Наҷиби Борвар: Ҳар куҷо марз кашиданд, шумо пул бизанед!

najib-barwar492Наҷиби Борвар: Кӯдак, ки будам, аз падарам – Валихони Файзӣ – ки “Маснавӣ”-и Мавлавиро ба расми суннатӣ мехонд, мешунидам. Вақте мегуфт “бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”, манзурашро намефаҳмидам ва бо худ мегуфтам, магар най ҳам метавонад сухан бигӯяд? Ба булӯғ, ки расидам, пай бурдам, ки: “Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.” Ҷудоиҳое, ки пур аз фалсафаву пурсишанд.

Ҷавон, ки шудам, ба дунболи чистии худам баромадам, ҳамеша аз худ мепурсидам: “Ман кӣ ҳастам?” Ва шабҳо вақте сарамро рӯи болин мегузоштам, ба офариниши осмонҳо, моҳу ситорагон меандешидам. Бузургтар, ки шудам, мафҳуми яке аз абёти Мавлоно, иштиёқи “васл”-ро дар ман зинда кард, ва аз он замон, ки чаҳор сол мегузарад, ба дунболи “асли” худам мегардам.

“Номи дигари Кобул” ҳосили корҳои соли 1393-и ман дар заминаи ғазал аст. Ҳанӯз бар нивиштаҳоям унвони шеърро намегузорам, чун ёддоштҳоеанд барои муъаррифии чорчӯби фикрии ман. Бар костиҳоям фоиқ наёмадаам ва медонам роҳҳои дуру дарозеро бояд бипаймоям. Чопи аввалин ин асар дар муддати кӯтоҳе тавзеъ шуд ва ин гуна шуд, ки зарурати чопи дувуми ин китоб эҳсос гардад. Азизонеро, ки дар ҳар заминае бо ман ҳамкорӣ кардаанд, сипосгузорам. Ба умеди ҳамдиливу дӯстӣ ва таҳаққуқи ин мақула, ки: Ҳар куҷо марз кашиданд, шумо пул бизанед! (Манбаъ: Гуфторе бар чопи дувуми китоби “Номи дигари Кобул” نام دیگر کابل- نجیب بارور)

Пул бизанед

Ҳар куҷо марз кашиданд, шумо пул бизанед,
Ҳарфи Теҳрону Самарқанду Сари Пул бизанед.
Ҳар ки аз ҷанг сухан гуфт, бихандед бар ӯ,
Ҳарф аз панҷараи рӯ ба таҳаммул бизанед.
“На!” бигӯед ба бутҳои сиёсӣ, “на! на!”
Рӯи гӯри ҳамаи тафриқаҳо гул бизанед.
Муште аз хоки Бухорову гил аз Нишобӯр,
Бо ҳам ореду ба махрубаи Кобул бизанед.
Духтарони қафасуфтодаи Помири азиз,
Гуле аз боғи Хуросон ба ду кокул бизанед.
Ҷом аз Балх биёреду шароб аз Шероз,
Мастии ҳарду ҷаҳонро ба тағаззул бизанед.
Ҳар куҷо марз… – бибахшед, ки такрор омад,
Фарз бо ин ки – кашиданд, дуто пул бизанед.

Шиносномаи ман

Аз Бухороям, асилан тоҷикистонистам,
Шаҳрванди Машҳаду Шероз, эронистам.
Рустаму Суҳробу Фирдавсӣ, манам кохи буланд,
Рӯдакиям, Ҷомиям, ашъори Хоқонистам.
Модари Бӯмуслиму зояндаи Ковусу Кай.
Махфиям, Фарзонаву Симин, Кошонистам.
Марзро бардор оқо! Ошнои собиқам.
“Бӯи ҷӯи Мӯлиёнам, сулҳу паймонистам.”
Дардҳоят дардҳоям, ранҷҳоят ранҷҳом,
Сурхтар аз хуни ту, лаъли бадахшонистам.
Хонаам тақсим дар ҷуғрофиёи порсист,
Кобулу Кӯлобу Теҳронам, Хуросонистам.

Марзҳо

Баъд аз ин аз марзҳо дарвоза бояд сохтан,
Яксадо, якдил, буландовоза бояд сохтан.
Вақти бедорист “бояд чашмҳоро шуст”-у дид,
То ба кай хамёзаву хамёза бояд сохтан?
Се ҷудоуфтодаву се якдигар уфтодаро,
Муттасил бо ҳам ба як шероза бояд сохтан.
Ин садои ҳамдиливу соҳати пайвандро,
Бекарону беҳаду андоза бояд сохтан.
Шонаҳомон захмиву зонӯямон хам гаштааст,
То ба по хезем бо ҳам, боза бояд сохтан.
Баъд аз ин падруд бояд гуфт бо маҳдудаҳо,
Нақшаи ҷуғрофиёи тоза бояд сохтан.

najib-barwar300aБа қабилабоварон

Ман аз ҳувийяти гумгаштаам сад бор мегӯям,
Аз “Эрони бузург”-у аз шукӯҳи пор мегӯям.
Ман аз ҷуғрофиёи порсиву тоҷи Мавлоно,
Ман аз кохи буланду Рӯдакӣ такрор мегӯям.
Навои ҳамдиливу созҳои ҳамзабониро,
Ба пои ҳазрати Мансур пои дор мегӯям.
Надорам аз хасу хошок бокеву дар ин ҷодда,
Шабеҳи рӯд то манзил фақат раҳвор мегӯям.
Шикоятпешагони дар ҳарос аз ҳамгироиҳо,
Ба ойине, ки побандед, зиллатбор мегӯям.
Сукунатпешагони ҷаҳл дар фарҳанги афғонӣ,
Ман аз ин доғи бар пешониям безор мегӯям.
Ман аз Балху Бухоро то Самарқанду самарқандӣ,
Ман аз Кӯлобу Нишобӯр бо исрор мегӯям.
Агар ҳатто забонамро бибандӣ бо нигоҳи худ,
Сухан бо тоҷику эрониям бисёр мегӯям.

Дастҳоятро бидеҳ…

Ман аз Эронам, вале дар шаҳри Теҳрон нестам,
Аз Душанбе ҳастаму дар Тоҷикистон нестам.
Захмҳои Кобулам дар пайкари захмиятон,
Лаъли хунин дорам, аммо дар Бадахшон нестам.
Обшорони Хуҷандам дар суруди Рӯдакӣ,
Гарчи “ёди ёр” менояд, пушаймон нестам.
Ошкоро аз Бухоро-Балх мегӯям сухан,
Чун хуфошон гоҳ пайдо гоҳ пинҳон нестам.
“Шоҳнома” асли ман асту асолатпешаам,
Кох дар кохи буландам, хонавайрон нестам.
Дастҳоятро бидеҳ ёри самарқандӣ ба ман,
Ламс кун эҳсоси Кобулро, ки дар ҷон нестам.
Ҷони худро дар азои холи ҳиндуят диҳам,
Турки шерозӣ, ман аз арзонфурӯшон нестам!

Дар қоби муштарак

Тасвирҳо ҷудост, вале қоб муштарак,
Дарёву мавҷу роҳ, вале об муштарак.
Хомӯшии шабанд ҳамин марзҳои мо,
Аммо садои ҳазрати маҳтоб муштарак.
Тафриқи дину мазҳабу амсоли бешумор,
Инсоният шиъору раҳи ноб муштарак.
Пурсиш ба туву ӯву мане аз ҳазор беш.
Посух барои “мо” шудани хоб муштарак.
Мо шохаҳои дур, вале решаҳо ба ҳам,
Дар мо талоши ваҳдати ноёб муштарак.
Фарҳанги мо, тамаддуни мову забони мо,
Шероз, то ба Кобулу Кӯлоб муштарак.

Сафҳаи Ашъори Наҷиби Борвар дар шабакаи Фейсбук

ҷусторҳои вобаста

3+

Бифирист

.


*