Боргирии “Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ”-и дуктур Муҳаммади Муқаддам

Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ (дар забонҳои авесто ва форсии бостон ва форсии кунунӣ) аз устоди зиндаёд Муҳаммади Муқаддам, забоншиноси барҷастаи эронӣ ва вижакор дар забонҳои Эрони Бостон ва ҳамванди Фарҳангистони дувум, аст. Бунёди ин роҳнамо бар “Вожаномаи эронии бостон”-и Бортулуме ва “Вожаномаи авесто-инглис ӣ”-и Конго гузошта шудааст.

Истефон Понусӣ ва бархе аз корҳои ӯ

Дуктур Понусӣ илова бар забони сеноё (Senaya), ки забони модарии ӯ ва аз гӯишҳои ҷадиди забони оромик (Aramaic) аст, ба забонҳои порсӣ, курдӣ, арабӣ, осурӣ, итолиёӣ, фаронса, олмонӣ, инглисӣ ва суэдӣ чира аст. Аз забонҳои бостонӣ низ ба юнонии бостон, лотин, оромик ва ибрии китоби муқаддас, ва оромики миёна (сурёнӣ) чира аст.

Зеҳнӣ: Забон ва адабиёти форсӣ муштарак аст!

Адабиёти муштараки форсиро ба кишваре, бо вилояте нисбат додан норавост, зеро падидоварандаву офаринандаи ин адабиёти нафису муҳташам танҳо мовароуннаҳриён ё хуросониён, эрониён набуда, балки дар ин роҳ муштаракан хидматҳо ва ҷонсупориҳо ба вуҷуд омадаву гуна-гуна шоъирони муҳтарам аз ҳар сарзамин гул кардаанд. Бинобар ин адабиёти форсӣ муштарак аст, чи афғон, чи тоҷик, чи эронӣ, ҳатто ҳиндустониҳои мусалмон ҳақ доранд бигӯянд: адабиёти мост!

Эрон сарзамини мо ва порсӣ забони мо!

Ин мақолаи устод Айнӣ дар торихи 30.9.1934 нивишта шудааст – андаке пештар аз шурӯъи қатлиъоми труйкои истолинӣ ва терури сартосарии равшанфикрони тоҷик ба ҷурми дониши донишгоҳӣ (мадориси Самарқанду Бухоро) доштан ва пеш аз лак андар лак ба оташ кашидани китобҳои ҳазорсолаи мо ва пеш аз он ки забони моро хоҷагони бадманиши Кремлин “забони тоҷикӣ” (соли 1938) эълом доранд. Замони нивиштани ин мақола ҳатто дар андешаи устод Айнӣ намегунҷид, ки пас аз се-чаҳор солаке ба забон овардани вожаи “порсӣ” ё “форсӣ” ҷурму ҷиноят маҳсуб хоҳад шуд.

Шакурӣ: Аммаам худро “форс” гуфт, “узбечка” навиштанд

баъд аз он ки аммаамро “ӯзбечка” навистанд, аз ман пурсиданд, ки “туя миллатат чӣ?” Ман гуфтам, ки “ман тоҷик.” Баъд гуфтанд, ки “о туя модаркалонат узбек будаасту ту тоҷик-мӣ?” Ман гуфтам, ки “ин кас модаркалони ман не, ин аммаи ман.” Ман гуфтам, ки “ман тоҷик, ин кас ҳар чи ки бошанд.” Баъд гуфт: “Не, фикр кун, чиба ту тоҷик?” Ман гуфтам, “ҳамту тоҷик.” Бисёр исрор карданд, ки “тоҷик нестӣ ту ҳам”, ман гуфтам, “не, маро тоҷик нависед.” Баъд “хайр” гуфту чизе навишт ба дафтараш, ки ман акнун намедонам, ки вай чи навишт.

Саргузашти камшинохтаи вожаҳои забони порсӣ

“Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ” кӯшише дар ҳавзаи нашри форсӣ барои пур кардани ҷои холии як ниёзи қадимӣ аст. Кофист таваҷҷуҳ кунем, ки бузургтарин фарҳанги луғати форсӣ, яъне Луғатномаи Деҳхудо, аз мабоҳиси решашинохтӣ тақрибан холӣ аст. Ҳол он ки тамоми фарҳангнивисон медонанд, ки ниёз ба шинохти торихи вожаҳо бахши муҳимме аз шарҳи вожа дар як фарҳанги ҷомеъи луғот аст.

Рифъати Ёлчин: Бисёре аз вожаҳои туркӣ аз форсӣ гирифта шудаанд

Алоқаи бисёре аз туркҳо ба адабиёти форсӣ ва арабӣ яке аз далоили вуруди забони форсӣ ба Туркия буд ва таъсири бисёре бар ин сарзамин гузошт. Аз онҷое ки Туркия кишваре мусалмон буд, дин боъиси вуруди забони арабӣ ба Туркия шуд, аммо дар муқоиса бо забони форсӣ таъсири забони арабӣ маҳдуд аст. Бисёре аз вожаҳое, ки дар нивиштани шеър ва насри туркӣ ба кор бурда мешаванд, аз форсӣ гирифта шудаанд. Он ҳам шояд ба далели осонии забони форсӣ бошад.

Алифбои тоҷикӣ ва зарурати ислоҳи он

Бештарин мушкилоти забонии мо ба камбудҳо ва навоқиси алифбои сохтае марбут аст, ки боъиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ дар илмҳое чун овошиносӣ ё фонетика, сарф ё морфология ва, то андозае, ҷумла ё граматика шудааст. Бояд таъкид кард, ки мушкилоти забон бар асари камбудиҳои ҷиддии алифбо дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллии мардуми мо, ки забон яке аз манбаъҳои аслии он аст, нақши манфие бозидааст.

Боргирии “Фарҳанги кӯчаки забони паҳлавӣ”-и МакКензӣ (нусхаи порсӣ ва инглисӣ)

“Фарҳанги кӯчаки забони паҳлавӣ”, нивиштаи Дейвид Нейл МакКензӣ, дарбардорандаи наздик ба 4000 вожаи порсиг (=паҳлавӣ) аст. МакКензӣ кӯшидааст, то овонивисии вожаҳо наздик ба овое бошад, ки дар садаи севуми тарсоӣ – даврони шукуфоии шоҳаншоҳии Сосонӣ – корбурд дошта бошад. Нусхаи порсӣ ва инглисии ин китобро аз пайвандҳои зер боргирӣ кунед.

Забони форсӣ: Қолабҳои шӯравӣ ва тафаккури қолабӣ

Табдили хат амали сиёсатҳои бузург буда, аз доираи хоҳишу фаъъолияти шахсиятҳои ҷудогона берун аст ва аз ҷониби бархе гунаҳкор кардани нависандаи маъруфи тоҷик, аллома Садриддини Айнӣ дар табдили хатти форсии тоҷикӣ ба лотинӣ аз даъвое хушку холӣ беш нест. Ӯ нуқсро на дар алифбо, балки дар усули таълими он дарёфта, ҳамчун таҷаддудхоҳи бузург бо Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби усули навро дар Бухоро (1908) таъсис дод.

1 27 28 29 30 31 43