Забони форсӣ: Қолабҳои шӯравӣ ва тафаккури қолабӣ

tajik-girls300x174Пайванди Гулмуродзода:* Ба ҳеч ваҷҳ наметавон инкор кард, ки баъди ҳазор соли бедавлатиҳо, дар замони Шӯравӣ, тоҷикон, ҳарчанд хеле кӯчак ва бе марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, соҳиби давлате гардиданд ва дар як рустои начандон маъруфу машҳур бо исми “Душанбе” маркази илмиву фарҳангиро бунёд карданд, ки онро имрӯз оламиён чун маркази Тоҷикистони соҳибихтиёр мешиносанд.

Чаро тоҷикон аз марокизи бостониву аслии хеш маҳрум монданд ва чаро дар аввал булшевикони рус нахостанд, ки ин миллати куҳанбунёду кухантаърих соҳибдавлат бошад? Оё барои таъсиси давлати тоҷикон понтуркистҳо ва хиёнати чанд тан аз афроди маълуму машҳури тоҷикон боъис шуда ё зери косаи бозиҳои сиёсии сарнавиштсозу сарнавиштсӯзи тоҷикон дар оғози садаи 20 нимкосае ниҳон аст? Чаро муаррихони тоҷики мактаби бузурги илмии шӯравӣ то ба ҳол бештар аз хусуси хиёнатҳо сухан ба миён оварда, нақши маркази давлати Шӯравӣ, бавижа роҳбарони вақти ин давлати абарқудратро, дар ҳалли масоили басе муҳимми тоҷикон ба сифр баробар медонанд?

Чаро то ба ҳол аз нигоштаҳои онҳо чунин бармеояд, ки гӯё дар тақсимоти марзии Осиёи Миёна ҳукумати марказӣ ҳеч дахолате надошт ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба давлатсозиҳо танҳо ва танҳо бо ширкати намояндагони халқияту миллатҳои ин сарзамин сурат гирифта? Оё тамоми ноҷӯриҳо ва маҳрумияти миллати тоҷик аз аслу решапайванди худ, шаҳрҳои бузурги фарҳангиву шоҳкорҳои азими оламгираш марбут ба ҷурму гуноҳи чанд тан аз хоинони миллат аст?

Ҳарчанд ки дар даврони шуравӣ доир ба таъриху фарҳанг, забону адабиётамон дар дусад соли охир асару мақолаҳои зиёде навишта шудааст, вале вобаста ба сиёсати ҳукмрон ва идеулужии даврон олимону муҳаққиқон натавонистанд ба ҳамаи саволҳо ҷавоби мушаххас гуфта, дардҳои ниҳонро ошкор созанд.

Дар баъзе мавридҳо ҳақиқати таърихӣ бозгӯ нашуд, андешаву мулоҳизаи сатҳиву аксаран қолабиро ба сафҳа меовардем.

Ҳатто перомуни тақсимоти марзии Осиёи Миёна, нақши марказ дар ин тақсимот, масъалаи миллӣ дар солҳои аввали давлати шӯравӣ ва тохтанҳои туркгароён дар паноҳи роҳбарии марказии ҳукумати шӯравӣ ва бохтанҳои тоҷикони бепушту паноҳ, иваз шудани алифбои ниёкону маҳрумият аз фарҳанги беш аз ҳазорсола ва ба ном инқилоби маданӣ дар байни тоҷикон, бастани макотиби тоҷикӣ дар маҳалҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Миёна, ки мардум саҳифаҳои матбуъоти он замонро бо дархосту хоҳиш, талабу пешниҳодҳои бешуморашон пур карда буданд.

Баъд аз инқилоби уктобир дар Туркистон ва Бухоро ҳукуматҳои шӯроӣ азбаски ба номи ӯзбак таъсис ёфт, рӯзномаҳо, фармонҳо, дастурулъамалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ ҳама ба забони ӯзбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадима ва дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шӯроӣ ва аз гузориши аҳволи дохиливу хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла, аз тамоми меваҳои инқилоб маҳрум монд. (Садриддин Айнӣ)

Ба таъкиди Устод Айнӣ “баъд аз инқилоби уктобир дар Туркистон ва Бухоро ҳукуматҳои шӯроӣ азбаски ба номи ӯзбак таъсис ёфт, рӯзномаҳо, фармонҳо, дастурулъамалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ ҳама ба забони ӯзбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадима ва дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шӯроӣ ва аз гузориши аҳволи дохиливу хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла, аз тамоми меваҳои инқилоб маҳрум монд.”

Аз ҷониби дигар, ба муроҷиъати пайиҳами роҳбарону сарварони вақти ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба роҳбарии марказ дар хусуси ислоҳи камбуду норасоиҳои тақсимоти марзӣ ва масъалаҳои тоҷикон гӯши суханшунаву дидаи ибратбине пайдо намешуд.

Вале дар замони таҷдиди назарҳо низ амиқ дарк накардаем, ки бо роҳандозии тафаккури қолабӣ мақсаду ҳадафҳои муъайянро иҷро ва таъсиру нуфуз ва ҳукмрониашонро бештар сохтаанд.

Онҳо хуб медонистанду медонанд, ки фарҳанги мардуми тоҷик реша ба қаъри таърих дорад ва намешавад, ки густариши фарҳанги исломиро бе ширкати тоҷикон тасаввур кард.

Мутаассифона, қисме аз тохтҳои онҳо ва бохтҳои мо низ дар ҳамин фарҳангофаринии мост.

Ба иборати дигар, маншаъи баҳсу задухӯрди тамаддунҳо мегирад ва сабабгори асосии маҳрумияти давлати навтаъсиси баъди ҳазор соли бедавлатиҳои тоҷикон аз марказҳои бузурги фарҳангиаш дар солҳои 20-уми садаи 20 ва гирифториаш ба муноқишаву ҷанги дохилӣ дар охири садаи гузаштаву солҳои аввали истиқлоли давлати тоҷикон низ дар ҳамин аст.

Таърих гувоҳ аст

Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз пеш аз истилои Осиёи Миёна олимони ховаршиносу мардумшинос ва табиъатшиноси маъруфи рус пайиҳам бо баҳонаи омӯзиши расму русум, одат, забону фарҳанги халқу миллат ва табиъати ин сарзамин борҳо сафарҳо анҷом дода, аз таърихи бостонии мардуми тоҷик хуб огоҳӣ ёфта буданд.

Дар гузоришҳояшон дар Анҷумани ҷуғрофидонҳои Русия ва асару мақолаҳои зиёдашон мушаххас таъкид доштанд, ки тоҷикон аз халқиятҳои дорои таърихи куҳани ин сарзамин буда, соҳибтамаддуну соҳибфарҳангу соҳибкитобанд.

Садриддин АйнӣДар густариши ислом ва фарҳанги исломӣ дар ин минтақа нақши боризу чашмгире доранд. Нобиғаву алломаҳои зиёде аз байни фарзандони ин миллат ба камол расида, ки шӯҳрати оламгир доранд.

Ховаршиносону муаррихони маъруфи рус аз рӯйи имону инсоф таъкид доштанд, ки Закариёи Розиву Абурайҳони Берунӣ, Форобиву Ибни Сино ва Одамушшуъаро Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсӣ фарзандони фарзонаи ин миллатанд ва илму донишашон дакка бар арши аъло мезанад.

Имом Бухориву Тирмизӣ, Абдухолиқи Ғиждувониву Баҳоуддин, ки дар олами ислом ҷойгоҳи вижаро касб кардаанд, намояндагони ин миллатанд.

Шоҳкориҳову ёдгориҳои бостонии шаҳру марказҳои фарҳангии ин минтақа аз Самарқанду Бухоро то ба Хиваву Урганҷ, Марву Чорҷӯ, Тошканду Хӯқанд, Андиҷону Марғелон, Хуҷанду Истаравшан, Исфараву Панҷекат, Кӯлобу Қубодиён, Рӯшону Шуғнон… ҳама бо дастони сеҳрофарини ин миллат зинат ёфта ва ҳар бинандаро мафтуну шайдо мекунад. Мушкил ва ғайримумкин аст, ки ин миллат ба осониву зуд фарҳанги миллати дигарро қабул кунад…

Чӣ бояд кард?

Яке аз ҳадафҳои ғосибон дар ҳар гӯшаву канори дунё ҷалби мардуми дигар ба тамаддуну фарҳанги хеш аст, ки таърих борҳо шоҳиди ба коми оташ фурӯ рехтани ёдгориҳои қадимиву осори атиқа, китобу китобхона ва осорхонаҳои маъруфу машҳур гардида.

Ҳатто кор ба ҷое расид, ки Чингиз ва саркардаҳои муғул китобҳои нодири китобхонаи бузургтарини Бухороро ба пойи асбони худ партофтанд.

Охирин нишонаи бетаваҷҷуҳӣ ва аз байн бурдани ёдгориҳои қадима дар Бағдод анҷом дода шуд, ки баъди таҷовузи Омрико тамоми ашёи нодири осорхонаи бузургтарини ин кишвар ба яғмо рафт ва касеро ҳам аз соҳибмақомони Омрико парвое набуд, ки беҳтарин ёдгориҳои таърихи тамаддуну нишоне аз дастовардҳои башарӣ ба яғмо меравад, несту нобуд мешавад.

Ҳатто аскари қатории Омрико чунин ёдгориҳои нодирро соҳиб мешавад.

Тағйири алифбои арабиасоси тоҷикон дар охири солҳои 20-уми садаи 20 ба хатти лотинӣ аз даврони бозсозии гурбочювии шӯравӣ то ба имрӯз мавриди баҳсу андешаи соҳибназарон ва равшанфикрони тоҷик аст ва онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Бархе, аз ҷумла пруфессур Иброҳим Усмонов, бар онанд, ки табдили алифбои ниёкон ба хати лотинӣ тақозои замон ва бо саъйу талоши бузургони миллат сурат гирифта. Гурӯҳи дигар онро аз сиёсати деринаи ҳукуматдорони вақти рус маънидод карда, амалисозии ҳадафу мақсадҳои муъайян ва теша ба решаи фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик медонанд.

Ба кадом хотир чунин ҳолат гаҳу гоҳ дар гӯшаву канори олам такрор меёбад? Маҳрумияти мардум аз ёдгориҳои гузаштаи худ ба хотири зудудани ҳофизаи таърихӣ ва табдил ба манқурти ҳақиқист, ки ҳеч бӯе аз гузаштаи худ набарад.

Ба иборати дигар, на худро шиносаду на Худои худро. Танҳо ва танҳо фармонбардори хоҷагони нави худ бошад, ки ин маънӣ дар бисёре аз гузоришҳои олимону муҳаққиқони рус дар Анҷумани ҷуғрофидонҳои рус дар садаи 19 таъкид шудааст.

Баъди ғасби Осиёи Миёна таваҷҷуҳи донишмандони русро масъалаи ҷалби бештари мардуми ин сарзамин ба худ ҷалб намуд ва дар солҳои аввали истило яке аз женеролҳои рус, донандаи хуби таъриху адабиёт ва фарҳанги мардумони ин сарзамин, Терентев, ки китобҳои дарсӣ барои омӯзандагони забонҳои туркӣ ва тоҷикӣ ҳам иншо кардааст, дар китобаш “Русия ва Англия дар Осиёи Миёна” (Тошканд, 1875) баъди носазогӯйиҳои зиёде ба дини мубини Ислом ва паёмбари мусулмонон мақсади ниҳоии худу давлати худро чунин ифода намуда буд: “Албатта, ҷойи тардид ё баҳс нест, ки масеҳият рӯҳияи мардумро ором мекунад, инсониятро сарафроз мекунад, фазои густардае барои ирсу мерос ва ғайра қоил аст, вале ҳануз фурсати таблиғ фаро нарасидааст.

Қабл аз он бояд заминаро фароҳам сохт, дар ғайри ин сурат ҳар раҳгузаре киштаро поймол мекунад, мурғон донаашро мечинанд, офтоб мехушконад ва хору хас пур мекунад.

Заминаро мактаб фароҳам мекунад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар бораи ташкили мактабҳо барои мардуми бумӣ фикр кунем. Мо бояд дар онҳо омӯзиши забони русиро ба роҳ монем. Гузашта аз ин, мо бояд алифбои худро мавриди истифода қарор диҳем.”

Барои иҷрои ин андеша дар давраи ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби намояндагони мардуми мусулмон ҷонибдорон ҳам пайдо карданд, ки суханро аз хусуси мушкилоти алифбои арабиасос ва табдили он оғоз намуда буданд.

Онҳоро муҳаққиқони муъосири эронӣ “равшангароёни вобаста” хондаанд, ки то андозае ҳақиқати ҳолро ифода мекунад.

Табдили алифбои арабиасоси мардуми ин сарзамин, бавижа тоҷикон, ба алифбои сирилик яке аз ҳадафҳои аслии ҳукуматдорони рус буда, ки бо гузашти айём ва фарорасии шароити мусоъид ин амал анҷом гирифт.

Тағйири алифбо: зарурат буд ё нақша?

Тағйири алифбои арабиасоси тоҷикон дар охири солҳои 20-уми садаи 20 ба хатти лотинӣ аз даврони бозсозии гурбочювии шӯравӣ то ба имрӯз мавриди баҳсу андешаи соҳибназарон ва равшанфикрони тоҷик аст ва онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Бархе, аз ҷумла пруфессур Иброҳим Усмонов, бар онанд, ки табдили алифбои ниёкон ба хати лотинӣ тақозои замон ва бо саъйу талоши бузургони миллат сурат гирифта.

Гурӯҳи дигар онро аз сиёсати деринаи ҳукуматдорони вақти рус маънидод карда, амалисозии ҳадафу мақсадҳои муъайян ва теша ба решаи фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик медонанд, ки пруфессур М. Имомов дар мақолааш “Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои табдили хат” ва ҳам мусоҳибааш “Ҳадаф ташкили давлати миллӣ буд, чи дар ибтидо ва чи дар охири қарни 20” ба ин масъала дахолат кардааст.

Ба назари ӯ “қабули алифбои нав барои авҷи тамоюлҳои манфӣ боз ҳам мусоъидат кард. Он муносибатҳои мункиронае, ки нисбати алифбои арабиасоси форсӣ ва мероси бо он таълифёфта пайдо шуда буд, баъди қабули алифбои нав пурқувват гардид. Гӯё ба ин восита як шарти асосии инқилоби маданӣ – маҳви бесаводӣ иҷро мешуда бошад.”

Ва ӯ дуруст дарёфта, ки дар табдили алифбо манфиъатҳои ду қувва – понтуркистҳо ва исловиҳо ба ҳам омада, ҳадафи ҳар ду гурӯҳ табдили хат буд: “Як гурӯҳ муддаъиён даъво мекарданд, ки омӯзиши хатти арабӣ душвор аст ва ин хат барои саводнокии мардум садди роҳ мебошад. Ин фикри ғалат баҳонаи асосии иваз шудани алифбо гашта буд.”

Барои тағйири алифбо, ки яке аз ҳадафҳои давлати рус буд, дар даврони нав, дар солҳои аввали инқилоб, чунин имконият фаро расид. Бо баҳонаи душвории алифбои арабиасос дар маҳви бесаводӣ ва инқилоби маданӣ дар байни халқҳои мусулмон табдили хат гузаронда, мардуми тоҷикро хеле содаву одӣ аз фарҳанги беш аз ҳазорсолааш маҳрум сохтанд.

Бегумон, табдили хат амали сиёсатҳои бузург буда, аз доираи хоҳиши фаъолияти шахсиятҳои ҷудогона берун аст ва аз ҷониби бархе гунаҳкор кардани нависандаи маъруфи тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддини Айнӣ, дар табдили хатти арабиасоси тоҷикӣ ба лотинӣ аз даъвое хушку холӣ беш нест.

Ӯ нуқсро на дар алифбо, балки дар усули таълими он дарёфта, ҳамчун таҷаддудхоҳи бузург дар оғози садаи 20 бо Абдулвоҳиди Мунзим, яке аз сарварони ҳаракати таҷаддудхоҳии тоҷикон дар он айём, аввалин мактаби усули навро дар Бухоро (1908) таъсис дода, собит намуданд, ки бо усули ҷадид дар муддати хеле кӯтоҳ хондану навиштанро ёд гирифтан мумкин аст.

Ба ин хотир, онҳо китобҳои дарсӣ навишта, барои беҳбудии низоми таълим кӯшишҳои зиёде кардаанд. С. Айнӣ ҳамчун равшангаро дар солҳои 20-уми садаи гузашта низ тарафдори ислоҳоти маъориф буд, на табдили алифбо.” Ҳақ бар ҷониби профессор М. Имомов аст, ки “чунин воқеъаи сиёсиро ба шахсиятҳо мансуб донистан ғайримантиқист. С. Айнӣ дар муборизаи байни пантуркистону исловиҳо ягон нақшеро иҷро карда наметавонист, ба ҷуз аз такмилу беҳтар гардидани алифбои пешниҳодшуда. Муборизаҳои сиёсӣ баҳри амалӣ гаштани мақсадҳои худ, ҳама гуна монеъаҳои сари роҳро нест мекунад ва аз ҷумла шахсиятҳоро.”

Барои тағйири алифбо, ки яке аз ҳадафҳои давлати рус буд, дар даврони нав, дар солҳои аввали инқилоб, чунин имконият фаро расид. Бо баҳонаи душвории алифбои арабиасос дар маҳви бесаводӣ ва инқилоби маданӣ дар байни халқҳои мусулмон табдили хат гузаронда, мардуми тоҷикро хеле содаву одӣ аз фарҳанги беш аз ҳазорсолааш маҳрум сохтанд.

Баҳси табдили алифбо баъди инқилоби уктабр ба матбуъоти рус ҳам кашида шуда буд. Профессор Н. Державин дар мақолааш “Лотиниро бояд ҷорӣ кард?” дар шумораи дуюми маҷаллаи “Китоб ва инқилоб” аз соли 1920 созгории алифбои лотиниро ба нутқи исловӣ таъкид ва мақолаашро чунин ҷамъбаст карда буд, ки “…мани тарафдори бечунучарои ғояи раванди ягонаи хатти байналмилалӣ, фикр мекунам, ки ҳоло ба мо боқӣ мондан дар хатти аввалинамон ва нагузаштан ба лотинӣ манфиъатноктар аст. Дар хусуси аз ҷониби ҳар кас ҳуқуқи истифодаи ҳама гуна алифбо, албатта, набояд ҳеч гуна мамониъат бошад.”

Баъдтар, соли 1930 А. В. Луначарский, окодемисияни Фарҳангистони улуми Иттиҳоди шӯравӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии давлати шӯравӣ, навишта буд, ки “дар тамоми замони роҳбарии ман ба Кумитаи маъорифи халқи ҶШФСР (РСФСР) мо пешниҳодҳои зиёде перомуни содагии минбаъдаи имло ва истифода аз алифбои лотиниро гирифтем. (Муф. ниг.: Луначарский А. Латинизация русской письменности // Культура и письменность Востока. Сборник. – Баку, 1930. – Кн. 6. – С.21-23).

Ҳатто кӯшиши костани нуфузи забони тоҷикӣ бар забонҳои дигари халқияту миллатҳои ин сарзамин суръати тозае касб намуда буд, ки бино бар шумурди яке аз муҳаққиқон Марк Диккенз дар солҳои 1923-1940 калимаҳои арабиву форсӣ дар забони ӯзбакӣ аз 37 фисад ба 25 фисад коҳиш ёфта, калимаҳои русӣ аз 2 фисад ба 15 фисад афзоиш пайдо кардааст.

Табдили хатти мардуми мусулмони давлати шӯравӣ моҳирона иҷро гардид, ки бо мақсади истифодаи хатти ягонаи лотинӣ барои тамоми мардуми собиқ шӯравӣ, ҳатто дар моҳи ноябри соли 1929 дар раёсати илми назди Кумитаи маъорифи халқи ҶШФСР бо сарварии пруфессур Н. Яковлев ва дар ҳайъати мутахассисони табъу нашр пруфессурон М. Шелкунов, В. Николаев, М. Горшков, таълими забони русӣ, пруфессурон А. Пешковский, Н. Каринский, С. Абакумов, пруфессурони забоншинос Л. Жирков, Н. Яковлев, А. Сухотин, муҳандиси ихтироъкор Ездаков, котиби шӯрои раёсати илм Г. Костенко, намояндаи миллатҳо В. Лыткин ва Юманкулов кумисиюне ҳам таъсис дода буданд.

Дар қарори (мусаввабаи) ҷаласаи охирини худ, ин кумисиюн дар соли 1930 хулосаи дар вақтҳои наздик ҳатман гузаштан ба алифбои байналмилали лотинӣ сабт ва пешниҳодҳои худро ба Шӯрои раёсати илми Кумитаи маъорифи халқ фиристод.

Вале на танҳо ин пешниҳодҳо ба инобат гирифта нашуд, балки кумисиюн барҳам хӯрд ва дар соли баҳори 1933 шӯъбаи фарҳанги Кумитаи марказии ВКП (б) ба Кумитаи лотиникунонӣ супориши қатъӣ дод, ки алифбои русии халқҳои дигар иваз карда нашавад.

Халқҳои мусулмони собиқ соҳиби алифбои арабӣ таҳсилро бо алифбои лотинӣ идома медоданд, ки дар оғози соли 1936 дар Иттиҳоди шӯравӣ 68 алифбои лотиниасос мавҷуд буд.

Соли 1939 баъди терур, қатл ва зиндонӣ шудани фозилону донишмандон ва чеҳраҳои шинохтаи халқу миллатҳои гуногуни шӯравӣ бе ҳеч гуна баҳсу мунозара дар байни аксарияти халқҳову миллатҳои давлати шӯравӣ алифбои ягонаи русӣ ҷорӣ гардид ва бо ҳамин байту ғазали табдили алифбои арабиасос ба лотинӣ, манфиъату фоидаи он ба анҷом расид.

Ду бор табдили алифбо дар байни ду даҳсола дар таърих ҳодисаи нодир аст. Чун иваз кардани табиъии хат, ки дар таърих воқеъ шудааст, вақти тӯлониро талаб менамояд. Ду бор табдили алифбо дар муддати ду даҳсола ду насли миллати тоҷикро бесавод ва аз ҳама аламовараш ин аст, ки тоҷиконро аз фарҳанги беш аз ҳазорсолааш маҳрум сохт. Ҳатто гурӯҳе аз олимони рус дар матбуъоти русии Осиёи Миёна дар солҳои 20-уми садаи гузашта даъво пеш оварданд, ки барои тоҷикон бояд забони тоза эҷод кард.

Ба назари онҳо, забони тоҷикии дорои таърихи беш аз ҳазорсола барои ифодаи ғояҳои инқилобӣ нокифоя буд.

Бо ҳар роҳу васила, бавижа сода кардани забони матбуъот, ба ҷойи калимаву истилоҳоти маъруфи тоҷикӣ калимаву истилоҳоти русиро дохил мекарданд, ки ин раванд дар солҳои сиюми садаи 20 хеле зиёд ба назар мерасад.

Ҳатто кӯшиши костани нуфузи забони тоҷикӣ бар забонҳои дигари халқияту миллатҳои ин сарзамин суръати тозае касб намуда буд, ки бино бар шумурди яке аз муҳаққиқон Марк Диккенз дар солҳои 1923-1940 калимаҳои арабиву форсӣ дар забони ӯзбакӣ аз 37 фисад ба 25 фисад коҳиш ёфта, калимаҳои русӣ аз 2 фисад ба 15 фисад афзоиш пайдо кардааст.

“Намунаи адабиёти тоҷик” ва марзи сиёсии тоҷикон

Масъалаи дигари басе муҳимми замони сарнавиштсозу тақдирсӯзи миллати тоҷик дар солҳои 20-уми садаи 20 мавҷудияти миллати тоҷик буд, ки понтуркистҳо бо дастгирии ҳомиёни хеш дар маркази давлати шӯравӣ бо тамоми роҳу васила мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд.

Манфиъатҳои ин халқи қадимиасли сарзаминро нодида мегирифтанд. Даъво пеш меоварданд, ки тоҷик ном қавме нест. Онҳо ҳамон турконанд, ки бо таъсири мадраса забони форсиро қабул кардаанд.

Ҳеч намехостанд, ки ин миллати соҳиби давлату тамаддун ва фарҳанг баъди ҳазор соли суқути нахустин давлати мутамаркизи худ, Оли Сомон, соҳиби давлат гардад.

Дар ҳамин даврони басе мураккаб устод Айнӣ чун марди майдон ҷавлон кард ва рӯй ба таърих оварда, тавонист ба даҳони соҳибони баҳси сохтаву бофта ва шубҳаву ғаразҳои бепоя бо бурҳону далоили қотеъ мӯҳри хомӯшӣ занад.

Аввал дар таъсиси нахустрӯзномаи даврони нав “Овози тоҷик” фаъъолона ширкат варзида, дар мақолаҳояш суханро аз хусуси мактабу маъориф, китобҳои дарсӣ ва қобилияти ташкилотии тоҷикони кӯҳистон оғоз намуд ва бо таҳлилҳои ҳамаҷонибаву натоиҷи илмӣ ба хулосаи муҳимми “кори Тоҷикистон гул карданист” расид.

Сониян, бо пешниҳоду дастгирии фарзанди фарзонаи миллат Абдулқодир Муҳиддинов, яке аз сарварони вақти ҳукумати Тоҷикистони мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон, ба таҳияву таснифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик шурӯъ ва бо муроҷиъате тавассути рӯзномаи “Овози тоҷик” аз ошиқони адабиёти тоҷик дархост намуд, ки “бозори адабиёт имрӯз бештар аз пештар гарм аст. Агар матоъе доред, биёред ва агар димоғе доред, кор кунед! Инак гӯй, инак майдон! Ҳукумати Тоҷикистон вазифаи худро адо кард. Акнун бинем, то кумайти қалами кадом шермард даванда аст ва дасту панҷаи кадом қаҳрамони нозукхаёл сафҳаорост? Ошиқ бисёр аст. Вақт аст, ки шоҳидони адабӣ ба маҷлис бепарда арзи ҷамол намоянд.”

Вале “адибони тоҷик, ки умре ба адабиёт машғулӣ доштанд, дар ин аҳд аз ривоҷи маслак ва пешаи худ бакуллӣ маъюс шуда, худро ба гӯшаҳои нокомӣ каши­данд ва ба забони ҳол гӯё ки мутаранними “Он Нили маърифат, ки ту дидӣ, сароб шуд” гардиданд”. Яъне он орзуву ниёзе, ки аз ҳукумати нав доштанд, амалӣ намегардид ва ба чашми сар медиданд, ки гуфтор аз пиндору рафтор тафовути ҷиддӣ дорад.

Дарвоқеъ, Сайидризо Ализода барин рӯзноманигору адиби тарафдору тараннумгари шадиди ғояҳои инқилобӣ ва нахустин тарҷумони осори асосгузори давлати шӯравӣ Ленин, ки маслаки ӯро ҳақ ба қалам дода, дар вуруди устод Айнӣ ба майдони сиёсати ҳукумати нав нақши муҳимме бозида буд, дар нимаи дувуми солҳои 20-ум дар тарғибу ташвиқи нишондодҳои ҳукумати нав хомӯш шуд.

Садриддин АйнӣХудро ба таълифи китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи осори адибони русу дигар халқҳо андармон сохта, то ба замони маҳбусӣ дар солҳои шахспарастии истолинӣ сукутро ихтиёр кард.

Бо вуҷуди ҳамаи ин ноумедиҳо, устод Айнӣ қарор дод, ки ҷамъоварии матолиб ва китобати намунаҳоро дар муддати як сол ба охир расонад.

Устоди дигари адабиёти нави тоҷик Абулқосими Лоҳутӣ аз ин иқдом ва саъйу талоши устод Айнӣ шодмонӣ кард, вале анҷоми чунин кори мушкилро дар муддати як сол ғайримумкин шумурд.

Зеро ӯ хуб медонист, ки аз як тараф, дастрасиву гирдоварии маводди дар дастнависҳои парешони адибони гузаштаи тоҷик дар китобхонаҳои Самарқанду Бухоро, Тошканду Қазон, Маскаву Ленинград ва дигар китобхонаву осорхонаҳои ҷаҳон басе мушкил аст ва аз тарафи дигар, интихоби беҳтарин намунаҳо аз осори гаронмояи адибони гузашта, ки ҳар кадоме дурри маънӣ суфта, қадру манзалати суханро ба арши аъло бардоштаанд, вақту заҳмат мехоҳад.

Ӯ аз китобхонаҳои Самарқанду Бухоро, аз китобхонаи маъруфи роҳнамову пушту паноҳаш Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони вақти аморати Бухоро, ки бино ба иқрори устод Айнӣ барои “талабаи маъниҷӯй як хазинаи маълумоти беинтиҳо” буд, намунаҳое ба “Намунаи адабиёти тоҷик” ҷамъоварӣ кард ва намунаҳое аз осори фарзандони аслии ин обу хокро ҷой дод. Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли 1926 дар Маскав ба табъ расид, барои тоҷикон чун шиносномаи миллат хидмат кард.

Устод Айнӣ бо таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳаққи тоҷиконро на танҳо ба мероси фарҳангӣ, балки ба мавҷудияти миллӣ исбот карда, бо далелу бурҳони таърих пардаи он иғвогаронро дарронида, ба даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад.

Хидмати шоиставу арзандаи Устод Айниву ҳаммаслаконашро дар он айёми нокомиҳои тоҷикон набояд фаромӯш кард. Ва воқеаи дигари муҳиммро дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон дар он айём низ набояд аз хотир баровард, ки он марбут аст ба таҷлил аз ҳазораи Ҳаким Фирдавсӣ.

Абулқосим Фирдавсӣ ва марзи фарҳангии тоҷикон

Ба назари мо, густариши марзи фарҳангии тоҷикон аз ҷашнвораи ҳазораи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аз соли 1934 сарчашма мегирад, ки бад-ин муносибат чанд мақолаву рисола таълиф гардида, китобхонаи бузургтарини Тоҷикистон номи ӯро гирифт.

Устод Айнӣ бо асари худ “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” ва талқини таълифи рисолаву мақолаҳо аз ҷониби дигар муҳаққиқон тоҷиконро аз доираи танги марзи сиёсӣ ба марзи бузурги фарҳангӣ роҳбаладӣ ва доираи ҳаққи тоҷиконро ба мероси фарҳангии гузашта боз ҳам васеътар кард.

Дар замони истиқлоли кишварамон бо саъйу талош ва ҳиммату кӯшиши раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, марзи фарҳангии тоҷикон аз Ҳиндустону Туркия то ба Ироқу Арабистон доман густурд.

Ҷашни Мавлонои Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ, тармиму таъмири оромгоҳи Мирзо Бедил дар Ҳиндустон, Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар кишвар ва баргузории ҳамоиши бузурги байналмилалии “Мероси Абӯҳанифа ва муколамаи тамаддунҳо” аз он чорабиниҳои муҳиммест, ки дар ҳамин ду-се соли охир ба ибтикори мустақими сарвари давлати Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар идомаи густариши сиёсати фарҳанги миллӣ бори аввал бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар пойтахти кишвар бо истифода аз беҳтарнин дастовардҳои санъати меъмории тоҷикӣ ва ба хотири табдили масҷидҳо аз доираи танги танҳо намозгузорӣ ба маркази ҳақиқии маърифату дарки моҳияти фарҳанги исломӣ дар замони тазодҳои шадиди ҷаҳони муъосир шурӯъ шуд, ки бешак, дар худшиносиву худогоҳии мардум нақши муҳимме хоҳад гузошт.

Хушбахтона, соҳибистиқлолии кишвар ва тақвияти сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон, бавижа сарвари давлати тоҷикон, имконияти хуби таҷдиди назарро дар ҳар як воқеъаву ҳодисаи таърихӣ фароҳам оварда ва имрӯз месазад, ки вазъи сиёсиву иҷтимоъӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва адабиамонро аз дидгоҳи нав мавриди арзёбиву баррасӣ қарор диҳем.

Бешакку шубҳа, дар ифшои муъаммову мушкилоти таърихи на чандон дурамон рӯзгору осори фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Возеҳу Шоҳин, Ҳайрату Савдо, Абдурраъуфи Фитрату Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Мирзо Сироҷи Ҳакиму Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Аҷзиву Асирӣ, Устод Айниву Сайидризо Ализода ва ғайра чун манбаъи боэътимод хидмат хоҳанд кард ва домани андешаву мулоҳизаамонро фарохтар хоҳанд сохт.

Тақдиру қисмати онҳо ба сарнавишти миллати куҳанбунёди фарҳангофарини тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.

*Зиндаёд Пайванди Гулмурод пажӯҳишгар ва устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки 8 апрели 2013 даргузашт. Ин мақола бори нахуст 21 январи 2012 дар сойти Би-би-сии Форсӣ мунташир шуда буд.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*