Даҳанкаҷии Толибон ба забони порсӣ дар Теҳрон

Куруши Ҷаннатӣ: Сарони Толибон дар дидор бо сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мутарҷим баҳра бурданд. Ин шояд барои бисёре хабаре кӯтоҳ ва камаҳаммият бошад; вале дӯстдорони забони порсӣ медонанд, ки ин куниши намодин то чи андоза дирангиданӣ ва нигаронкунанда аст. Толибон аз оғози рӯйи кор омаданаш нишон дод, ки бе ҳеч пардапӯшӣ сиёсати қавмиро пеш мебарад ва порсизудоӣ яке аз барҷастатарин намудҳои ин сиёсат аст.
Дар як-ду садаи гузашта ҳамвора бештарин қудрати сиёсӣ дар Афғонистон дар дасти паштунҳо будааст. Онҳо дар гоми нахуст номи қавми худ «авғон/ афғон»-ро бар сарзамине ниҳоданд, ки аз нигари таърихӣ ва фарҳангӣ бахше аз Эрони бузурги фарҳангӣ буд. Сипас кӯшиданд сарварии сиёсии худро дар дигар заминаҳо низ густариш диҳанд ва дар ростои пешбурди ҳамин андеша бештарин тамаркузи худро бар порсизудоӣ қарор доданд.
Давлатҳои паштунгарои боракзойҳо, Ҳомиди Карзой ва Ашрафи Ғанӣ мекӯшиданд забони паштуро, ки ҳечгуна паштивонаи адабӣ ва донишик надорад ва то ҳамин чанд даҳа пеш забоне маҳаллӣ ба шумор меомад, дар баробари забони порсӣ, ки забони торихию тамаддунии ин сарзамин буда ва ҳаст, баркашанд. Он касоне, ки пайгири ахбори забони порсӣ ҳастанд бегумон дар солҳои пеш аз рӯйи кор омадани дубораи Толибон чизҳое аз дастандозиҳои паштунгароён бар забони порсӣ шунидаанд. Намодинтарин рухнамун (ҷилва)-и ин ситез поин кашидани гоҳбагоҳи вожаи «донишгоҳ» аз сардари донишгоҳҳои Афғонистон ва ҷойгузин карданаш бо вожаи паштуии «пуҳантун» будааст; вале ҳеч гоҳ ин гироиш ба ин ошкорӣ ва бепардагӣ баён нашуда буд; чунонки Ҳомиди Карзой ва Ашрафи Ғанӣ низ дар ҳамаи дарозои даврони ҳукуматашон дар гуфтугӯ бо посухдорон (масъулон)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба порсӣ сухан ме‎гуфтанд.
Инки Толибон дар ин дидори расмӣ ба пашту сухан гуфтаанд, паёме равшан барои порсизабонон дорад. Афғонистонро дигар кишваре порсизабон ба шумор наёваред. Дареғмандона шояд битавон гуфт яке аз далоили густохии Толибон дар пешбурди ин сиёсати ҳувийятзудоёна ин аст, ки медонад дар ин майдон ҳар чи бикунад бо вокунише рӯбарӯ нахоҳад шуд.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*