Китоби севуми “Динкард” (дарсномаи дини маздоӣ)

دین‌کرد

Нависандагон: Озарфарнбағ писари Фаррухзод ва Озарбод писари Умед.

Баргардонанда: Фаридуни Фазилат, обишхӯри элетруникӣ: торихфо

Пасванди китоб: PDF Дафтари нахустро дар сӣ мегобойт ба дабираи порсӣ аз инҷо ва дафтари дувумро дар 26 мегобойт аз инҷо боргузорӣ фармоед.

“Динкард” ё “Динкарт” китобе сутургест ба забони порсии миёна ё “паҳлавӣ”, ки онро бадурустӣ “Донишномаи Маздаяснӣ” ё ”Дарсномаи дини маздоӣ (зартуштӣ)” хондаанд. Вожаи “динкард” (dēnkart дар порсии миёна)-ро метавон ба “кардаҳои динӣ ё корҳои динӣ ва низ навиштаҳои динӣ” баргардонид. Ин гирдовардаи бузург худ дорои нӯҳ наск аст, ки аз он миён наскҳои нахуст ва дувум ва низ порае аз наски севуми он ба дастони мо нарасидааст.

Динкард фароҳамомада аз навиштаҳоест, ки замони нигориш ва низ нависандагони онҳо саросар шинохта нестанд ва наске, ки дар дастони мост, бар пояи ин навиштаҳо дар садаҳои нуҳум ва даҳуми пас аз милод ба дасти ду тан аз фархеҳтагони торихи фарҳанги Эронзамин, ба номҳои Озарфарнбағт Фаррухзодон ва Озарбоди Умедон гирдоварӣ ва сомонбандӣ шудааст. Озарфурнбағи Фаррухзодон ҳамон фарзонаест, ки дар дарбори Маъмун, халифаи аббосӣ, бо фарди зартуштии ба ислом гаравидае ба номи Динҳурмузд, ки номи худро ба Абдуллоҳ тағйир дода буд, ба гуфтугӯ пардохт ва аз ин гуфтугӯ пирӯз берун омад, ки гузориши ин гуфтугӯ дар “Мотикони гуҷастак Аболиш” омадааст.

Дар ин донишнома, ки Баҳроми Фравашӣ онро “як донишномаи улуми диниву ақлӣ” ва Фаридуни Фазилат онро “гаронсангтарин буннавишти паҳлавӣ аз доноёни пешин” мехонад, дар заминаҳои зер сухан ба миён омадааст: илоҳиёт, фалсафа, устурашиносӣ, калом, ирфон, ахлоқ, одоби динӣ, зиндагонии Зартушти паёмбар, пайдоиши ҷаҳон, сазошиносӣ ё “ҳуқуқ” , киёсат ё “сиёсат”; шаҳрдориву кишвардорӣ, мантиқ, риёзиёт, ҳандаса, физик, ахтаршиносӣ, пизишкӣ ва шохаҳои дигари донишҳо.

“Порсӣ Анҷуман” аз он рӯ ки “Динкард” афзун бар дониши ниёконамон ганҷинае пурбор аз вожагони эронӣ аст, онро барои боргузорӣ пешниҳод мекунад.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

 

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*