
Боргирии «Вожаномаи гӯишии бахтиёрии чаҳорланг»
Порсӣ Анҷуман: Аз рӯзгорони дур дар сарзамини паҳновари Эрон гӯишҳои эронии фаровоне будаанд, ки имрӯза бисёре аз онҳо аз миён рафтаанд ва нишонае ҳам аз онҳо бар ҷой намондааст. Имрӯза низ, бо шитоби дигаргуниҳо, гӯишҳои эронии фаровоне дар остонаи нобудианд.
Буми бахтиёрӣ ва устони Луристон, бо кӯҳҳои сар бар осмон сойида, гузаргоҳҳои танг ва мардону занони далер, камтар тозиши душманон ва бегонагонро ба худ дида ва камубеш гӯиши онон дастнахӯрдатар мондааст.