Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1)
Гирифтории мо дар боби забони форсӣ дар бархурд бо тамаддуни мудерн ва ниёзҳои забонии он ду реша дорад: яке марбут ба сохти забони форсӣ ва тавонмандиҳову нотавониҳои он аст, ва дигарӣ марбут ба забони насри форсӣ. Он чи акнун дар ин гуфтор бад-он мепардозем, ҳамин масъалаи насри форсӣ аст, ки дар тӯли чандин сада фарозу нишеби бисёр дошта ва ҳар кас, ки имрӯз дасте ба қалам мебарад, ба ҷиҳате гирифтори ин мероси гузашта аст, ки тамомии он мероси табиъии забон ва ҳосили густариши торихии он нест, балки бисёре аз он меросест, ки бозигӯшони кажнивис барои мо гузоштаанд.