Нигоҳе гузаро ба чанд шеъри меҳанӣ аз шоъири тоҷикистонӣ

Аббос Салимии Онгил: Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, пайвандҳои мардумони Эроншаҳр устувортар шуд ва дар даҳаҳои ахир сарояндагони бисёре дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар устувортар кардани ҳар чи бештари ин пайвандҳо қалам задаанд. Бошад, ки андешаи эроншаҳрӣ подзаҳри идиулужиҳои нажодпарастона ва қавмгароёна шавад.

Мадрасаҳои туркияӣ дар паҳнаи Эроншаҳр

Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Сиёсати хориҷии Туркия аз солҳои поёнии Хилофати Усмонӣ то кунун, беш аз як сада, дигаргунии бунёдине надоштааст. Усмонӣ дар ҷанги ҷаҳонии нахуст аз ошуфтагии давлати Эрон ва дарбори Қоҷор баҳра бурд ва номи сарзамини Аррон ва Шарвонро ба Озарбойҷон дигаргун кард[1] ва ҳамзамон дар Фарорӯдон (Осиёи Миёна) андешаҳои понтуркистиро таблиғ мекард.[2] Ин рӯзҳо низ давлати Туркия ҳам дар Аррон ва Шарвон нерӯи низомӣ ва нуфузи иқтисодию фарҳангӣ дорад ва ҳам дар Фарорӯдон ва низ дар Афғонистон.

Дамидани шайпур аз сари гушод: оё эрониён нажодпарастанд

Аббос Салимии Онгил: Дуруст он аст, ки бигӯем бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ дар чанд садаи ахир, вожагоне чун «рӯсиёҳ» ва «сиёҳсӯхта» ва… мояи ранҷиши сиёҳпӯстон мешавад ва чи беҳтар, ки ба кор нараванд, на ин ки шаклгирии ин вожаҳо ва душномҳоро натиҷаи нажодпараст будани гӯяндагонаш донист, ва онгоҳ фошисм ва нозисм ва санъати бардадории Омрикоро бо вожаи «рӯсиёҳ» ва нақши канизи матбахӣ дар хонаводаҳои аъёни эронӣ ҳамкоса кард ва яке пиндошт!

Забони модарӣ ва кӯдакони мо

Шамсияи Қосим: Забони модарӣ ва кӯдакони мо дардест мушкил, ки ҳамеша дар зеҳнам мечархид, аммо тайи чанд муддат бештару бештар диламро афгор кардааст, чун фарзанди хурди дар ҳоли омӯзиши забони модарӣ ва ташаккули зеҳн дорам. Бачаам сесола шуду ин мушкил ҳам ҳамроҳи писарам дар ҳоли бузург шудан аст ва бештар ҳис мешавад.

Форсидӯстӣ ва бостонгароии Қоҷориён

Амир Ҳошимии Муқаддам: Фарзи ин ёддошт ин аст, ки ҳатто агар Қоҷор ҳам рӯйи кор монда буд ё ҳукумати дигар ба ҷуз Паҳлавӣ рӯйи кор меомад, боз ҳам ҳамин равиши тақвияти забони форсӣ дар пеш гирифта мешуд. Барои исботи ин фарзия, як роҳаш нигоҳ ба забони форсӣ ва бостонгароӣ дар давраи Қоҷор ва ба вежа солиёни поёнии ин давра аст.

Забони форсӣ ба гӯши як хориҷӣ чи гуна аст?

Ин пурсише буд, ки дар сойти Quora, ки як сойти пурбоздиди пурсишу посух аст, матраҳ шуд. Афрод аз кишварҳои мухталифи дунё ба ин пурсиш посух додаанд. Ба ҷуз яке ду маврид, тақрибан тамоми назарот мусбат ва албатта ҷолиб буданд. Тарҷумаи теъдоде аз назарот ба таври хулоса пешкаш мешавад.

Баробарниҳодаҳое барои ду вожа: «тазоҳурот» ва «инқилоб»

Куруши Ҷаннатӣ: Ҷунбишҳои сарагароёна ба думболи онанд, ки то онҷо ки шуданист ва дар чаҳорчӯби дониш ва санҷидорҳо(завобит)-и вожагузинӣ мегунҷад, забонро аз вомвожаҳои бегона сабукбор кунанд. Бар пояи дидгоҳҳои сарагароёна бисёре аз наввожаҳои порсӣ, ки дар оғоз ноошно ва шигифт менамоянд дар гузари замон ҷойи худро дар баданаи забон боз мекунанд.

Нигора аз Шоҳномаи Демут. Шоҳашоҳ Хусрави Анӯшервон барои дастури худ, Бузургмеҳр, меҳмонӣ баргузор кардааст.

Устигони Хусрав

Маздо Тоҷбахш: Дар нивиштаҳои бостонӣ шаҳре ба номи Устигон то кунун ёфт нашудааст. Низ гувоҳӣ (сикка, муҳр, сангнивишта ва …) бар бувиши шаҳре бо ин ном на дар рӯзгори подшоҳии Хусрави Анӯшервони соcонӣ ва на дар ҳеч замоне дигар дар даст нест. Бар пояи ончи дар ин ҷустор омадааст, метавон бад-ин бароянд расид, ки вожаи устигон дар “Ёдгори Бузургмеҳр” на шаҳри соcонӣ, ки танҳо барноме (лақабе) барои Бузургмеҳри Бухтагон будааст.

Хоҳишмандем ба ин корзор бипайвандед!

Раъно Қодирӣ: Нармафзори Дулингу 500 миллиюн корбар аз саросари ҷаҳон дорад, ки ба ройгон забонҳои гуногунро меомӯзанд. Оре, муҳим аст, ки мо битавонем забонҳои дигарро осонтар ёд бигирем, аммо муҳимтар аз он ин аст, ки мардумони дигари ҷаҳон ҳам дар шароите баробар ҳаққи баргузидани забони форсиро барои ёдгирӣ дошта бошанд. Забон даричаи пайванд аст. Забон рози пайванди дилҳост. Забони форсӣ моро раҳоӣ хоҳад бахшид ва ростии моро бозтоб хоҳад кард.

1 2 3 4 5 6 9