Барномаи шунидории «Вопасин мардони тот»

Порсӣ Анҷуман: Тираи эронии тот дар густарае густарда аз Эронзамин, ки як сӯи он Дарбанду Доғистони Русия аст ва сӯи дигараш то Ҳамадон ва аз онҷо то Хуросон, парокандаанд ва дар ин миён бештари ишон дар Озарбойҷон мезиянд.

Бар пояи гувоҳҳои устувор ва рӯшани торихӣ ва забоншинохтӣ, забоне, ки тотиёни имрӯз бад-он сухан мегӯянд, то чаҳорсад сол пеш (то замони Сафавиён) забони ҳамаи озарбойҷониён буд, лек бо турктозии забони туркӣ, забони тотӣ андак-андак аз миён бирафт ва танҳо бошандгони чанд ободӣ ин забонро нигаҳ бидоштанд ва то ба имрӯз расонданд.

Забони тотӣ гӯишҳои гуногун дорад ва худ бозмондаи забони озарӣ – забони куҳани Озарбойҷон – аст, ки гӯише аз забони порсиг (паҳлавӣ) будааст. Ҳамакнун низ гӯишварони ин забон ба забони худ на тотӣ, ки «фурсӣ» мегӯянд.

Барномаи «Вопасин мардони тот» ба баррасии забони тотӣ ва мардумшиносии ин забон ва низ гуфтугӯе бо яке аз вопасин гӯишварони ин забон дар рустои Галингаяи Озарбойҷон мепардозад.

Нивисандаи ин барнома, ки аз родиюи Табрез пахш шуда, Беҳрӯзи Ҷаъфарӣ аст ва гӯяндагии он низ бар дӯши Афсона Камол Козимӣ. Коршиноси бошанда дар ин барнома низ дуктур Аҳмади Асғарӣ аст.

«Вопасин мардони тот»-ро аз «инҷо» бишнавед.


Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*