Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ)

9-9

Забони порсӣ аз гаронбортарин, равонтарин, гӯётарин, зеботарин ва барои густариш аз тавонотарин забонҳои ҷаҳон аст. Бадбахтона, ин забони бузургу зебо монанди сарзамини бархостгоҳи он дар дарознои замон гирифтори тозиши фаровон гардида ва ба гӯёӣ ва вижагӣ ва зебоии он газанди бисёр расидааст ва имрӯза ин забон бо сахттарину пургазандтарин тозишҳо рӯбарӯ шуда ва он тозиши забонҳои бохтарӣ аст.

Дар баробари тозиши вожаҳои бегона ва вожаҳои бохтарӣ чи бояд кард? Пеш аз посух ба ин пурсиш бояд гуфт ва донист, ки дар ҷаҳони имрӯз бо густариши донишу фанноварӣ ва расонишу расонаҳо то моҳвораҳои осмонпаймо, вобастагӣ ва пайванди забонҳои гуногун гурезнопазир аст ва ин вобастагиву пайванд мебоист анҷом гирад, бавижа дар кишваре монанди кишвари мо мебоист забонҳои бохтарӣ, ки пояи пайванду вобастагӣ аст, омӯхта ва аз он баҳраи боиста гирифта шавад. Омӯхтану баҳра гирифтан аз забонҳои бохтарӣ ба ду гуна метавонад анҷом гирад: яке омӯхтану ба кор бурдани вожаҳои бегона дар забони порсӣ, ва дигар, омӯхтани забонҳои бегона ва сохтани вожаҳои дурусту дархур ва расои форсӣ дар баробари ҳар вожа ва ба кор бурдани он. Равише, ки китоби “Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ)” бар пояи он фароҳам шудааст.

“Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ)” дар яксаду ҳафтоду чаҳор рӯя (сафҳа) ба хомаи донишманди фарзона дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ навишта шудааст. Ин дафтарро Интишороти Теҳрон дар соли ҳазору сесаду ҳафтоду панҷ (1375) бо ҳамкории моҳномаи “Чисто” дар ду ҳазор (2000) нусха чоп карда, ки барои ҳамаи ононе, ки бо иқтисод сару кор доранд, чунон абзори даст аст.

Матлаби порсиро инҷо бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*