Пойиши барномаи “Клик”

Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман дар моҳрӯзҳои (= торихҳои) ёздаҳум ва ҳиҷдаҳуми меҳрмоҳ барномаи “Клик” аз барномаҳои шабакаи Би-би-сии Форсиро пойиш кардааст. Дар ин барнома гардонандагон ба шиносондани тозатарин дастовардҳои фанноварик дар густараҳои роёнаӣ мепардозанд. Чунин ба нигар меояд, ки агарчи онон мекӯшанд то онҷо ки шуданӣ аст, аз корбурди вожагони бегона бипарҳезанд, вале будмояи (= моҳияти) чунин барномае ва пайванди он бо дастовардҳои навине, ки реша дар фарҳангу забони Бохтарзамин дорад, кори порсигӯиро дар ин заминаҳо сахттар кардааст.

Дар бораи пешванди “ҳо-“

“Ҳо-“ яке аз пешвандҳои камшинохтаи порсӣ аст, ки ҳам дар бофа (матн)-ҳои куҳани порсӣ дида мешавад ва ҳам дар гӯишҳои кунунии Эрон ба кор меравад. Корбурдҳои ин пешванд чунинанд: А) Ба карвоз (феъл) мепайвандад, вале чимор (маъно)-и онро дигар намекунад, балки гунае согин (нуонс, тағйири кам дар маъно) падид меоварад, ё бар он куниш таъкид мекунад.

Дар бораи пасванди “-гон”

Дарвоқеъ, порсизабонон барои сохтани десаи бешоли вожае, ки ба é поён меёбад, ба дунболи чигунагии он дар паҳлавӣ намегарданд, балки худкорона пасванди “-гон”-ро ба кор мебаранд. Гувоҳии ин зӯя (муддаъо) вожаҳои арабие ҳастанд, ки ба é поён меёбанд ва бо “-гон” бешол меёбанд: хосса – хоссагон, сифла – сифлагон, нухба – нухбагон, раққоса – раққосагон, наззора – наззорагон, ва дигарҳо.

Вомвожаҳо ва зурвожаҳо

Забони порсӣ дар замонҳои шоҳаншоҳиҳои ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ бо забонҳои эломӣ, бобилӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, сурёнӣ ва… дар пайванд буда ва баста ба ҷойгоҳу ниёзи худ аз ин забонҳо вомвожаҳоеро пазируфта, ё баворуна, вожаҳоеро ба ин забонҳо вом додааст. Бар ин поя метавонем бигӯем вомвожа вожаест, ки забоне дар раванде зосторик (табиъӣ) ва ба миёнҷии ниёзи забонии худ аз забоне дигар меситонад. Дар ин додуситад забони ҳозмоне (ҷомеъае), ки дар заминаи донишу орвин (таҷруба)-и зистӣ дар зинаи (дараҷаи) пойинтаре қарор дорад, бештар кунишпазиру ситонанда аст, то кунишгару диҳанда.

Боргирии ройгони “Тавсифи сохтмони дастури забони форсӣ”-и Муҳаммадризо Ботинӣ

Муҳаммадризо Ботинӣ аз пешгомони пардохти дастури сохтмонии забони форсӣ бо шеваҳои навини забоншиносӣ аст ва ин китоб дастоварди кӯшишҳои ӯ дар наздик ба нимсадаи пеш аст. “Тавсифи сохтмони дастури забони форсӣ” бар пояи мӯшикофӣ ва воковии наздик ба 11 ҳазор ҷумлаи порсии имрӯзӣ аст, ки аз китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва нивиштаҳои гуногун бардошта ва кӯшида шудааст, то пайвандҳои сохтмонии забони форсӣ рӯшан шавад.

Сарагароии донишик ва сарагароии адабик

Надонистани дигарсонӣ (тафовут) миёни сарагароии донишик ва сарагарои адабик аз бузургтарин гирифториҳо ва чолишҳои дӯстдорони забони порсӣ ва бовармандон ба полоишу поксозии забонӣ аст. Барои бозшинохтани ин ду рӯйкард ба сарагароӣ нахуст боёст (воҷиб аст), ки ҳидорише (таърифе) аз ин ду рӯйкард ба даст диҳем.

Бузургтарин ҳофизшинос кист?

Бузургмеҳр (Масъуд)-и Луқмон, барои бистуми меҳрмоҳ, рӯзи бузургдошти Ҳофиз, гуфтугӯҳое бо Дориюши Ошурӣ, Муҳаммадъалии Исломии Надушан, Ҷалоли Холиқии Мутлақ, Муҳаммади Дабирсиёқӣ, Алии Деҳбошӣ, Манучеҳри Сутуда, Дориюши Шойгон, Амирҳусейни Моҳузӣ, Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ ва Шервини Вакилӣ дар бораи беҳтарин китобе, ки то кунун дар заминаи ҳофизшиносӣ мунташир шуда ва бартарин ҳофизпижӯҳ, анҷом шудааст, ки мехонеду мешунавед.

Боргирии ройгони “Фарҳанги решаҳои ҳиндуурупоии забони форсӣ”

“Фарҳанги решаҳои ҳиндуурупоии забони форсӣ”, ки аз пижӯҳишҳои пешин, бавижа аз корҳои Муҳаммади Муъин ва Ҷулиюс Пукурнӣ, баҳра бурда, кӯшидааст, то ҷойгоҳи ростини забони порсиро дар дарахти хонаводагии забонҳои ҳиндуурупоӣ рӯшантар кунад.

‘Сир’: Чам ва корбурди он

Дар гӯишҳои рустоӣ вожаҳои бисёре ҳастанд, ки метавон онҳоро ҷойгузини вожаҳои бегона кард. Яке аз ин вожаҳо вожаи “сир” (سِر) аст, ки дар гӯишҳои марказии Эрон равоӣ дорад. Ногуфта намонад вожае, ки сухан аз он аст, бо вожаи “сир”, ки дар фарҳангҳо ба чами “роз ва пӯшида” омада, пайванде надорад ва дар ҷустуҷӯе, ки дар чанд фарҳанг доштам, чизе дар бораи он наёфтам.

Боргирии “Худомӯзи курдии суронӣ”-и Чангизи Паҳлавон

“Худомӯзи курдии суронӣ” нивиштаи дуктур Чангизи Паҳлавон, бунёдгузори нигараи “ҳавзаи тамаддуни эронӣ”, аст, ки дар пойизи 1392 чоп шуда ва дар “Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ” ҷо гирифтааст. Ин дафтар пас аз “Худомӯзи курдии курмонҷӣ”, ки дар баҳори 1392 дар дастраси дӯстдорони забонҳои эронӣ ниҳода шуд, дувумин дафтар аз ин маҷмӯъа ба шумор меояд.

1 31 32 33 34 35 43