Порсиро посдорӣ кун, агар донишварӣ

fereidoon-moshiri

Зиндаёд Фаридуни Муширӣ

Зодгоҳи меҳр буду меҳройин кишваре,
Чун дурахшон гавҳаре дар паҳнаи паҳноваре.
Ҷойи ҷо дар сарзаминҳои фарохаш,
Мадумоне покҷон
Гунагун ойину дин
Гун гун одоб, аммо як забон
Порсӣ ҷонмояи ҳамбастагишон буд
Ҳамзабонӣ чеҳрасози зиндагишон буд
Дастҳо дар дасти ҳам дар ҷонашон метофт
Офтоби дӯстӣ бо гармии ҷонпарваре
Нури як фарҳанг метобид бар дилҳояшон
Лоҷарам саршор буд аз ишқ, аз озодагӣ дунёяшон
Бар чакоди сарфарозӣ ҷояшон
Сарзамини сарфарозон буд, “Эрон” номи ӯ
Меҳрварзон ҷуръанӯши ҷоми ӯ,
Кишваре чашму чароғи Ховарон,
Сарзамини некандешону покони ҷаҳон,
Некгуфторон,
Неккирдорон,
Кишвари номоварон бо мардуми номоваре
Ин миён бегонагон,
Дар камин буданд бо тарфандҳо!
Рахнаҳо карданд аз роҳи “забон”
То нифоқ уфтод дар ёрону хешовандҳо
Дастҳо аз ҳам ҷудо
Ашкҳо шуд ҷонишини хуштарин лабхандҳо…!
Оҳ, эй аз ҳамзабонон, ҳамдилон уфтода дур!
Оҳ, эй аз корвон ҷомонда
Ҳайрон, носабур!
Рӯзгори сарфарозиҳоят оё орзуст?
То гузорӣ бори дигар дасти худ дар дасти дӯст
Порсиро посдорӣ кун, агар донишварӣ.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*