Ҷовид Ашконӣ: Яке аз вежагиҳои забонҳои ҳиндуурупоӣ вандафзоист. Ин забонҳо аз Ҳиндустон то Урупо, аз Омрико то Устролиё ва дар дигар сарзаминҳо равогманданд ва аз нигари густурдагӣ яке аз моявартарин шохаҳои забонӣ дар ҷаҳон ба шумор оянд. Ин забонҳо дорои шохаҳои гуногунеанд, ки дар гузари рӯзгор ҳар як ҷудогона дучори дигаргашт шуда ва андак-андак аз ҳам дур гаштанд. Гумон бар он аст, ки решаҳо ва саршохаҳои бунёдини онҳо яке буда ва мардумоне, ки ба он забон[ҳо] гуфтугӯ мекарданд [ва мекунанд] ҳамон гурӯҳгони «ҳиндуурупоӣ» бошанд.[1] Аз ин рӯ, ҳангоме ки аз шохаи забонҳои ҳинду[эронӣ]урупоӣ сухан мегӯем, омоҷи он забонҳои ҳамхонаводае ҳастанд, ки соз ва корвожасозии камубеш яксоне доранд. Агарчи дар деранди рӯзгор аз ҳам дур шуданд, вале ҳамон созу кор ҳамчунон барҷой аст.
Вандафзоии дастгоҳи вожасозӣ чист ва чи гуна кор мекунад? Дастгоҳи вандафзоии вожасозӣ (дар инҷо забони ҳиндуурупоӣ ва эронӣ) он сомонаи забонист, ки битавонад бар пояи пайкараи дастурии худ вожасозӣ кунад ва он, дарбардорандаи «вандафзоҳо» (= пешванд, пасванд, миёнванд) ва «ҳамниҳиш»-и (таркиб) таквож аст.[2] Ба дигар сухан тавон гуфт: дастгоҳи дастурии забон дарбардоранда «вожасозӣ», «воҷшиносӣ-рехтшиносӣ-овошиносӣ», «гуфтшиносӣ» (наҳв) (= syntax, ба порсиг: xūbgōbišn) ва«чамшиносӣ» (= semantics) буванд. Омоҷи ин ҷустор танҳо ба дастгоҳи вандафзоӣ ва ҳамниҳишии (таркибии) вожаҳост.
Шояд ба далерӣ тавон гуфт, забони порсӣ бо дастгоҳи вандафзоияш, яке аз пурбасомадтарин ва вожасозтарин забонҳои ҷаҳон аст. Нишона ва бурундоди он, вожаҳои густурдаест, ки дар фарҳангномаҳо ва вожаномаҳои донишӣ (фаннӣ, тахассусӣ) нигошта ва фародасти донишҷӯён ва пижӯҳишгарон барниҳода шудааст. Ду равиши бунёдини вожасозӣ «вандафзоӣ» ва «ҳамниҳиш»-анд. Дар равиши нахуст, ванде ба пояи вожа афзуда шавад то вожаи тоза созад. Дар равиши дувум, ду ё чанд таквож канори ҳам оянд ва вожае тоза созанд.[3] Дар намунаҳои зер, як таквожи озод (= free morpheme) ва як таквожи [во]баста (= пасванд, bound morpheme) вожаҳои тозае месозанд.
Чанд намуна аз порсиг. Пасванди -īzag пасванди кеҳист:[4]
cašmīzag чашмизак (сиёҳдонаи доруӣ)
dumbīzag думча, думболча
dušīzag дӯшиза, шоҳдухт
kadīzag кулба, сароча, курича
kenīzag духтарак/духтарча, канизак
kulīzag кулича (кулча)
maškīzag дасторхон
murvīzag мурғак, гунҷишк
nāyīzag ноижа
xūgīzag хукча
Дар намунаҳои боло, таквожи озод ба ҳамроҳи таквожи вобаста (пасванди -īzag ) вожаи тозае сохтааст. Чунонки гуфта шуд, ҳар таквож [-и озод] метавонад пешванд ва ё пасванд гирад, монанди таквожи «байн», ки бо афзудани пешванди «но» ва пасванди «а», вожаи «нобино»-ро месозад. З-ин рӯ, барои сохтани ҳар вожаи тоза, дастикам ниёз ба як таквожи озод ва як ё чанд таквожи вобаста/ванд аст, Ҳамонанди вожаи «пешгуфторҳо», ки дарбардорандаи як таквожи вобастаи пешини «пеш», як таквожи озоди «гуфт» ва ду таквожи вобастаи пасини «ор» ва «ҳо» аст, бад-ин гуна: «пеш+гуфт+ор +ҳо». Дар забони порсӣ, намунаҳое аз ин даст бешуморанд: «фаропешангораҳо» ё «фаромеҳанпарастӣ/гароӣ» (= ultranationalism); вале бояд дарнигарист, ки гоҳе сохтори ҳамниҳиши таквожи дигар тавонад буд. Барои намуна бингаред ба вожаи «донишманд». Ин вожа аз се таквож сохта шудааст, ки ҳар кадом аз онҳо як таквожи «вобаста» тавонанд буд: «дон» + «иш» + «манд», ки ҳеч як ба танҳоӣ наметавонанд дар гуфтор (= саҳмон) ба кор раванд.[5] Бад-ин сон, равиши вожасозии дастгоҳи забони порсӣ аз гуногунии вежае бархӯрдор аст, ки он ҳам аз вежагиҳои забонҳои ҳиндуурупоист.
Боиста аст ёдоварӣ гардад, ки ду гун (навъ) таквожи озод[6] дорем: як, таквожи вожагонӣ (= lexical morpheme). Ду, таквож дастурӣ (= functional morpheme). Таквожи дастурӣ (= баста) монанди бандвожаҳо (чун, зеро, ҳангоме ки ва …), ҳарномҳо (замирҳо), миёнҷивожаҳо (ҳуруфи изофа), каронвожҳо (қайдҳо) ва дигарҳо, ки наметавон ванде ба онҳо афзуд.
Таквожҳои вожагонӣ ҳам вожаҳои озод (= боз) ва худоистоиянд, ки метавонанд пешванд ва пасванд (= вандҳо) гиранд, монанди «оғоз, ниёз, ниҳод, гузориш, пиндор» ва дигарҳо, ки ванде ба пеш ва паси онон тавон афзуд. Ва низ таквожҳои баргирифта (муштақҳо) (= derivational morphemes) аз корвожаҳое монанди «гуфтан»: гуфтор, гуфта, гӯё, гӯёӣ, гӯиш, гӯишвар, гӯишманд ва дигарҳо, ки метавон пешванд ва ё пасванде ба онҳо афзуд.
Барои он ки нишон диҳем бунмояи дастгоҳи вожасозии забони порси чи андоза бекарон аст, чанд намунаро вомековем. Пеш аз он, чунон ки ёдовар шавем, равишҳои вожасозӣ бо афзудани ванд(ҳо) ба бун ё ситоки корвожа ва ё афзудани ванд ба як таквожи озод (худоисто) ба даст меояд, ки метавонад густаришпазир бошад. Дониста аст, ки корвожаҳои забони порсӣ дорои моддаҳои «кунун» ва «гузашта»-анд: барои намуна, бингаред ба моддаҳои «соз sāz[7]» ва «сохт sāxt» ва вожаҳои барсохта аз онҳо дар зер.
Намунаи як
Соз: созиш, созмон, созманд, созишмандона, сомон, созгор, созгон (систем).
Бо фузудани ванд ё вожа: созишкор/ӣ, созишпазир/ӣ, созишӣ, созмонӣ, созмондеҳ, созмондеҳанда, созишгар, созишнома, созгор/ӣ, созанда, созандагӣ, созандагон, соза.
Ҳамроҳ бо корвожа: созидан (сохтан), созгор кардан/будан/ шудан, созмондеҳӣ кардан, созмон додан, созанда будан ва дигарҳо.
Сохт: сохтор, сохтманд, сохтмандона, сохтагӣ, сохтмон, сохта, сохтан.
Метавон ванд ё вожаҳои дигаре ба он афзуд: сохтанӣ, сохторгаро/ӣ, пасосохторгаро/гароӣ, пешсохта.
Ва ё ду баҳрӣ: сохтмонсозӣ, сохтупохт, сохтупохт кардан, сохтусоз/ кардан, сохтаву пардохта, сохта шудан/будан[8] ва дигарҳо.
Метавон ба ду моддаи корвожаҳои боло яъне «соз/сохт» пешванд ва пасванд афзуд. Монанди носозгориҳо, созишнопазир, фаросозмонӣ; барсохта, рӯсохтҳо, зерсохтҳо ва намунаҳои дигар.
Намунаи ду
Агар як номвожаи «дод»-ро чунон таквожи озод ва буни вожа дар нигар оварем, бо афзудани вожа ва таквожҳои вобастаи дигар метавон бешумор вожа сохт. Бингаред:
Дод: додхоҳ/ӣ, додхоҳӣ кардан, додбахш, додбохта, додбурда (маҳкум лаҳу), додхост/додхост додан, дод хостан, додрас/ӣ, додрасӣ кардан, додситон/ӣ, додситонанда, додсаро, додгоҳ/ӣ, додгар/ӣ, додгустар/ӣ, дод густурдан, додгузор, додгузоранда, додгузорандагӣ, доднома, доднома навиштан.
Ин вожаҳо танҳо баромада аз як буни вожаи порсии «дод» чунон таквожи озод аст. Агар нек бингарем дастгоҳи вандафзоӣ [ва вожасозӣ]-и забони порсӣ ҳамон чизест, ки Маҳмуди Ҳисобӣ гуфтааст: Бо 250 пешванд ва 600 пасванд ва 1500 реша метавон 226 миллиюн вожа сохт, ки ҳеч забоне ба пойи он нарасад.[9] Шояд битавон гуфт ба нигари тавонманди вожасозӣ ҳеч забоне дорои чунин вежагӣ набошад, гарчи бархе бар ин боваранд, ки «аз нигаргоҳи мафҳумсозӣ забонҳои олмонӣ ва юнонӣ дар шумори тавонгартарин забонҳои ҷаҳонанд».[10]
Намунаи се
Дар ин намуна танҳо як ванд (пешванд) бо вожаҳои дигар меояд то вежагии беҳамтоӣ ва ягонагии вожасозии забони порсиро барнамоёнад:
Пешванди «абар» ба чами бар, боло, фароз, дар баробари поин: «1-абародамӣ, 2-абарорзу, 3-абарормон, 4-абаростон (баландосмон, барзиностон), 5-абарфаргоҳ, 6- абарахтар, 7-абартавон, 8-абарумед (бузургумед) 9-абарангал, 10-абарандарзгӯй, 11-абар авҷ шудан, 12-абарбахшо, 13- абарбахшоянда, 14-абарбахш, 15-абарподзаҳр, 16-абарпоя, 17-абартар, 18-абартан, 19- абарчеҳр (метофизик), 20-абардарё, 21-абардарёпаймо (киштии бузург), 22-абардарёшиносӣ (фардарёшиносӣ, паҳнобшиносӣ), 23-абардевсусмор, 24-абарроёна, 25-абаррасона, 26-абаррасонгар, 27-абарситора, 28-абарсанҷа, 29-Абарсин (ном кӯҳи бостонӣ ва баланд), 30-абаршаҳр, 31-абарфурӯшгоҳ, 32-абаркор (гаронпоя, баландпоя), 33-абаркоршинос, 34-абаркӯҳ, 35-абаргар (бурзишманд), 36-абаргар бахшанда (худованди бахшандаи бурзишманд), 37-абармос, 38-абармонд, 39-абармонд бурдан (корвожа), 40-абармондпазир/хӯр, 41-абармонд гузоштан (корвожа ба чами ба ҷой гузоштани мурдарег), 42-абармард, 43-абарман (равоншиносӣ: ёда, ман, ниҳод), 44-абарманд/ӣ, 45-абарманиш/ӣ, 46-абарҷаҳон, 47-абарном, 48-абарнафткаш, 49-абарнавахтар, 50-абарниёдӣ (метофизикӣ), 51-абарнерӯ».[11]
Боз ҳам метавон ҳар як аз вожаҳои болоро густариш дод. Дар инҷо танҳо аз як ванд, «абар», барои сохтани вожа баҳра гирифта шуд.
Бад-ин сон, дастгоҳи вожасозии забони порсӣ аз роҳи вандафзоӣ вожаҳои бешуморе тавонистӣ сохтан. Дар намунаи зер порсигузор (гардонишгар, мутарҷим) аз баробарҳои ноби порсӣ барои вожаномаи зистшиносӣ ба шеваи вандафзоӣ баҳра гирифтааст:
дарошом[12]-absorption, дарошомпазир-absorbable, дарошомпазирӣ- absorbability, дарошомандагӣ-absorbance, дарошоманда-absorbent, дарошомӣ- absorption, дарошомидан-(to) absorb.
Намунаи чаҳор
Дар ду намунаи зер, равиши вожасозӣ бад-ин гуна бошад: як номвожа (ном) + як гузорвожа/ ном/ ванд. Дар ин намуна номвожаи нахуст дар ҳама якест. Афзудаҳои он, яке аз гузинаҳои болост, ки бо / нишон дода мешавад:
Кор: «1-корозмуда/ корозмудагӣ, 2-корошӯб, 3-корофарин, 4-корогоҳ, 5-коромад, 6-коромӯхта, 7-коромӯз/ӣ, 8-коро, 9-короӣ, 10-корафзор, 11-корона 12-корбон (оперотур), 13-корбар, 14-корбурд, 15- корпазир, 16- корпардоз/ӣ, 17-корҷӯ, 18-корчоқкун, 19-корхона, 20-корхонадор, 21-кордор, 22-кордон/ӣ, 23-кордармонӣ, 24-кордастӣ, 25-кордида, 26-корсоз, 27-корсанҷ, 28-коршиканӣ, 29-коршинос/ӣ, 30-корфармо, 31-коркард, 32-коркарда, 33-коркушта/коркуштагӣ, 34-коркун, 35-коргар, 36-коргардон, 37-коргурезӣ, 38- коргузор/ӣ, 39-коргузин/ӣ, 40-коркушоӣ, 41-кормоя(энержӣ), 42-кормузд, 43- корманд, 44-корномак/корнома, 45-корангор, 46-корнамо, 47-корварз/ӣ, 48- кора, 49-корёбӣ».[13]
Зист: 1-зистозмун, 2-зистомор, 3-зистомоӣ, 4-зистоворӣ, 5-зисто, 6-зистсипеҳр, 7-зистафрӯзиш, 8-зист[иқлим]шинохтӣ/шиносӣ, 9-зистэлектруник, 10-зистисто, 11-зистоӣ, 12-зистбоварӣ, 13-зистбум, 14-зистбумшиносӣ, 15-зистподӣ, 16-зистполо, 17-зистпарвар, 18-зистпайдоӣ, 19-зисттобӣ, 20-зисттабоҳӣ, 21-зисттекнулужӣ, 22-зисттӯда, 23-зистҷо, 24-зистҷуғрофиё, 25-зистчина/шиносӣ, 26-зистхон, 27-зиструхсора, 28- зистрадашиносӣ, 29-зистриёзиёт, 30-зистзоишӣ, 31-зистзоӣ, 32- зистзабоншинос, 33-зистҷондорон, 34-зистзаминшиносӣ, 35-зистсипеҳр, 36- зистсукунӣ, 37-зистсанҷиш/ӣ, 38-зистсанги зистсистемотик, 39-зистшинохтона, 40-зистшинохтӣ, 41-зистшинос, 42-зистшиносӣ, 43- зистшимӣ, 44-зистфарсоиш, 45-зистфизик, 46-зисткура, 46-зистгоҳ, 47-зистманд, 48-зистмуҳандисӣ».[14]
Ҳамниҳиш (таркиб) [15]
Дар намунаҳои зер, таквожи озод ба ҳамроҳи як пасванди порсиг меояд. Аз ҳамниҳиши номвораҳо се гуна омехта сохта шавад:
- онҳое, ки ҳаста доранд, «омехтаҳои дарунҳастаӣ»;
- онҳое, ки беҳастаанд, «омехтаҳои бурунҳастаӣ»;
- ва «омехтаҳои ҳампоя».
«Омехтае дарунҳастаӣ, ки баҳри дувумаш ҳамчун ҳаста аст. Чунон: kadagxvadāy/ kadexvadāy «сарвари хона». Дар ин омехта «xvadāy» (сарвар) ҳаста ва «kadag» (хона) вобастаи ҳаста аст ва ба ҳаста бозбурд диҳад.» [16]. Чанд намуна:
dēvāndād девондод (девофарида)
gyānabespār ҷонсупор
jādaggōb коргузории додӣ
kārnāmag корнома
šāhan-šāh шоҳаншоҳ
Омехтаҳои ҳамнишинӣ
Аз ҳамнишинии ду баҳр гузорӣ ва гузорда сохта шавад:
āzādmard озодмард
dānāgayyār доноёр
dušyār тангсолӣ/ хушксолӣ
Омехтаи равоӣ
Омехтаи равоӣ як омехтаи дарунҳастаист, ки баҳри нахусташ чунон ҳаста аст.
āgāhdād додогоҳ
kirdespās парастор
ustāndast бо дастони барафрошта
Омехтаи азонӣ
Як омехтаи бурунҳастаист:
bārīgvīnīšn борикбин
hamnāf ҳамноф (хешованд)
nīvdil пурдил, далер
номвожа-гузорвожа
tandrust тандуруст
meyān-bārīg миёнборик
номвожа-номвожа
ēsmdast ҳезуми ойинӣ дар даст
mardmenīšn мардандеш
Омехтаи ҳампоя
tan-gyān тану ҷон
mīhrābān меҳрубон
Вандҳои омехта
Вандии омехта вожаест, ки аз як омехта сохта шуда ва худи омехтае «ростин» нест, ки оҳанҷиданоме аз ду ванд аст:
grānvīnāhīh гаронгуноҳӣ
drustravīšnīh тандурустӣ
Сухани поёнӣ
Дар вожасозӣ ба равиши вандафзоӣ, таквожи озоди вожа бояд порсӣ бошад, на вожаи бегона; зерок агар вожаи анэр ба ҷойи таквожи озод бошад, дастгоҳи забони порсӣ нокор ва сатарван шавад. Барои намуна, вожаи эронии «равон»-ро дарнигаред, ки решаи он дар порсии бостон ruvānam, авестоӣ urvan, порсии миёна ruvān ва имрӯза ravān аст.[17] Таквожи «равон» дар ҷойгоҳи пешвожа (ванд) бо ҳамтои ҳиленӣ (юнонӣ) «псику» (ψυχο-) дар дониши «равоншиносӣ» ψυχολογία ҳамхонд аст; ҳамтои арабии он «илм-ун-нафс» бошад ва пешвожаи он «нафс» хоҳад буд.
Акнун пурсем оё вандҳои порсӣ метавонад ҳамроҳи вожаи арабӣ ояд? Барои намуна бингаред ба ҳамон намунаи боло. Агар ба ҷойи «равоншиносӣ» бигӯем «нафсшиносӣ» ва ё ба ҷойи «равонпизишк» гӯем «нафспизишк» ва ба ҷойи «равонпареш» гӯем «нафспареш», барои порсизабонони имрӯзӣ пуршигифт ва нописанд намояд, зерок чунонки гуфтем таквожи озод мебоист порсӣ бошад. Агар чунин набошад, ҳар оина фарораванди вожасозӣ дучори гирифторӣ гардад. Аз ин намунаҳо бисёр тавон шумурд.
Дар боло аз бароварди Маҳмуди Ҳисобӣ гуфта шуд, ки забони порсӣ бо 250 пешванд ва 600 пасванд ва 1500 реша метавонад 226 миллиюн ва 275 ҳазор вожа созад. Акнун агар ҳатто шинохташудатарин пешвандҳо ва пасвандҳои кунунӣ (имрӯзӣ), ки дар нибегҳои омӯзишӣ дида мешавадро дар шумор оварем, яъне 72 пешванд ва 145[18] пасванд ва 1500 реша, бароянди он чунин шавад:
1500*72=108000
108000*145=15660000
1500*145=217500
15660000+108000+217500=15985500
Бар ин бунёд, ҳатто бо ҳамин шумор пешванд ва пасванд метавон «15 миллиюну 985 ҳазору 500» вожаи ноби порсӣ сохт, басо аз фарҳанги Вебстер, Уксфурд, Дудин ва Лорус фузунтар тавонистӣ будан.
Пас вандафзоӣ яке аз вежагиҳои вожасозии забони порсист, ки ба пурмоягӣ ва густурдагии вожаҳои барсохта меанҷомад. Ончи дар фародасти хонанда гузошта шуд, «муште буд намунаи харвор». Дар вожасозӣ ба равиши вандафзоии забони порсӣ нишонгари тавонмандии ин забон аст, ки бавандгона аз паси ҳамаи донишвожаҳои донишӣ, адабӣ ва мардумгонӣ бархоҳад омад. Бад-ин сон, аз нигари тавонмандӣ, забони порсиро метавон яке аз чаҳор забони барҷастаи ҷаҳон баршумурд. Бар мост, ки дар вожасозиии забони порсӣ «худ забони порсиро пояи кори хеш ниҳем»[19], на дигар забонро.
Понавишт:
[1]. Забон ва лаҳҷаҳои эронӣ. Эҳсони Ёршотир. Маҷаллаи донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Теҳрон. Соли панҷум, Шумораҳои як ва ду. Рӯяи 11. Низ бингаред ба: Ҳикмати тамаддунӣ, гузидаи осори устод Эҳсони Ёршотир. Ба кӯшиши Муҳаммад Таваккулии Туруқӣ. Пардиси дониш, 1395.
[2]. Забони порсиг (паҳлавӣ), дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ. Раҳоми Аша. Порсигардонон: Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон. Китоби Сада. 1397, Бахши дувуми вожасозӣ. Рӯяи 271.
[3]. Ҳамон.
[4]. Ҳамон, рӯяҳои 311 ва 312.
[5]. Бингаред ба: Сохти забони форсӣ. Хусрави Ғуломализода. Эҳёи китоб. 1377. Рӯяи 256.
[6]. The Study of Language. George Yule. Cambridge University. 2017. p.76.
[7]. Баррасии решашиносии феълҳои забони паҳлавӣ. Ядуллоҳи Мансурӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Рӯяи 373.
[8]. Вожаҳо баргирифта аз: Фарҳангномаи форсӣ (вожагон ва эълом). Ғуломҳусейни Садри Афшор. Фарҳанги муосир. 1389. Пӯшинаи дувум.
[9]. Фарҳанги Ҳисобӣ. Маҳмуди Ҳисобӣ. Интишороти Донишгоҳи Амиркабир. 1373. Бахши муқаддима.
[10]. Санҷиши хиради ноб. Имонуэл Конт. Адибсултонӣ. Амиркабир. 1400. Рӯяи 14.
[11]. Фарҳанги порсии сара. Муҳсини Покравон. Пӯшинаи якум. Нақши моно. Исфаҳон. 1393. Рӯяҳои 277 то 285.
[12]. Вожагони зистшиносӣ. Гирдоварии Ризо Фарзонпай. Бо ҳамёрии Меҳрозари Форсӣ. Маркази нашри донишгоҳӣ. 1377. Рӯяи 158. Низ бингаред: Вожаномаи улуми замин. Зери назари Фарҳангистони забону адаби форсӣ, бо ҳамкории Маркази нашри донишгоҳӣ. Маркази нашри донишгоҳӣ. 1380. Рӯяи 2.
[13]. Баргирифта аз: Сарвожаҳои фарҳанги пешрави Ориёнпур (форсӣ ба инглисӣ). Манучеҳри Ориёнпур. Теҳрон: Нашри электируникӣ ва иттилоърасонии ҷаҳони роёна. 1385. Рӯяҳои 1077 то 1082.
[14]. Вожагони зистшиносӣ. Рӯяҳои 204 ва 205. Низ бингаред ба: пешванди «бапеш». Рӯяҳои 84 ва 85. Ҳамон бунхон.
[15]. Забони порсиг. Рӯяи 346 бад-он сӯ.
[16]. Ҳамаи ин намунаҳо аз нибеги Забони порсиг, рӯяҳои 348 то 352, аз ҳар як-ду ё се намуна, оварда шудааст. Барои азадди бештар дар бораи вандҳо бингаред ба бахши дувуми ҳамин нибег бо намунаҳои бисёр.
[17]. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммади Ҳасандӯст. Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ. Теҳрон: Нашри Осор. 1393, пӯшинаи 3. Рӯяи 1471.
[18]. Вандҳо ва гаҳвожаҳои забони форсӣ. Маҳмуди Ҳисобӣ. Интишороти Ҷовидон. Рӯяҳои 8 то 30.
[19]. Пешдаромади забони порсиг. Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон. Рӯяи 8.
Бифирист