Чигуна ‘алифбои Ленин’ ҷойи хатти порсиро дар Варорӯд гирифт?

Миёнаҳои солҳои 20-уми қарни 20 як гурӯҳ аз равшанфикрони тоҷик масъалаи табдили алифбои форсиро ба хатти лотинӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар тӯли 3-4 сол инҳо даҳҳо мақола дар расонаҳо интишор доданд. Муаллифони ин мақолаҳо аксаран афроди маъруф, намояндагони илму адаби тоҷик буданд.

Рустами Ваҳҳоб: Мулоҳизаҳо дар бораи ҳарфи “ъ”

Ҳазфи батакрори ҳарфи “ъ” дар калимаҳое чун “мисраъ” дар хатти сириллики тоҷикӣ дар зеҳни мо ҷои онро комилан тиҳӣ кардааст ва аксаран чунин калимаҳоро бидуни ҳарфи охир дар назар мегирем ва ба кор мебарем. Камтар афроде аз шоирони тоҷик ҳастанд, ки ба ин сабаб дар истифодаи калимаи “мисраъ” ва дигар калимаҳои назири он ба сактаи вазн роҳ надода бошад.

Боргирии “Забоншиносӣ ва забони форсӣ”-и устод Хонларӣ

“Забоншиносӣ ва забони форсӣ” нивиштаи устоди зиндаёд дуктур Парвизи Нотили Хонларӣ аст. Феҳристи нивиштаҳои ин модиён (китоб), ки гирдоварде аз ҷусторҳои ишон аст, чунин мебошад: Пайдоиши забон, ихтироъи забон ва хат, забон ва забоншиносӣ, забони Эрон, таҳаввули забон, таҳаввули забони форсӣ, забон ва ҷомеъа, забон ва лаҳҷа, тарҳи таҳқиқ дар лаҳҷаҳои маҳаллӣ, забони Яъҷуҷу Маъҷуҷ, лафзи ъомма ва лафзи қалам, баён…

Оё порсиг (паҳлавӣ) забоне мурда аст?

Забони порсии миёна забонест, ки ба муддати 800 сол (аз 200-и пеш аз милод ва замони Ашкониён то 600-и милодӣ, дар поёни даврони Сосониён) дар Эрон ривоҷ дошта ва дар тӯли замон тағйирҳое кардааст. Аммо ҳамон гуна, ки мебинед, ин забон бисёр ба забони имрӯзии мо наздик аст. Ҳатто бархе аз сохторҳои дастурӣ ва гунаҳои паҳлавии вожаҳо дар бархе забонҳои дигари эронӣ (лурӣ, курдӣ, гелакӣ, мозандаронӣ ва …) ва гӯишҳои шаҳрҳои Эронзамин барҷо мондааст.

Фарҳангистони забони форсӣ 16 ҳазор вожа ба Тоҷикистон тақдим кард

Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон теъдоди 16 ҳазор вожа ё истилоҳи илмии ҷадидро “барои истифода” дар ихтиёри Кумитеи забон ва истилоҳоти вобаста ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст. Ба гузориши Би-би-сии Форсӣ, Ғуломъалии Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, рӯзи 5 амурдод дар ин бора хабар додааст.

Гузор ба хатти порсӣ: Ба ақаб ё ба сӯи ояндае рӯшан?

Русҳо муваффақ шуданд, ки номи “тоҷик”-ро, ки дар бештари осори гузашта ба маънои “эронӣ” буд, ба унвони номи қавму нажоде тоза матраҳ созанд ва сарзамини онҳоро миёни ақвоми расида тақсим ва гӯшаи кӯчаке аз онро бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон эълом кунанд. Ва забони мардуми бумии ин қаламравро, ки тайи садаҳо порсӣ номида мешуд, дар ростои ҳамон аҳдофи худ “забони тоҷикӣ” хонданд.

Пешинаи фарҳангистон дар Эрон

Дар ин ҷустор устод Аҳмади Самиъӣ (Гелонӣ) ба пешинаи фарҳангистон дар Эрон мепардозад, аз анҷумане, ки барои вожасозиҳои бештари низомӣ дар 1303 оғоз ба кор кард, то фарҳангистоне, ки акнун устувор аст. Ҳарчанд ин ҷустор нигоҳе подварзона ба сарагароӣ дорад, лек аз нигари баррасии торихӣ метавонад фитодҳое дархӯр ва сарнахҳое дарнигиданӣ барои ҳар пfжӯҳандае фароҳам оварад.

Зиндагинома ва нивиштаҳои устод Моҳёри Наввобӣ

Устод Наввобӣ, ки зодаи 1291 дар Шероз буд, аз Донишгоҳи Теҳрон дар адаби порсӣ дуктуро гирифт ва пас аз он дар Донишгоҳи Ландан назди пруфессур Ҳенинг забонҳои куҳани Эронро омӯхт ва сипас дар Донишгоҳи Куингени Олмон забонҳои тухорӣ ва туркии куҳанро фаро гирифт.

Наҷиби Борвар: Ҳар куҷо марз кашиданд, шумо пул бизанед!

Наҷиби Борвар: Кӯдак, ки будам, аз падарам – Валихони Файзӣ – ки “Маснавӣ”-и Мавлавиро ба расми суннатӣ мехонд, мешунидам. Вақте мегуфт “бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”, манзурашро намефаҳмидам ва бо худ мегуфтам, магар най ҳам метавонад сухан бигӯяд? Ба булӯғ, ки расидам, пай бурдам, ки: “Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.” Ҷудоиҳое, ки пур аз фалсафаву пурсишанд.

‘Даргилмодак’: Нашри нахустин тазкираи адабӣ ба забони рӯшонӣ

Китоби “Даргилмодак” аз чаҳор бахш иборат аст: бахши аввал иборат аз суханон ва осори афроди солманд аст, ки қаблан ҳаргиз мунташир нашудаанд; бахши дувум ба ашъори ғиноӣ бахшида шудааст; бахши севум аз намунахои наср (ҳикоёт) иборат аст ва бахши чаҳорум иборат аз зарбулмасалу мақол ва чистонҳост.

1 16 17 18 19 20 33