Нигоҳе ба зиндагӣ ва нивиштаҳои Восилей Обоюф

Шаҳрбароз: Яке аз тираҳои эронӣ, ки дар Қафқоз зиндагӣ мекунанд ва ҳазорон сол аст, ки ойин ва забони бостонии худро пос доштаанд, тираи эронии «ос» ё ус аст. Осҳо дар нивиштаҳои замони Сафавиён ҳам ёд шудаанд ва бо Эрони рӯзгори Сафави дар пайванд будаанд. Осҳоро ҳамсоягони гурҷишон «усет» (osset) мегӯянд ва ин ном аз роҳи забони русӣ ба забонҳои урупоӣ роҳ ёфтааст. Осҳо ба ду гурӯҳи «ирун» (iron) ва «дигурун» (digoron) бахш мешаванд. Забони онон ҳам ирун гуфта мешавад ва ду гӯиш дорад ба номҳои дигур (digor) ва ирун (iron).

Понтуркон ва сурудае аз Мавлоно

Шаҳрбароз: Мушкили понтуркону ноогоҳон, ҳамон гӯна ки пештар низ гуфтаам, ин аст, ки сафсата мекунанд ва чун бо адаби порсию санъатҳои адабӣ монанди маҷозу киноя ва истиора ошно нестанд ва намефаҳманд, ҳар лафзеро дар ҳамаи ҷо ба ҳамон маънои зоҳирияш мегиранд ва аз ҳарчи ба судашон набошад чашм мепӯшанд ё онро таҳриф мекунанд.

Даҳанкаҷии Толибон ба забони порсӣ дар Теҳрон

Куруши Ҷаннатӣ: Сарони Толибон дар дидор бо сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мутарҷим баҳра бурданд. Ин шояд барои бисёре хабаре кӯтоҳ ва камаҳаммият бошад; вале дӯстдорони забони порсӣ медонанд, ки ин куниши намодин то чи андоза дирангиданӣ ва нигаронкунанда аст. Толибон аз оғози рӯйи кор омаданаш нишон дод, ки бе ҳеч пардапӯшӣ сиёсати қавмиро пеш мебарад ва порсизудоӣ яке аз барҷастатарин намудҳои ин сиёсат аст.

Бузургмеҳри Луқмон

«Порсинависӣ» пешзаминаи бозсозии огоҳии дарҳамшикастаи эроншаҳрӣ

Бузургмеҳри Луқмон: Пас аз тозиши тозиён ва аз миён рафтани дугонаи дин ва шаҳриёрӣ, забони порсӣ танҳо намудгоҳи эронӣ будан ва нигаҳдорандаи огоҳии дарҳамшикастаи эрониён гашт. Ин забон ҳарчанд дунболаи забони порсиг аст, аз онҷо, ки забони пасотозишист, забонест тозишзада, ки лояҳои вожагонӣ ва дастуриаш дар кашмакаше пайваста бо якдигаранд. Ҳам аз ин рӯст, ки пешзаминаи бозсозии огоҳии дарҳамшикастаи эроншаҳрӣ бозсозӣ ва ҳамоҳангсозии сохтори дастурӣ ва ганҷинаи вожагонии порсист.

Дигаргуниҳои тоза дар забони форсӣ

Аббос Салимии Онгил: Дар Наврӯзи имсол замон даст дод то чанд рӯзе канори хонавода бошам. Дар чунин рӯзҳое, чунонки уфтаду донӣ, бозӣ бо варақ (ҳукму чорбарг ва …) яке аз саргармиҳои хонаводаҳои эронист. Баҳор буд ва ҳаво дилпазир, мо ҳам нишастем ва чанд дасте бозӣ кардем. Дар яке аз дастҳои нафасгир, хоҳарзодаи навҷавонам бо шодӣ гуфт: «Панҷро сар кун. Панҷи дилро сар кун… .»

Фарҳангистони забони туркӣ?!

Ҷавод Ранҷбари Дурахшилур: Мабнои ақлию торихию сиёсӣ барои таъсиси Фарҳангистони забони туркӣ вуҷуд надорад. Ончи дар бораи вазоифи ин ниҳод гуфта мешавад, ҳама беэътибор ва аз сари нодонӣ ё ғаразварзист.

Ҳофиз ва забони порсӣ

Дуктур Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ: Хонандаи девони Ҳофиз – ва ҳар шоире – озод аст, ки дарёфти худро дошта бошад, бе он ки ба дарёфти дигарон бебовар ва беэътино бошад. Ончи ман менивисам ин ҳуснро дорад, ки хонандаро ба андеша ва андешидан вомедорад. Чи ин ҷустор аз замони худи Ҳофиз то кунун дар парда мондааст.

Нигоҳе ба «Курдҳо ва хостгоҳи онҳо», нивиштаи Горник Осотуриён

Аббоси Салимии Онгил: То ҷое ки нигоранда мутолеъоти курдшиносиро пай гирифтааст, ин пижӯҳиш яке аз дақиқтарин ва равишмандтарин пижӯҳишҳост, ки дар бораи хостгоҳи курдҳо ва фароянди шаклгирии қавми курд анҷом гирифтааст.

Дигарсонии забон, гӯиш, лаҳҷа

Куруши Ҷаннатӣ: Он чи ба думбола меояд, нивиштори кӯтоҳ аст барои бозшиносии забон, гӯиш ва лаҳҷа. Ин нивиштор бар пояи суханронии дуктур Муҳаммади Дабирмуқаддам фароҳам шудааст.

Гӯронӣ ё ҳавромӣ ва курдӣ

Порсӣ Анҷуман: гӯронӣ/ ҳуромӣ гунае курдӣ нест, ки забоне ҷудосон, аз они шохаи дӯшастарӣ-абохтарӣ(ғарбӣ-шимолӣ)-и забонҳои эронист, ки худ чандин гӯиш дорад. Ончи мояи он шуда, ки гӯронӣ/ ҳуромӣ забоне курдӣ дар шумор ояд, эвоз (сирфан) зисти забонварони он дар миёни курдзбонон ва наздикиҳои забонии миёни онҳо, ба вижа вожагонӣ ва сохтвожӣ аз баҳри дароиш (таъсир)-и гӯронӣ/ ҳуромӣ бар забонҳои курдист. Ҳамчунин, гӯронӣ/ ҳуромӣ ва курдӣ дорои дигарсониҳои бунёдин дар зинаҳои гуногуни забонианд то он ҷой, ки миёни гӯишварони онҳо дарёфти суханони якдигар нашуданист.

1 2 3 4 8