” аз Онтуон ду Сан Эгзюперӣ ҳам дар шумораи тозаи маҷалла барои кӯдакон чоп шудааст.

Бунёди иҷтимоъии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-106, хонаи 88, ҷой дорад ва роёнишонӣ (имейл)-и ин бунёд zptajikistan@gmail.com аст.

Тозатарин шумораи маҷаллаи “Забони порсӣ”, чопи Душанберо ба дабираи порсӣ аз “инҷо” ва ба дадираи сириллик аз “инҷо” боргирӣ фармоед.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*