Агар аз хоб бедор шавад, бигӯям…
Ҳоло агар имрӯз ҷавоне дар Тоҷикистон аз хоб бедор шаваду бигӯяд, ки ҳувийяти иҷтимоъии ман чист? Ман аз назари иҷтимоъӣ кистам? Бигӯям, ту тоҷик ҳастӣ, пас мегӯяд, ки тоҷик кист? Бигӯяд, тоҷик яъне дар Тоҷикистон аст? Пас тоҷиконе, ки дар кишвари Узбакистонанд, киянд? Ва ононе, ки дар Афғонистонанд, киянд?
