Дар бораи вожаҳои “фаровон”, “сухан”, “қаҳрамон” ва…

Ёддошти нахуст ба вожаи “фаровон” мепардозад. Ёддошти дувум гардониш ва гузориши банде аз нивишторгони монавӣ аст. Ёддошти севум дар бораи чам (маъно)-ҳои гуногуни “сухан” аст ва ин ки чигуна сухан аз “гуфтор” ба “кор” дар Шоҳнома дигариши чамӣ ёфтааст. Вопасин ёддошт ҳам дар бораи вожаи “қаҳрамон” аст ва ин ки чигуна ин вожа аз порсиг ба ъарабӣ рафтааст.

Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3)

Дар бораи ин ки забони форсӣ чигуна ва аз кудом мояҳо бояд вожаҳои баробар бо вожаҳои забонҳои пешрави урупоӣ бисозад (албатта, дар мавориде, ки ҳамакнун чунин вожае ва маъное дар форсӣ вуҷуд надошта бошад) баҳсу гуфтугӯ бисёр шуда ва агарчи ҳанӯз усули роҳнамои мо дар ин кор бахубӣ рӯшан нест, то ба марҳилаи имрӯзин роҳи дарозе паймудаем.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

Яке дигар аз паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои ъарабӣ ҳамоно «бегона пиндоштани» шуморе аз вожаҳои забони порсӣ аст. Дар давраи омехтагӣ нивисандагон ва хушнивисон на аз рӯи ниёз, ки барои нозидан, ба гунае бедару пайкар, вожаҳои ъарабии бисёреро ба даруни забони порсӣ кашонданд.

‘Эҳтимолужӣ’ ва табдили вожагон дар забони порсӣ

Дар забони мо тағйири сохту шакли бархе калимаҳо ба фаҳмиши тахминӣ ва эҳтимолии маънои онҳо иртиботи мустақим дорад. Чанд вожа дар забони модарии мо ҳаст, ки бархе садсолаҳо ва бархе даҳсолаҳо ба гунаи ғалат нивишта ва гуфта мешаванд ва сабаби ин ғалатҳои ъом ҳамон шарҳи эҳтимолии маънои онҳост, гарчи мафҳумашон тағйир наёфтааст.

Чолишҳои забони форсӣ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон

Калимоти ҳиндӣ, инглисӣ ва туркӣ, ба сурати беравия дар ҳоли истифода дар Афғонистон ҳастанд, ҳеҷ кас ҳам ҳеҷ нигаронӣ надорад, аммо ба маҳзи корбурди чанд калимаи форсии навин – масалан донишгоҳ ва донишҷӯ, — ҳаҷмае сангин алайҳи гӯяндаи он ба кор гирифта мешавад ва муттаҳам ба хиёнат ва ё ҷосусӣ барои Эрон мегардад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

Танҳо роҳи пешрафти чи фарҳангӣ ва чи иқтисодию илмӣ дар Тоҷикистон бозгашт ба хатти худӣ, яъне хатти порсӣ ва фаро гирифтани забони порсии меъёр аст. Мухотаби офаридаҳои мо ба хатти пириллик имрӯза камтар аз 10 милюн нафар аст. Дар сурати бозгашт ба хатти порсӣ ин рақам болиғ бар 200 милюн хоҳад шуд.

Форсӣ дар Покистон: Аз суруди миллӣ то шарофати фарҳангӣ

Пеш аз он ки забони инглисӣ дар Покистон нуфуз ёбад, дар шибҳиқорра тайи қарнҳои мутамодӣ садҳо забон ва гӯиш вуҷуд дошт, ки дар ин миён форсӣ забони омӯзишӣ, ъилмӣ ва идорӣ буда, аммо пас аз султаи хориҷӣ дар қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, ин вазъ ба нафъи забони инглисӣ тағйир ёфт ва ҳамчунон идома дорад.

Забони форсӣ дар Ироқ: Аз давраи Сафавия то баъд аз суқути Саддом

Дастгоҳҳои амниятии махуфи Саддом солҳо дар гӯшаву канори Ироқ ҷустуҷӯ карданд, то ҳар он киро аз асли эронӣ меёфтанд, ё ба ҷӯхаҳои эъдом биспоранд ё дар марзҳои Эрон ба дастон сарнавишт.
Бад-ин гуна Саддом тавонист ба хаёли хеш забон ва фарҳанги форсиро дар Ироқ решакан кунад.

Баҳра аз корвожаҳои сода ба ҷои омехта

Корвожаҳои омехта [=афъоли мураккаб] дар порсии имрӯз ҷои бисёре аз корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтаанд ва шумори бисёре аз корвожаҳои сода дар порсии имрӯз аз ёд рафтаанд ва ба ҷои онҳо корвожаҳои омехта нишастааст.

1 8 9 10 11 12 16