Забонҳои исломӣ?!

 Шаҳрбоз

زبانهای اسلامی

Ғарбиён дар давраҳои таърихии гуногун ба далелҳои бисёр минтақаӣ ғарби Осиёро, ки аз назари забонӣ ва диниву қавмӣ ва … дорои гуногунии шоёни нигарише аст, ба гунаи тӯдаи яксону якшакле дидаву шиносондаанд.

Имрӯза ҳам бо вуҷуди “инфиҷори иттилоъот” тасаввури мардуми одияшон аз ин бахш аз ҷаҳон, ки аз садаи бистуми милодӣ ва бавижа пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо унвони “Ховари миёна” номида мешавад, чунон аст, ки гӯё ҳамаашон дар биёбону регзор дар чодар зиндагӣ мекунанд ва бо шутур ҷобаҷо мешаванд ва ба забони арабӣ сухан мегӯянд.

Ҳамаи занони ин минтақа дар пушти бурқаъ ҳастанду ҳар марде дастикам чаҳор ҳамсар дорад. Агар ба онҳо бигӯӣ дар Теҳрон барф мебораду дар наздикии он яке аз беҳтарин пистҳои (майдонҳои) эскӣ қарор дорад ё дар Табрезу Ардабил ва Аҷабшер зимистонҳои сарду сӯзону кушанда аст ва аз бориши барф ҷоддаҳо баста мешавад, ё гумон мекунанд, ки онҳоро даст андохтаед ва бо лабханд ба шумо нигоҳ мекунанд, ё бо даҳону чашмони боз шуморо нигоҳ мекунанд.

Маънои “риёзиёти исломӣ” чист? Оё бо ин ҳисоб риёзиёти урупоиёнро ҳам “риёзиёти масеҳӣ” номид? Оё агар дониши Ибни Сино ва Розӣ “пизишкии исломӣ” аст, пизишкии Вилём Ҳорвей ва Ҳенри Грейи инглисӣ ва дигар пизишкони урупоиро ҳам бояд “пизишкии масеҳӣ” хонд? Дар миёни ин риёзидонон ё пизишкони “исломӣ” гоҳ эрониёни зартуштӣ ё яҳудӣ ё масеҳӣ низ дида мешаванд. Оё бояд дастоварди онҳоро аз “пизишкии исломӣ” ҷудо кард? Манзурам он аст, ки ин гуна номгузориҳо ғайриъилмӣ ва гоҳ боғараз аст.

Ин вазъ гоҳ аз рӯи ноогоҳӣ аст ва гоҳ барои роҳатии хиёл ва гоҳ бо мақсадҳои хосси сиёсӣ. Ин содабинӣ ва ноогоҳӣ ва якдастангории ғарбиён то ҳадде собиқа дар даврони торики Урупо дорад, яъне замоне ки ҳамаи мардуми ин бахши Заминро Сорусен мехонданд (ба назари бархе, дар асл “шарқийин” будааст). Ба ҳамин далел аст, ки вақте китобҳои илмиро дар даврони торики Урупо аз арабӣ ба лотин тарҷума карданд, ҳамаи эрониён ва дигаронро “донишмандони араб” номиданд ва “фалсафаи араб”-у “ҷуғрофии араб” ва “пизишкии араб”-у “риёзиёти араб” падид омад.

Дар даврони муъосир низ, ки шинохташон аз минтақаи ғарби Осиё бештар шудааст, ин бор ба далелҳои сиёсӣ ва гоҳ барои эҷоди тафриқа, донишмандони эрониро ё ҳамчунон “араб” мехонанд ё ба ҷойи он танҳо ба қайди “мусалмон” басанда мекунанд, бо ин бовар ё ғараз, ки дар он даврон ҳувийяти “эронӣ” вуҷуд надоштааст. Дониши ин донишмандони “мусалмон” низ дар натиҷаи ҳамин фарз ё бовар танҳо “дониши исломӣ” мешавад, монанди “риёзиёти исломӣ” ва “пизишкии исломӣ” ва… Ҳол он ки дониши табиъӣ ва улуми дақиқ асосан мустақил аз дин аст.

Маънои “риёзиёти исломӣ” чист? Оё бо ин ҳисоб бояд риёзиёти урупоиёнро ҳам “риёзиёти масеҳӣ” номид? Оё агар дониши Ибни Сино ва Розӣ “пизишкии исломӣ” аст, пизишкии Вилём Ҳорвей ва Ҳенри Грейи инглисӣ ва дигар пизишкони урупоиро ҳам бояд “пизишкии масеҳӣ” хонд? Дар миёни ин риёзидонон ё пизишкони “исломӣ” гоҳ эрониёни зартуштӣ ё яҳудӣ ё масеҳӣ низ дида мешаванд. Оё бояд дастоварди онҳоро аз “пизишкии исломӣ” ҷудо кард? Манзурам он аст, ки ин гуна номгузориҳо ғайриъилмӣ ва гоҳ боғараз аст.

Ҷолиб он ки дар ин маърака, кишваракҳои арабӣ ва понъарабон ва мутаъассибони араб низ дар ин оташ медаманд ва барои намуна дар Фаронса “Маркази мутолеъоти риёзиёти араб” ба роҳ андохтаанд! Ё Ҷурҷ Салибо, устоди донишгоҳи лубнонӣ аз Донишгоҳи Колифурниё дар риштаи “улуми исломӣ” (Islamic sciences) мадраки дуктуро гирифтааст. Дар забони порсӣ ва дар миёни мо эрониён бардошт аз “улуми исломӣ” яъне фиқҳ ва калом ва ҳикмати исломӣ ва ҳадису илми риҷолу тафсири “Қуръон” ва…, ҳол он ки манзури ӯ чизи дигарест.

“Истилоҳе, ки чандест зиёд бад-он бармехӯрдам, “забонҳои исломӣ” (дар инглисӣ Islamic languages) аст ва манзурашон ҳам забонҳои арабиву порсиву туркӣ аст. Намедонам чи гуна аз назари илмӣ ва забоншиносӣ метавон “забони исломӣ”-ро таъриф кард. Агар манзур забонест, ки мусалмонон бад-он сухан мегӯянд, бояд гуфт, ки яҳудиёну масеҳиёни Эрон ҳам ба забони порсӣ сухан мегӯянд. Пас оё бояд забони порсиро забони масеҳиву забони яҳудӣ ҳам номид? Масеҳиёни лубнонӣ ва дигар кишварҳои арабӣ (монанди Миср) низ ба забони арабӣ сухан мегӯянд. Пас на забони порсӣ забони танҳо мусалмонон аст ва на забони арабӣ.

Аммо истилоҳе, ки чандест зиёд бад-он бармехӯрдам, “забонҳои исломӣ” (дар инглисӣ Islamic languages) аст ва манзурашон ҳам забонҳои арабиву порсиву туркӣ аст. Намедонам чи гуна аз назари илмӣ ва забоншиносӣ метавон “забони исломӣ”-ро таъриф кард. Агар манзур забонест, ки мусалмонон бад-он сухан мегӯянд, бояд гуфт, ки яҳудиёну масеҳиёни Эрон ҳам ба забони порсӣ сухан мегӯянд. Пас оё бояд забони порсиро забони масеҳиву забони яҳудӣ ҳам номид? Масеҳиёни лубнонӣ ва дигар кишварҳои арабӣ (монанди Миср) низ ба забони арабӣ сухан мегӯянд. Пас на забони порсӣ забони танҳо мусалмонон аст ва на забони арабӣ.

Ҳамчунин, имрӯза мусалмонони фаровоне ҳастанд, ки ба далели зода шудан ё бузург шудан дар Ғарб ба забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ сухан мегӯянд. Оё забонҳои инглисӣ ва фаронсаро ҳам бояд ҷузви “забонҳои исломӣ” ба шумор овард?

Боз бояд пурсид, ки оё метавон бар ҳамин қиёс ва таърифи ғарбиён “забонҳои масеҳӣ”-ро ҳам ба кор бурд ва гуфт манзур аз “забонҳои масеҳӣ” яъне забонҳои инглисиву олмониву фаронсавӣ ва итолиёиву испониёӣ? Онгоҳ таклифи яҳудиёне, ки чандин сада дар Урупо зиндагӣ кардаанд ва ба забонҳои маҳаллии Урупо сухан мегӯянд, чи мешавад?

Асли достон бад-ин хотир аст ки гӯё дар ин миён мардуми Ховарзамин “мавзӯъи мутолеъа” ҳастанд ва аз худ ҳаққу ихтиёре надоранд ва ин “мутолеъакунандаи” ғарбӣ аст, ки озодона барои “роҳатии кори худ” ва “сарфаҷӯӣ дар навиштану гуфтан” тасмим мегирад, ки ин мардумро – монанди ҳашараҳову гиёҳоне, ки дар озмоишгоҳ рӯйи онҳо мутолеъа мешавад – дастабандӣ кунад ва барчасб бизанад ва дар бораашон чиз бинависад.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

1 Comment Posted

  1. Joe ki kalimai khubi tarkish hast, porsiyon charo “infijor” mekunand? Khub agar kalimai ajnabiro qabul doshtem va imruz afsus mekhurem, pas charo sytaxisashro niz qabul dored ki megued “ulumi” dar joe ki gued olimhoi? Yo man devona hastam yo shumo fikr mekuned ki mardum ongunaand.

    0

Бифирист

.


*