Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ (ду пӯшина)
Роёнивис ва рӯяоро: Имон Худофард
Чоп: севум, 1402
Андоза: Вазирӣ
Шумори рӯяҳо: пӯшинаи нахуст (Фарҳанг) 746 рӯя, пӯшинаи дувум (Пайвастҳо) 200 рӯя
Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ»-ро, ки фарҳанги алифбои решаҳо ва вандҳои забони порсист, дастур Зиёуддини Ҳоҷарӣ дар ду пӯшина фароҳам ва Порсӣ Анҷуман инак барои севумин бор онро бозчоп кардааст.
Пӯшинаи якум, ё худи Фарҳанг, ба сомони алифбоист ва ҳар кас метавонад ончиро, ки ниёз дорад дар фарҳанг биҷӯяд ва ба хости хеш даст ёбад. Барои он ки ҳар хонандае ба содагӣ битавонад аз ин фарҳанг баҳра гирад, нуктаҳо ва гузоришҳо ва пешогоҳиҳо ва роҳнамоиҳои боиста низ дар пӯшинаи дувум ё пайвастҳо оварда шудааст.
Ҳоҷарӣ ангезаи хешро аз фароҳамоварии «Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ» чунин медонад: «Ба ёд дорам, ки миёни солҳои 1340 то 1345-и хуршедӣ рӯзона чандин пингон ба санҷиш миёни дастурзабонҳои форсӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва тозӣ саргарм будам ва аз ҳамон замон буд, ки пайваста бо ин кор ором-ором ба сӯи кома ва ормони худ гом бармедоштам. Аз ҳамон рӯзгор бо худ меандешидам, ки чаро забони порсии мо ба ин бесарусомонӣ кашонда шудааст. Чаро мо ҳам монанди бархе кишварҳо набояд фарҳанге ё вожаномае расо ва равишманд барои шиносоии вожагонамон дошта бошем? Пас, бар он шудам, ки ҳар ҷӯр аст то ҷое, ки дар тӯшу тавон дорам, бад-ин кор бипардозам. Пас аз анҷом додани суханрониҳо ва нигориши ҷусторҳо ва фароҳам кардани фарҳангҳои гуногун (Фарҳанги номаҳо, Фарҳанги вандҳои забони форсӣ, Фарҳанги сохтории вожагони фаронса, Фарҳанги бистҳазор ва…) саранҷом ором-ором худро омода кардам то ончи дар дарознои зиндагӣ дар ин заминаҳо пижӯҳиш ва баррасӣ кардаам, ҳамагиро гирдоварӣ кунам ва барои фароҳам сохтани «Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ» бикӯшам ва онро дар дастраси ҳамагон бигузорам.»
Вай сипас дар бораи равиши кори хеш меафзояд: «Ончи аз солиёни пеш хонда ва дар канори ҳар рӯя нуктаҳоеро ёддошт карда будам, барои онҳо баргизаҳое фароҳам сохтам. Чун поя ва мояи корам ҳамон «сонез»-и сарустод Маҳмуди Ҳисобӣ, ҳамоно (1500 реша, 600 пасванд, 250 пешванд) буд, бад-инрӯй, бо ҳамин сонизи номдор, корро оғозидам. Дар соли 1377-и хуршедӣ аз 850 ванд, чизе наздик ба 750-то аз онҳоро дар «Фарҳанги вандҳои забони форсӣ» оварда будам. Дар он сол чун комаам порсинависӣ набуд, танҳо пешгуфтори он фарҳангро ба порсӣ нивиштам. Ором-ором аз ҳамон соли 1377-и хуршедӣ, бедиранг пас аз чопи Фарҳанги вандҳо ва Фарҳанги сохтории вожагони фаронса, пайваста баргизаҳои боистаро фароҳам мекардам. Бо дастёбӣ ба дабезаҳои тоза, тавонистам то онҷо, ки дар тӯшу тавонам буд, ба думболи 1500 решаи забони порсӣ бошам. Дар ин замина ҷустуҷӯҳои боистаро анҷом додам, баргизаҳои фароҳамшударо ба сомони алифбоӣ барои решаҳо ва барои вандҳо ҷудогона чидам.»
Ҳоҷарӣ дар поён мегӯяд: «Ба пиндор ва бовари ман, бегумон аз роҳи бозёбӣ ва зинда кардани вожагони порсӣ ва кӯшоӣ дар бозгӯии бардоштҳои донишӣ, тахшоӣ, ҳунарӣ, пешаӣ, фарҳангӣ, ҳозмонӣ, кадеварӣ, ба забони порсӣ, он ҳам ба гунаи яксон дар ҳамагии заминаҳо, кори пешбурди дониш ва пижӯҳиш, дар ин рӯзгорони волоиш ва сарафрозиҳои донишӣ, бисёр осон ва содатар хоҳад шуд.»
Барои фароҳамиши ин фарҳанг метавонед ба Порсӣ Анҷуман нома диҳед: azdaa@parsianjoman.org
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист