
Забони порсӣ ва бунёди достонҳои меҳанӣ (шоҳномаҳо)
Ҷовид Ашконӣ: Ба гоҳе, ки Дориюши севуми ҳахоманишӣ дар соли 331 пеш аз зоиши Масеҳ кушта омад ба дасти Искандари гуҷаста, кушта шудани ӯ як «марзи торихӣ» барои забонҳои эронӣ ба шумор ояд, зерок зи марги ӯ то соли 867-и тарсоӣ – яъне давраи миёнаи забонҳои эронӣ – то рӯзгоре, ки Родмон пури Моҳак (Яъқуби Лайси Саффор) ба фармонравоии бахшҳои ховарии Эрон расид ва забони порсиро бунёди кори хеш сохт, ҳазор сол гузашт. Пеш аз он давра «порсии бостон», ва пас аз он давра «порсии нав» номгузорӣ гардид[1].