Порсӣ Анҷуман: Ҷустори пеши рӯ, ба ангезаҳои ҷудосозии дурӯғин ва ба се ном хондани забони порсӣ дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон пардохтааст. Ин навишта ба забони инглисӣ дар «Тоҷикистонвеб» бозтоб ёфта ва «Шаҳрбароз» онро ба порсӣ гардондааст.
***
***
Паштунсозӣ: шевае истолинӣ
Ҳамон тавр, ки пештар гуфта шуд паштунсозӣ дар Афғонистон тасвири оинае узбаксозӣ дар ноҳияҳои Осиёи Миёна аст бо як тафовути ҷузъӣ дар мардуме, ки даргири ин ду фароянд буданд. Узбаксозӣ ба ҳамроҳи унсури қавии русисозӣ тарроҳӣ шуд то забони порсии Осиёи Миёнаро заъиф кунад ва ононро аз порсигӯёни он сӯи марзҳо бегона кунад. Дар ҳоле, ки паштунсозӣ ба раҳбарии сухангӯёни як забони камтар тавсеаёфтаи Эрони Шарқӣ (яъне забони пашту) ва ба зарари дигар забонҳои роиҷ дар Афғонистон ва ба таври умда забони порсӣ анҷом шуд. Забони порсӣ забонест, ки ҳамчунон забони муштараки кишвар аст ва дар саросари он ба ҷуз дуруфтодатарин минтақаҳо фаҳмида мешавад. Бино ба Ой.Эм.Уронский (1997-и м./1376-и х.) то соли 1933 м/1322 х порсӣ танҳо забони расмии Афғонистон буд. Аммо дар тайи даҳаи 1930 м/1320 х ҳаракате барои иртиқоъи вазъи забони пашту ба сатҳи забони расмӣ шурӯъ ба шаклгирӣ кард. (Ulrich Ammon, Sociolinguistics)
«Мусоҳибон», ки пешгомони паштунсозӣ буданд талош карданд бо фурӯкашидани забони аслии кишвар, яъне забони порсӣ, забони маҳаллии паштуии худро ба вазъияти забони маҳмил ва меъёр бирасонанд. Идаҳои баландпарвозонаи онон ба хотири ғайримумкин будани тавсеъаи пашту ба сурати як забони худбасандаи ҷомеъ дар кӯтоҳмуддат бо монеъ бархурдааст. Аммо то ҳадде дар зарба задан ва мусла кардани бархе ҳинҷорҳои забонии порсӣ дар Афғонистон муваффақ шудаанд. «Тоҷикистонвеб» ҷузъиёти ин фарояндро пештар бар асоси асноди маҳрамоназудоишудаи Омрико мунташир кардааст. Дар инҷо бархе ҷузиёти бештар ва мулоҳизоте изофа мешавад то аз роҳи нишон додани шабоҳат байни ду ҳаракати зиддипорсӣ дар ҳар ду сӯи рӯди Ҷайҳун тасвирро комилтар кунад.
Зоҳиршоҳ, подшоҳи паштуни Афғонистон (1933 то 1973-и м./1312 то 1352-и х.), низ дағдағаҳое шабеҳи Шӯравиҳо дар даҳаи 1920 м/1300 х дошт. Вай нигарони погирии нуфузи фарҳангӣ ва сиёсии Эрон дар минтақа буд ва ончи, ки вайро бар он дошт то дар соли 1964-и м./1343-и х. порсиро ба дарӣ тағйири ном диҳад (дарӣ мутародифи адабии порсӣ дар қуруни вусто буд ба маънои «забони дарборӣ»). Фароянди ҷудосозӣ билохира ба натиҷа расид ва мутаноқизтарин ҳақиқати забонӣ дар дунёи навинро падид овард: се миллат ба се «забон» бо номҳои мутафовит (порсӣ, дарӣ, тоҷикӣ) суҳбат мекунанд, аммо ба тамоми ҳарф якдигарро мефаҳманд. Бо ҳамин ният, иқдомоти идорӣ сурат гирифт то 50% маводи навишторӣ ба забони пашту мунташир шавад. Монанди мавриди Тоҷикистон, фароянди бегонасозии забонӣ дар Афғонистон ба дасти аносири ғайритоҷик тағзия мешуд. Ҳатто дар тозатарин ҳодиса дар Афғонистон барои танбеҳи рӯзноманигоре, ки аз вожаҳои порсӣ истифода карда буд (февиеи 2008 / баҳмани 1386) як вазири паштун (Абдулкарими Хуррам) таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб кард. Оқои Хуррам нигарони таъсири «ғайриисломӣ»-и забони порсӣ бар «дарӣ» буд, дар ҳоле, ки порсигӯёни асили Афғонистон садои эътирози худро дар таъкид бар яке будани «дарӣ» ва порсии Эрон баланд карданд. Бад-ин тартиб, ғайрипорсизабонон, яъне паштунҳо забонеро, ки ба таври бумӣ бад-онон тааллуқ надошт, тағйири ном доданд ва ҳанӯз низ саъй доранд нусхаи худашонро аз забони порсӣ дар кишвари Афғонистон таҳмил кунанд. Ин тасвир ёдовари ҳамон чизест, ки дар Осиёи Миёна дар замони Шӯравӣ иттифоқ уфтод.
Истилоҳҳои «фарогир»-и паштун
Баргардем ба даҳаи 1960-и м./1340-и х. Маҳдии Маръашӣ дар «Мутолеъоти порсӣ дар Омрикои Шимолӣ» менависад: агарчи саводи пашту ҳанӯз дар он замон ночиз ва хеле аз порсӣ ақибтар буд, аммо ба шуморе аз муассисаҳо номҳои пашту дода шуд то сарфи назар аз забон, ҳамаи мардум аз он истифода кунанд монанди пуҳантун ба ҷой “донишгоҳ” ва бад-ин тартиб забони расмии «дарӣ»-ро билофосила аз «форсӣ» дур кунанд.
Истилоҳҳои «фарогир»-и пашту монанди пуҳантун (донишгоҳ), пуҳанзай (донишкада), соранволӣ (додситони кул), рӯғатун (бемористон) ва дигарон дар муассисае сохта шуданд ба номи «Пашту таваллуна» (Фарҳангистони пашту). Ин Фарҳангистон, ки дар соли 1963-и м./1342-и х. таъсис шуд дар таҳмили вожаҳо ва истилоҳҳо дар тамоми забонҳои роиҷ дар Афғонистон қудрати истисноӣ ёфт ҳол онки муодилҳои ин вожаҳо пештар дар забонҳое монанди порсӣ вуҷуд дошт. Яке аз вазифаҳои аслии ин Фарҳангистон он буд, ки ба таври маснӯъӣ «дарӣ»-ро аз порсии Эрон мутамоиз кунанд. Дар ҳамон сол пашту ба унвони забони омӯзиш иҷборӣ шуд, аммо муваффақияти андаке дошт.
Як мушкили бештар он буд, ки андешамандон ва дарбориён худашон ба забони порсӣ мегуфтанд ва менивиштанд, ки забони суннатии фарҳанг буд. Зоҳиршоҳ худаш дониши ибтидоӣ аз забони пашту дошт (Gilles Dorronsoro, Afghanistan: Revolution Unending, 1979-2002).
Ба гуфтаи Амин Сайкал «Дар миёнаи даҳаи 1960-и м./1340-и х. талошҳои таболуде сурат гирифт то забони адабии пашту бар мабнои лаҳҷаи ҷанубии он (яъне Поткиё) сохта шавад. Рагборе аз интишорот дар маҷаллаи “Кобул”, маҷаллаи таъсиргузори Фарҳангистони Афғонистон мунташир шуд, ки бештарашон нивиштаи паштуни бартарпиндор (шувунист)-и бособиқае ба номи Раштан буд (раиси Пашту таваллуна) ва дар онҳо паштуро ба унвони забоне меситуд, ки бисёр пеш аз зуҳури ислом дар сарзамини Афғонистон комил шуда буд, аммо пас аз вуруди ислом зери фишори фотеҳон ва худкомони баъдӣ саркӯб шуда буд. (Amin Saikal, Modern Afghanistan: A History of Struggle and Survival). Иттиҳомҳои мушобеҳе низ ба забони порсӣ дар Осиёи Миёна зада шуда буд.
Сиёсати табъизомези паштунсозӣ барномаи дӯру дарозтаре дошт. Дар тайи даҳаҳои 1950 ва 1960-и м./1330 ва 1340-и х. артиши Афғонистон бештар афроде аз тоифаи ғилзоӣ ва паштунҳои шарқиро дар Донишкадаи низом истихдом мекард, зеро ҳукумат мехост артишро ба унвони абзоре барои паштунсозии кишвар ба кор бибарад. Дар даҳаи 1970-и м./1350-и х. аксарияти афсарони ҷавон паштун буданд. Дар воқеъ ҳазораҳо ва узбакҳо аз вуруд ба артиш маҳрум шуда буданд. Дар тайи хасмонатарин марҳалаи ин фароянд дар даҳаи 1970-и м./1350-и х. барномаҳои родиюӣ ба бисёре аз забонҳои маҳаллӣ лағв шуд.
Дар миёнаи даҳаи 1970-и м./1350-и х. ҳафтод дарсади мавқеъиятҳои шуғлии боло ва мутавассит дар силсиламаротибҳои лашкарӣ ва кишварии Афғонистон дар ихтиёри паштунҳо буд. (Амин Сайкал, Афғонистони навин: Таърихи талош ва бақо).
Дар кишвари чандқавмӣ монанди Афғонистон, сиёсати бартарпиндоронаи паштунсозӣ ба яқин саҳми муҳимме дар вахим шудани танишҳои қавмӣ дошт. Он тавр, ки як нивисандаи Шӯравӣ мегӯяд: «Сиёсати паштунсозӣ имтиёзҳои таъйинкунандаро аввал аз ҳама ба паштунҳо медод ва пас аз он ба касоне, ки ба забони пашту мусаллат шуда буданд.»
Гӯё ин сиёсат дар зимомдории Ҳомид Карзой эҳё шуда ва Вазорати фарҳанги Афғонистон ҷойи Пашту таваллунаро ба унвони маҳмили қудратманде барои паштунсозии бештар гирифтааст.
Порсии ҳамчунон порсӣ
Бо вуҷуди ҳамаи инҳо, талошҳои фавқулъодаи нерӯҳои истеъморӣ ва бартарпиндор дар тақсими амалии забони порсӣ ба се шохаи забонии муҷаззо шикаст хӯрдаанд. Порсӣ ҳамчунон забони аслӣ барои ҳамаи манзурҳои умумӣ дар ҳар се кишвари порсизабон аст. Сухангӯёни бумӣ ба кистиҳои муҷаззо дар «дарӣ» ва «тоҷикӣ» аҳаммияти каме медиҳанд. Расонаҳои ҷаҳонӣ ба ин се кишвар «ҷамъияти порсизабонон» итлоқ мекунанд. Порсӣ ҳамчунон забони иҷтимоии миллиюнҳо нафар дар бахшҳои дигари Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва Халиҷи Порс ва яке аз манбаъҳои аслӣ барои вожасозӣ дар дигар забонҳои ин ноҳия аст.
Маҳдии Маръашӣ муътақид аст, ки ин забон ҳанӯз бештар ба унвони порсӣ (форсӣ) шинохта мешавад. Аммо акнун, ки порсигӯёни тоҷикистонӣ «аз аҳаммияти истиқлоли ғайримунтазираи худ огоҳ мешаванд ва робитаҳояшонро бо ҳамсоягони порсизабони худ тоза мекунанд бо як дуроҳаи ҷадид рӯбарӯ мешаванд: оё бояди хатти сириликро – ки бо он (ё бо хатти тоҷикӣ ва барои бештари равшанфикрон, хатти русӣ) омӯзиш дидаанд – нигаҳ доранд ё ба хатти қадимии порсӣ-арабӣ баргарданд? Боқӣ мондан бар хатти сирилик ҳадафашон аз баҳрагирӣ аз ҷамъияти таърихишонро бо шикаст мувоҷеҳ мекунад, танҳо ҷамъияте, ки оғӯши он ба тамомӣ ба рӯяшон боз аст. Аммо агар тоҷикон хатти худро ба порсӣ-арабӣ баргардонанд ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна чунин накунанд, он гоҳ иртиботи худро бо тоҷикзабонони Самарқанд ва Бухоро ва боқии Осиёи Миёна буридаанд. Ҳеч адад ва рақами омории қобили эътимоде аз порсизабонони Осиёи Миёна вуҷуд надорад. Аммо ба роҳатӣ теъдодашон ба порсизабонони Тоҷикистон мерасад.»
Дар даруни худи Тоҷикистон, донишгоҳиён фарохони бозгашт ба хатти порсиро додаанд ва алифбои сириликро муқассири буҳрони фарҳангии кишвар медонанд, ки дастраси тоҷикон ба нивиштаҳои порсии мунташиршуда дар хориҷи марзҳоро маҳдуд кардааст. Ба назар мерасад, ки танҳо роҳи мумкин ва ногузир барои ҳимоят ва тавсеъаи забони порсӣ дар Осиёи Миёна берун овардани ин минтақа аз инзивои дарозмуддат аст.
Дидори [солҳо пеши] вазирони умури хориҷаи кишварҳои порсизабон дар шаҳри Душанбе ва нақшаи онон барои таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои порсизабон дағдағаҳоеро дар Русия барангехт. Рӯзномаи Незовисимоё газето (Nezavisimaya Gazeta) дар Маскав менивисад: «Эрон Тоҷикистонро бахше аз «Эрони бузург» медонад. Тамоюли давлати Тоҷикистон ба Эронро метавон бо қонуни жеупулитик гироиши заъифтар ба қавитар тавзеҳ дод. Афзӯн бар ин, онон хешовандоне ҳастанд бо забони яксон ва фарҳангу торихи муштарак.»
Он тавр, ки Лено Ҷунсун (Lena Jonson) дар китобаш ба номи «Велодимир Путин ва Осиёи Миёна» (2004) пешниҳод мекунад, гироиши Тоҷикистон ба сӯи хешовандони қавмии худ дар оянда комилан мантиқӣ ба назар мерасад. Бо ин ҳол, бар хилофи дигар давлатҳои туркзбон дар Осиёи Миёна, бо вуҷуди забони порсӣ ва вуҷуди хешовандони қавмии пуршумор дар шимоли Афғонистон ба назар мерасад Тоҷикистон қобилияти онро дорад, ки дар сиёсати хориҷии ояндааш аз Русия дӯрӣ гузинад.
Манбаъ:
Асли инглисии ин мақола дар морчи 2008-и м./фарвардини 1387-и х. дар вебгоҳи «Тоҷикистонвеб» дар се бахш мунташир шуда ба нишониҳои зер:
The Axed Persian Identity
http://tajikistanweb.com/250308_persianaxed.html
http://tajikistanweb.com/260308_axed2.html
http://tajikistanweb.com/280308_axed3.html
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист