Осебшиносии порсии сара
Солҳост, ки порсигароӣ ва саранивисӣ, ки донишест арҷманд ва ҳунаре бемонанд, дар миёни бузургону адабдӯстон равоӣ ёфтааст. Аз сӯе фарҳехтагоне чун Казозӣ, Ҷунайдӣ, Ҳоҷарӣ (нигорандаи Фарҳанги бистҳазор), Розӣ (нигорандаи Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муъосир), Донишёр (нигорандаи Фарҳангномаи порсии ориё) ва.., ва аз сӯе Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ дар ин замина гомҳои буланде бардошта ва дар шиносондани тавонмандиҳои порсӣ ба ҳамагон кӯшидаанд.