Порсӣ Анҷуман: Порсӣ, бо пешинаи 2600 соли нависоӣ, натанҳо аз куҳантарин забонҳои зиндаи ҷаҳон аст ва ганҷинае шигифт аз фарҳанг ва дониши ҷаҳониён бад-он офарида шуда, ки тавоноии шигарфе ҳам дар вожасозӣ дорад – то он ҷой, ки бар пояи шумориши устод Маҳмуди Ҳисобӣ, дар порсӣ танҳо бо баҳра аз вандҳо метавон беш аз 226 ҳазорҳазор(миллиюн) вожа сохт.
Нибеги(китоби) ҳашт пӯшинаии (ҷилдии) «Фарҳанги вожасозӣ дар забони форсӣ» нивишта ва гирдоварии дастур (дуктур) Комёби Халилист. Ӯ худ дар бораи ин фарҳанги арҷманд чунин нивиштааст:
«Забони ширин ва пуртавони форсӣ, забоне таркибӣ – иштиқоқист. Бо ин мафҳум, ки аз алфози мавҷуд дар форсӣ бар пояи ниёз ва дар ростои густариши забон бо ду шева вожаҳои тоза бо маъонии нав сохта мешавад:
Шеваи нахуст таркиб ба ҳам пайвастани вожаҳо бар пояи дастурҳои маъмул дар забони форсист ва дастоварди он вожаҳои мураккаб аст бо мафҳумҳои тоза.
Шеваи дувум иштиқоқ пайванди вандҳо бо вожаҳост бар пояи дастурҳои марсум дар забони форсӣ ва дастоварди он вожаҳои муштаққ аст бо маъниҳои нав.
Пас, барои сохти вожаҳои тоза ба шеваҳои ёдшуда ба шинохтани бахшҳои он ва донистани дастурҳои сохти он ниёз аст.
Дар «Фарҳанги вожасозӣ дар забони форси» ба шиносондани чунин бахшҳо ва дастурҳои боиста мепардозем ва намунаҳое аз сохтаҳоро ба даст медиҳем то бунёди тозасохтаҳо бар пояе дуруст устувор гардад.»
«Фарҳанги вожасозӣ дар забони форсӣ»-и дастур Комёби Халилиро дар зер бор гиред:
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист